Ҷоҳилият – III
Бахши севвум
Сайидюнуси Истаравшанӣ
“Гумони ҷоҳилият”
3) Вожаи “ҷоҳилият” чаҳор бор дар сураҳои Қуръон ба кор рафтааст: дар ояти 154 сураи Оли Имрон, ояти 50 сураи Моида, ояти 33 сураи Аҳзоб ва ояти 26 сураи Фатҳ. Ва дар ҳар як аз ин чаҳор маврид, аз он накӯҳиш ва мазаммат шуда. Инак, ҳар якро ба сурати ҷудогона баррасӣ мекунем:
Дар ояти 154 сураи Оли Имрон, гурӯҳе аз ба зоҳир мусалмононро ба иллати гумони нодуруст доштанашон дар бораи Худо, ба шиддат мазаммат мекунад ва гумони онҳоро ҳамонанди гумони инсонҳои даврони ҷоҳилият медонад:
يَظُنُّونَ بِاللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ ظَنَّ الْجَاهِلِيَّةِ
“Ва дар бораи Худо гумони ноҳақ ва нораво ҳамчун гумони ҷоҳилият мебурданд…” –
Гумони ин гурӯҳ ин буд, ки тасаввур мекарданд, чун ба ислом гаравидаанд, ҳатман бояд дар ҷанг пирӯз шаванд ва бар Худо воҷиб аст, бидуни ҳеч қайду шарте, дини худро ёрӣ кунад. Ва ин гумони ноҳақ ва ботил, гумони мушрикони ҷоҳилият буд.
Зеро бархе мушрикони ҷоҳилият, бо ин ки Худовандро холиқи ҳастӣ медонистанд, вале мӯътақид буданд, ки Худо рубубиятро яъне амри тадбир ва чархондан ва гардонидани оламро ба дасти баъзе махлуқот мисли инсон, замин ва ғайра супурдааст, ки ҳар тавр дилашон бихоҳад, мегардонанд ва тадбир мекунанд ва ҳама чиз дасти онҳост.
Ҳол, баъзе аз афроди тозамусалмоншуда дар садри ислом низ, дар бораи Худо ин гуна эътиқоди ботил ва нодуруст доштанд; онҳо гумон мекарданд, ки Худованд гӯё ба Муҳаммад (с) амри тадбири ҳастиро бахшида бошад ва дар натиҷа динаш набояд шикаст бихӯрад ва мусалмонҳо ба ҳеч тақдир ва дар ҳеч шароит набояд шикаст бихӯранд ва бар Худо воҷиб аст, ки онҳоро дар ҳар сурат ёрӣ кунад.
Дар ҳоле, ки пирӯзӣ ё шикасти паёмбар ва мусалмонон, доир мадори қонуни иллият ва сабабият дар олами ҳастӣ аст, на ин ки аз он мустасно бошад. Тибқи қонуни иллият ва сабабият, агар ту кӯшиш кардӣ, пирӯзӣ насибат мешавад, вале агар сустӣ кардӣ, ҳар ки ҳастӣ, ту шикаст мехӯрӣ.
Бад нест инҷо суханони Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин оятро биёварам; эшон мегӯяд:
“Амри нубувват ва даъват, аз ин суннати ҷория (қонуни иллият) мустасно нест ва аз ин рӯ ҳар замон, ки сабабҳои пешрафти ин дин ва ғалабаи мӯъминин фароҳам шуд, ин пешрафт ҳосил гардид монанди баъзе аз ҷангҳои Расули Худо (с) (мисли ҷанги Бадр), вале ҳар замон, ки мувофиқ набуд масалан нофармонии амри Расул ва ё сустӣ дар байни мусалмонон пайдо шуд, ғалаба ва пирӯзӣ насиби мушрикон гардид ва мӯъминон шикаст хӯрдаанд (мисли ҷанги Уҳуд). Ва ҳамчунин аст ҳол дар соири анбиё бо мардум…” (Ал-мизон, ҷ.4, с.47 ва 48)
Хуб, вожаи ҷоҳилият агар ба араби даврони пеш аз ислом гуфта шудааст, ба хотири ин гуна гумони ботил буда ва он гоҳ ҳар кас – чӣ дар даврони ҳазрати Паёмбар ва чӣ алъон – якчунин гумон ва пиндоре дар бораи Худо дошта бошад, ӯ ҳам мисли араби ҷоҳилият аст, яъне гумони ӯ гумони одамони даврони ҷоҳилият аст.
Бинобар ин, имрӯз агар касеро бибинед, ки гумон кунад, бар Худост, ки дини худашро дар ҳар сурат нусрат медиҳад, ӯ ҳеч тафовуте бо араби ҷоҳилият надоштааст.
Хуб, оё имрӯз якчунин инсонҳое нестанд? Инсонҳое, ки ҳаққоният ва ё адами ҳаққонияти дин ва мактаберо доир мадори пирӯзӣ ва шикасти он бидонанд? Мусалмононро мебинанд, ки ақибмонда ва шикастхӯрда ҳастанд, он вақт айби онро ба гардани динашон мегузоранд ва мегӯянд: дини инҳо ҳақ нест, чун агар ҳақ мебуд, ҳаргиз Худо хорашон намесохт. Яъне гумон мекунанд, бар Худо воҷиб аст гаравандагони исломро дар ҳар сурат – ҳатто он замон, ки сустӣ мекунанд – бояд ёрӣ ва нусрат диҳад.
Ин аст гумони ҷоҳлият.
Хуб, дар бахшҳои баъдӣ оят ва ривоятҳои дигар дар ин заминаро баррасӣ хоҳем кард, иншоаллоҳ!
Идома дорад…
Қаламонлайн