Ансоруллоҳ: “Ҳамалоти Омрико ва Англис бенатиҷа аст”

 

Ансоруллоҳ: “Ҳамалоти Омрико ва Англис бенатиҷа аст”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бомдоди душанбе (5 феврал) дар вокуниш ба таҷовузи низомии муҷаддади Омрико ва Ангилис ба Яман гуфт, ки ин ҳамалот бенатиҷа аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви аршади дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ, бомдоди душанбе (5 январ) дар вокуниш ба таҷовузи низомии муҷаддади Омрико ва Ангилис ба Яман гуфт, ки ин ҳамалот бенатиҷа аст.

Ал-Бухайтӣ зимни ишора ба иттилоияи Омрико ва Ангилис мабнӣ бар ин ки иҷрои ҳамалот ба Яман фақат тавассути ин ду кишвар аст, на дигар муттаҳидони онҳо, гуфт, ки ин нишонаи шикасти эътилофи ғарбӣ аст.

Ба навиштаи сойти шабакаи Алмаёдин, вай бо баёни ин ки қавонини даргирии таҳмилшуда тавассути Омрико, режими саҳюнистӣ ва Ангилис шикаста шуда, тавзеҳ дод: “Агар ҷанг дар минтақа шӯълавар шавад, ин ба маънои поёни нуфузи Омрико дар минтақа хоҳад буд.”

Гуфтанист, соатҳое пеш аз ин, расонаҳои яманӣ гузориш доданд, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва новҳои Омрико ва Ангилис бори дигар ҳамалоти таҷовузкоронаеро ба хоки Яман анҷом доданд.

Пештар низ сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид карда буд, ин ҳамалот, Яманро аз мавозеъи ахлоқӣ, динӣ ва инсонии ин кишвар дар ҳимоят аз мардуми Фаластин мунсариф нахоҳад кард ва бепоскх нахоҳад монд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба дунболи ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ба ҳеч киштии муртабит бо ин режим ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ аст, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандибро надодаанд. Омрико ҳам дар идомаи ҳимоятҳои худ аз Телавив, пас аз шиддат гирифтани амалиётҳои Яман алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ эътилоферо барои муқобила бо нерӯҳои мусаллаҳи Яман ташкил дода ва то кунун чанд бор хоки ин кишварро мавриди таҷовузи низомӣ қарор додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худкифоии Ҳамос дар тавлиди анвои силоҳ
Таҷовузи низомии Омрико ва Англис ба Яман

Матолиби пурбоздид