Хушгуфторӣ ва хушкаломӣ бо дигарон
Ҳамон гуна ки медонем, Ислом динест, ки бар тамоми абъоди зиндагии башар, назароти созанда ва солиме дорад. Ва ин назарот, аз бўъди зиндагии фардии инсон гирифта то абъоди дигар, монанди абъоди иҷтимоии инсон ва низ иртибототи ў бо худ, бо худои худ ва бо ҷомеа ва атрофиёнро дарбар гирифта ва дар садади ислоҳу роҳнамоии он мекўшад.
Инсон вақте дар иҷтимоъ қарор гирифт, саъй мекунад бо ҷомеа ва атрофиёни худ иртибот барқарор намояд, то ба ин васила, як иртиботи дуҷониба ҳосил гардида ва ў ниёзҳои худро аз ин роҳ, бартараф намояд. Дар ин марҳала, аввалин ва муҳимтарин василаи иртиботии ў дар ҷомеаи инсонӣ, воситаи калом ва сухан гуфтан хоҳад буд.
Яке аз бузургтарин румузи муваффақияти инсон дар ин масир, хушсухан ва хушкалом будан аст ва хушкаломӣ калиди тиллоии иртибот бо мардум аст.
Хушкаломӣ масуният аз бисёре аз гуноҳон ва хатоҳои лисонӣ, монанди ҳаттокӣ, бўҳтон ва монанди онро ба дунбол дошта ва барои инсон эҳтироми шахсиятӣ, нишоти дил ва осудагӣ, коркушоӣ барои худ ва дигарон ва сипосгузорӣ аз неъмати каломро ба армуғон дорад.
Аз назари уламои ахлоқ, интихоби калимоти зебо ва писандида дар муколимот; ба забон наовардани алфози зишт; ба кор бурдани киноягўӣ дар зикри маоюб ва ё умури марбут ба масоили ҷинсӣ; муроқибат ва сиёнати забон аз офот ва гуноҳон ва хатоҳои гуфторӣ, ба унвони таорифи хушкаломӣ ва хушгуфторӣ шуморида шудааст.
Худованди Азиз дар Қуръони Маҷид мефармояд: “Бо мардум бо забони хуш сухан бигўед”, (Бақара, ояти 83).
Расули Гиромии Ислом(с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Сухани некў садақа аст”, (Наҳҷулфасоҳа).
Ҳамчунин боз дар ин робита фармудаанд: “Ҳар гоҳ ҳукм мекунед, ба адолат рафтор кунед ва ҳар гоҳ сухан мегўед, некў бигўед, зеро Худованд некўст ва некўкоронро дўст медорад”.
Ҳазрати Алӣ(к) дар гуфторе ҳакимона фармудаанд: “Фарде ширингуфтор ва зеборафтор бош!”, (Ғурарул ҳикам, 611/4).
Ва низ, ҷиҳати ташвиқи бештар бар хушкаломӣ, мефармоянд: “Бо ҳусни гуфтори мард метавон бар ақли ў пай бурд”, (Ғурарул ҳикам, 449/6).
Имом Саҷҷод дар “Рисолаи ҳуқуқ” дар робита бо риояти ҳаққи забон, ҳамчун василаи гуфтории инсон, мефармоянд: “Ҳаққи забон ин аст, ки онро аз зиштгўӣ боздорӣ, ба гуфтори некў ва адаб одат диҳӣ. Аз кушодани забоон, ҷуз ба ҳангоми ниёз ва манфиати дину дунё худдорӣ кунӣ ва аз пургўӣ ва беҳудагўӣ, ки ҷуз зиён дарбар надорад, дурӣ биҷўӣ ва бидонӣ, ки забон, гувоҳи ақлу андешаи туст ва зебоӣ ва оростагӣ ба зевари ақл, намудаш ба хушзабонии туст”.
Аз мазомини оёту ривоёти исломӣ ба даст меояд, ки парҳез аз хатоҳои забонӣ, монанди саббу дашном, дурўғгўӣ, ғайбат, тўҳмат, масхара намудан, беҳурматӣ кардан, суханчинӣ, пургўӣ, шаҳодати бардурўғ, муҷодила, лаъни беҷо, ифшои сир ва… аз масодиқи хушкаломӣ ба шумор меравад. Ва роҳи ба даст овардани ин сифати ҳамида, тафаккур қабл аз калом, парҳез аз муҷолисати инсонҳои бадгуфтор, нишасту бархост бо афроди хушбаён, тамрин ба хушгуфторӣ ва сукут дар мавоқеи ғайризарурӣ мебошад…
Дар поён аз Худованди Маннон мехоҳем, ки барои мо иффати баён арзонӣ дорад ва ба мо тавфиқ диҳад, забону баёнамонро ба гуфтори хайр одат диҳем ва изофотро аз он ҳазф намоем ва ба мо хушкаломию хушгуфторӣ бо мардумро ато фармояд.
Манобеъ:
- Наҳҷулфасоҳа;
- Ғурарул ҳикам;
- Рисолаи ҳуқуқ.
- Биҳишти ахлоқ, Маҳдии Нилипур.
Акрамхони Зиёдуллоҳ
Қаламолайн