Ҳамлаи муқовамати Лубнон ба сохтмони пулиси исроилӣ дар Криёт-Шмона

Ҳамлаи муқовамати Лубнон ба сохтмони пулиси режими саҳюнистӣ дар Криёт-Шмона

Ахбори байналмилал

Isna

Муқовамати Лубнон эълом кард, сохтмони пулиси режими саҳюнистӣ дар шаҳраки Криёт-Шмона дар Исроилро бо мушак ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши Исно, муқовамати Лубнон дар баёнияе эълом кард: дар ростои ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин ва пуштибонӣ аз муқовамати ҷасур ва дар посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба рустоҳои ҷануби Лубнон ва манозили ғайринизомиён, муборизони муқовамат сохтмони пулиси режими ишғолгар дар шаҳраки Криёт-Шмонаро бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор доданд.

Манобеъ эълом кардаанд, чанд мушак аз Лубнон ба маркази шаҳраки Криёт-Шмона шиллик шуд. Радиои режими саҳюнистӣ эълом кард, дар ҳамлаи мушакӣ аз ҷануби Лубнон ба Криёт-Шмона, чанд тан захмӣ шуданд.

Дар ин росто, раиси Шӯрои маҳаллӣ дар Криёт-Шмона гуфт: ба сокинон ёдоварӣ мекунам, ки минтақаи Криёт-Шмона хатарнок аст ва мушакҳо ба инҷо шиллик мешавад.

Вай гуфт: аз сокинон мехоҳам ин шаҳрро тарк кунанд. Аз маҷмӯъи 24 ҳазор сокини ин шаҳрак дар ҳоли ҳозир, 3000 нафар инҷо ҳастанд.

Гуфтанист, Фаронса ва бархе кишварҳои ғарбӣ барои ҳаллу фасли даргирӣ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими саҳюнистӣ талош мекунанд, аммо Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид дорад, то қабл аз таваққуфи ҷанги Ғазза ҳеч сӯҳбате дар бораи ҳаллу фасл намекунад.

Isna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори вазири хориҷаи Эрон бо Исмоил Ҳаниа
Ҷоҳилият – IY

Матолиби пурбоздид