Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба ғарби Яман
Ахбори байналмилал
Farsnews
Дар идомаи ҳамалоти мутаҷовизонаи Омрико ва Англис, манобеи хабарии Яман гузориш доданд, ки ин ду кишвар устони Алҳадида дар ғарби Яманро муҷаддадан ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи хабарии Алмасира (душанбе, 5 феврал) хабар дод, ки Омрико ва Англис бори дигар ба хоки Яман ҳамла кардаанд ва ин бор минтақаи Алкасиб дар устони Алҳадида (ғарби Яман), ҳадаф қарор гирифтааст.
Расонаҳои яманӣ ҳанӯз дар бораи талафот ё хасороти эҳтимолии ношӣ аз ин ҳамалот, хабаре мунташир накардаанд.
Манобеъи маҳаллӣ бомдоди имрӯз (5 феврал) ҳам аз шунида шудани садои инфиҷорҳое дар шимол ва ғарби Яман хабар доданд. Ин инфиҷорҳо ношӣ аз ҳамалоти нерӯҳои Омрико ва Ангилис буд.
Ба гуфтаи манобеъи яманӣ, дар ҷараёни ҳамалоти бомдод, устони Саъда дар шимоли Яман 4 мартиба ва устони Алҳадида дар ғарби ин кишвар 11 мартиба то кунун мавриди ҳамла қарор гирифт.
Таҷовузи низомии Омрико ва Ангилис ба устони Алҳадида, бар минтақаи Раъси Исо ва шаҳри Аззайдия мутамаркиз буд. Дар ин ҳамалот, минтақаи Раъси Исо 8 мартиба, минтақа Аззайдия 2 мартиба ва минтақаи Алҳук як мартиба мавриди ҳамла қарор гирифт.
Пеш аз ин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид карда буд, ин ҳамалот, Яманро аз мавозеъи ахлоқӣ, динӣ ва инсонии ин кишвар дар ҳимоят аз мардуми Фаластин мунсариф нахоҳад кард ва бепосух нахоҳад монд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба дунболи ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ба ҳеч киштии муртабит бо ин режим ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ аст, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандибро надодаанд.
Омрико ҳам дар идомаи ҳимоятҳои худ аз Телавив, пас аз шиддат гирифтани амалиётҳои Яман алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ, эътилоферо барои муқобила бо нерӯҳои мусаллаҳи Яман ташкил дода ва то кунун чанд бор хоки ин кишварро мавриди таҷовузи низомӣ қарор додааст.
Farsnews
Қаламонлайн