Писаре ё духтаре
Ҳикоят
Зани Талҳак фарзанде зойид.
Султон Маҳмуд ӯро пурсид, ки чӣ зодааст?
Гуфт:
— Аз дарвешон чӣ зояд? Писаре ё духтаре.
Султон гуфт:
— Магар аз бузургон чӣ зояд?
Гуфт:
— Чизе зояд беҳанҷоргӯй (яъне ёвагӯй) ва хонабарандоз.
(Убайди Зоконӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: