Эрон 3 миллиард доллар аз дороиҳои масдудшудаи худро дарёфт кард
Ахбори байналмилал
Ба гузориши пойгоҳи исроилии Kan, дороиҳое ба арзиши 3 миллиард доллар аз тариқи парвозе аз Абӯзабӣ ба Теҳрон мунтақил шуд, дар изои ин ки Эрон ҳамалоти худ ба Исроилро мутаваққиф кунад.
Гуфта мешавад, ки паёми ҳамроҳи ин интиқол аз сӯйи Омрико шомили тазмине будааст, ки Исроил ҳамалоти худ дар Лубнонро мутаваққиф хоҳад кард.
Табодули ин паёмҳо тавассути ҳайати қатарӣ анҷом шуд ва ҳавопаймои ҳомили дороиҳо дар Теҳрон ба замин нишаст.
Қаламонлайн













