Уммати дар ҳоли сакарот, ё ҷасади беирода?
Ёддошти Муҳаммадҷон Кабирӣ
Системаи эминии бадан, ё ҷисми инсон замоне, ки дар баробари вирусҳо нотавон гашт, дигар тавони мубориза бо онро надорад ва инсонро аз пой меандозаду бистарӣ мекунад.
Инҷост, ки кӯмаки пизишкон ва доруҳо аз хориҷи бадан зарур аст, то саломатии ҷисм барқарор гардад ва бадан битавонад бо вирусҳо мубориза кунад ва дар ғайри он, ин ҷисми бемор метавонад талаф шавад.
Ҳоло агар Уммати Исломро як ҷисм бидонем, пас ин ҷисм солҳо ё шояд қарнҳост, ки фалаҷ шуда ва тавони ҳифозат аз ҷисми худро аз даст додааст ва ин хориҷиёну бегонагон ҳастанд, ки ҳамаи умури ин ҷисмро, ба шумули амнияту иқтисоди он, мудирият ва таъмин мекунанд, вагарна оё имкон дорад, як ҷисми солим дар 70-80 сол, як беморияшро табобат карда натавонад ва тавре бошад, ки бадан мисли ҷасади дар ҳоли марг бишавад ва ҳама корҳояшро касоне мудирият кунанд, ки ҳеҷ рабте ба ин бадан ва ин ҷисму ин хоку марзу бумаш надоранд.
Имрӯз ҳар тасмиме дар мавриди аҷзои ин бадан гирифта мешавад, берун аз иродаи аъзоёни ин бадан аст ва ин бадан бо ду миллиард сокинонаш ва беш аз 50 кишвар, ҳеҷ ирода ва мудирияте бар умури худ надорад.
Иддае мегуянд, ҳокимон фосиданд, пас гуфтори Паёмбар(с) чӣ мешавад, ки мегуяд: “Мардум дар дини мулук, ё ҳокимон худ ҳастанд”, пас бо ин ривоят уммати исломӣ ва ҳокимонашон сазовори ҳам ҳастанд.
Агар Худованд инсонро халифаи худ дар замин қарор дода бошад, пас вазифаи ин халифа танҳо ба дуо ва омин гуфтан ва дархост кардани тартиби умур аз суи Худо асту бас?
Чӣ халифаи бехосият ва беиродае будааст, ки ҳеҷ тавону иродае надошта бошад, бо вуҷуди он ки ҳама ихтиёротро Худованд ба ӯ додааст, вале ҳанӯз, ин халифа чашм ба мӯъҷиза рӯ ба осмон нишаста мегӯяд: Худоё, худат ин коро кун; он мушкилро ҳал кун; фалон золимро сарнагун гардон ва адлро дар замин ҷорӣ соз!
Пас фалсафаи фиристодани паёмбарон ва китобҳои осомонӣ чӣ мешавад?
Худо таклифашро бо мо инсонҳо мушахас кард ва рисолат поён ёфт, ё Абул-Башар!
Оё зеҳни шумо ҳам бо ин суолҳо даргир аст?
Ва агар даргир аст, ба назари Шумо куҷои кор мелангад?
Чаро мусалмонон мардумоне ҳастанд, ки тавони тағйир ва таъини сарнавишти худро надоранд, дар сурате, ки омӯзаҳои қуръонӣ мегуяд: “То шумо талоше барои тағйири сарнавишти худ накунед, Худованд коре анҷом нахоҳад дод”, (сураи Раъд, ояти 11) ва садҳо суоли дигаре, ки зеҳни маро барои солҳо даргир кардааст ва то ҳанӯз посухе барои онҳо пайдо накардаам.
Манзурам ин аст, чаро Худованд мусалмононро даъват ба адолату ҳақтлабӣ кардааст, вале мо мусалмонон аҳамият намедиҳем ва ҳатто чандон ошноӣ бо ин арзишҳо надорем ва фақат золимпарвару шахсиятпарастем ва ба ҷои сохтани як низом ва системаи одил, ҳокимони мардумфиребу золимро таҳвили ҷомеаҳо додаем?
Барои касоне, ки иддао доранд, ки уммат замоне ирода дошт, гуфтаниям ба торих бингаред; уммат дар баробари Ғазза ҳамон кореро мекунад, ки 1400 сол пеш дар баробари фоҷиаи Карбало, қатли Имом Абуҳанифа ва дигар бузургони дин карда буд.
Ё дар баробари нобудии комили мусалмонони Андалус, Миянмору Чин ва ғайра, ки ман хабар надорам.
Тамошо…
Сукут…
Тарс…
Мо фақат бо Хулафои Рошиддин ва Умар ибни Абдулазиз менозем, ки маҷмӯи солҳои ҳукуматашон 50 сол ҳам намешавад!
Оё 50 сол ҳукумати одилона барои 1400 сол нормол ва хуб аст?
Агар назаре, посухе доред, лутфан нависед; агар фикр мекунед, вазифаи мо мусалмонон танҳо дуову омин гуфтан аст, инро низ нависед, ки оё бо гузашти 1400 сол ва боз чанд ҳазор соли дигар мо бояд дуову омин гӯем то ба саодате, ки ҳаққамон аст, ноил гардем?
Агар ҳам вазифаи мусалмонии худро фаромӯш карда ва ба ҷои Худо машғули санҷидани имони ман ва такфири афрод бошед, инро низ нависед, шояд дар ин амр ирода ва ихтиёр дошта бошед!
Муҳаммадҷон Кабирӣ