Роҳи халосӣ аз бемории маҳалгароӣ
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бахши аввал
Ба назар мерасад, бемории маҳалгароӣ дар ҷомеаи мо, ки гумон мекардам ба тадриҷ дар ҳоли аз байн рафтан аст, аммо дида мешавад баръакс рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш будааст. Роҳи халосӣ аз ин бемории музмин, ҳам илмӣ аст ва ҳам амалӣ. Ба сухани дигар, аввал бояд бо чистӣ ва моҳияти ин беморӣ ошно шуд ва дар қадами баъдӣ, бояд амалан барои раҳоӣ аз он гом бардошт. Дар ду се қисмат аз ёддошт, иншоаллоҳ дар бораи чистӣ ва моҳияти ин беморӣ сӯҳбат хоҳам кард. Аммо роҳи амалии он, чунонки аз унвонаш пайдост, анҷом доданӣ аст, на гуфтанӣ ва ё шунидании сирф, аз ин рӯ пас аз ошноӣ, вазифаи ҳар яке аз мост, ки амалан ба сӯйи он гом бардорем. Инак, тафсили матлаб:
1) Чистии маҳалгароӣ:
То ҳанӯз ҷойе надидам, ки маҳалгароиро дақиқ таъриф карда бошанд, аз ин рӯ, он чи аз таъриф, ки дар ин ёддошт хоҳам овард, шояд барои аввалин бор бошад ё шояд ҷойе аз дигарон шуда ва банда мутталеъ нестам. Ба ҳар ҳол, саъй мекунам, таърифе бошад дақиқ:
Маҳалгароӣ ҳамон нажодпарастӣ аст бо ин фарқ, ки доираи нажодпарастӣ фаротар ва васеътар аз доираи маҳалгароӣ аст. Яъне агар нажодпарастӣ нажоди муайянеро меҳвар қарор бидиҳад, маҳалгароӣ аммо як минтақаи муайянеро меҳвар қарор медиҳад. Ва тоза, ин “маҳал” ва “минтақа”, гоҳе як кишвар аст, гоҳе як вилоят, гоҳе як шаҳр ва гоҳе як деҳа ва русто ва ҳатто як маҳалли хосс дар як деҳа.
Пас, бо ошно шудан бо чистии нажодпарастӣ, дар воқеъ ҳақиқати маҳалгароӣ низ бароятон равшан хоҳад шуд. Дар хусуси нажодпарастӣ таърифҳои гуногуне шуда, аммо ҷомеътарини онҳо ба назарам таърифи зерин аст:
Нажодпарастӣ (racism) дар воқеъ як маром (идеология) аст ва бар ин фарз устувор, ки баъзе нажодҳо бар баъзеи дигар бартарӣ доранд ва вежагиҳои рафторӣ ва фарҳангии афрод бархоста аз нажоди онҳост, бинобар ин афроди як нажоди “паст”, ки рафторҳои нодуруст ва фарҳанги номақбуле доранд, набояд аз ҳуқуқи баробар бо афроди нажоди “воло” бархӯрдор бошанд.
Маҳалгароӣ низ дақиқан ҳамин аст. Яъне як навъ маром ва бовари мубтанӣ бар ин асос, ки афроди як маҳал ва минтақаи муайян, бар афроди маҳалли дигар бартарӣ доранд.
Албатта, чунин нест, ки маҳалгаро ҳатман мӯътақид ба ин бошад, ки маҳал ва минтақаи ӯ бартар аст, на, чи басо бовари ӯ ин аст, ки афроди маҳал ва минтақаи дигар аз афроди маҳалли худи ӯ бартаранд. Яъне, шохисаи маҳалгаро будан ин “бартар донистани афроди як минтақа бар афроди минтақаи дигар” аст, на лузуман “бартар донистани маҳалли худ”. Аз ин рӯ, шумо мебинед, одами маҳалгаро гоҳе ба сарзаниши маҳалли худ ва таърифу тамҷиди маҳалли дигар мепардозад ва мегӯяд, кош афроди мо чунину чунон, ки фалониҳо ҳастанд мебуданд.
Идома дорад…
Қаламонлайн