Намояндаи порлумони Исроил: “Тамоми гурдонҳои Қассом дар Ғазза фаъол ҳастанд”

Намояндаи порлумони Исроил: “Тамоми гурдонҳои Қассом дар Ғазза фаъол ҳастанд”

Намояндаи Кнессет (Порлумон)-и Исроил: “Бар хилофи иддаои Натонёҳу, тамоми гурдонҳои Қассом дар Ғазза фаъол ҳастанд”

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Омит Ҳолевӣ, узви Кумисиюни равобити хориҷӣ ва амнияти Кнессет (Порлумон)-и Исроил гуфт:

“Бар хилофи он чи артиш ва Бенёмин Натонёҳу мегӯянд, тамоми 24 гурдони Қассом дар Ғазза фаъол ҳастанд.”

Ба гузориши Алҷазира, Ҳолевӣ афзуд:

“Ба унвони узви Кумисиюни равобити хориҷӣ ва амният, иттилоотеро дар ихтиёр дорам, ки нишон медиҳад, иддаоҳои сухангӯи низомӣ, нахуствазир ва вазири дифоъ дар хусуси нобудии аксари гурдонҳои Ҳамос ва боқӣ мондани танҳо 4 гурдон дар минтақаи Рафаҳ нодуруст аст.”

Вай гуфт: “Ҳеч кадом аз гурдонҳои Ҳамос нобуд нашудааст ва артиши Исроил ба раҳбарии раиси ситод тарҳе ғайривоқеъбинона барои ҳамла ба Рафаҳ ироа кардааст.”

Натонёҳу пеш аз ин, муддаӣ шуда буд, артиши Исроил се чаҳоруми гурдонҳои Қассом – шохаи низомии ҷунбиши Ҳамосро дар Ғазза мунҳадим кардааст, вай гуфт:

“Марҳилаи пасоҷанг дар Ғазза рӯзест, ки Ҳамос нобуд ва аз саҳна ҳазф шудааст.”

Натонёҳу ҳамвора бар аҳамияти ҳамла ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза таъкид мекунад ва муддаист, ки ин шаҳр охирин паноҳгоҳи гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аст.

Мақомоти амниятии Омрико эълом кардаанд, баровардҳои марбут ба талафоти инсонии Ҳамос на дақиқ ва на маънодор аст ва нишон намедиҳад, ки ҳузури низомии Исроил дар навори Ғазза ба аҳдофи мавриди назар расидааст ё хайр.

Артиши Исроил иддао мекунад, ки 9000 ҷангҷӯ аз ҷумла ҳудуди 50 фармондеҳи гурдонҳои Қассомро дар навори Ғазза куштааст.

Бо ин ҳол, Абӯубайда, сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом, таъкид кардааст, дастовардҳои низомии мавриди иддаои Исроил “барои мо хандаовар аст ва рӯзе хоҳад расид, ки нодурустии ин иддаоҳоро собит кунем.”

Як манбаи огоҳ дар гурдонҳои Қассом дар ин бора гуфт:

“Маҷмӯи талафот дар миёни радаҳои гурдонҳои Қассом камтар аз 10 дарсад аст, Қассом як ҷунбиши низомӣ бо сохтори марказӣ ва як доираи созмонии густурда аст.”

Aljazeera

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш…
Омрико қатъномаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милалро вето кард

Матолиби пурбоздид