Мақоми эронӣ: “Ҳамла ба сафорат, ҳамла ба хоки кишвар аст”

Мақоми эронӣ: “Ҳамла ба сафорат, ҳамла ба хоки кишвар аст”

Ахбори байналмилал

Fararu

Ба гузориши Фарорӯ, Қосими Муҳиббалӣ, қоим мақоми пешини Ховари Миёнаи Вазорати умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон гуфт: “Ҳамла ба сафорати Эрон дар Сурия, вокуниши Бенёмин Натонёҳу ба фишорҳое аст, ки ба далели оташбас бо Ҳамос мутаҳаммил мешавад.”

Вай афзуд: “Дар воқеъ Исроил бо ин ҳамла саъяшро ба кор гирифта, то Эронро вориди фазои ҷангӣ кунад, то аз асароти манфии оташбаси Ғазза кам кунад.”

Муҳиббалӣ хотирнишон кард: “Ин ҳамла аввалин ҳамлаи Исроил ба мавозеъи Ҷумҳурии Исломӣ нест. Аммо дар чорчӯби низоми байналмилал, ҳамла ба сафорат, ҳамлаи мустақим ба хоки кишварҳо талаққӣ мешавад ва аҳаммияти чандоне пайдо мекунад, ки ба ҳамин далел ҳаққи мутақобили Эрон маҳфуз аст.”

Вай афзуд: “Бояд баррасии мӯшикофонае мабнӣ бар ин дошт, ки оё иқдоми низомӣ дар ростои ҷангафрӯзии Натонёҳуст ё ин ки мӯҷиб мешавад, Исроил дигар иқдоме инчуниниро дар дастури кори худ қарор надиҳад.”

Қоим мақоми пешини Ховари Миёнаи Вазорати умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон ёдовар шуд: “Низоми сиёсии Эрон бояд бо ҳушмандии болое ба ин иттифоқ вокуниш нишон бидиҳад.”

Fararu

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамла ба консулгарии Эрон паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт
Ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ 

Матолиби пурбоздид