Нигоҳе ба фалсафаи Кант

Таърих

Нигоҳе ба фалсафаи Кант

Чаро фалсафаи Кант дар миёни ин ҳама ҷангҳои имрӯзин ҳанӯз коро аст?

Иммануил Кант, файласуфи шаҳири олмонӣ

Мақолае дар нашрияи Deutsche Welle

Тазаккур: 22 апрел, 300-умин солгарди Иммануил Кант, файласуфи машҳури олмонӣ аст ва ба ҳамин муносибат нашрияи Deutsche Welle-и Олмон мақолае тавассути Стефан Деге (Stefan Dege) мунташир кардааст, ки бисёр ҷолиб аст, матни онро инҷо меоварем.

Агар мехоҳед дунёро дарк кунед, лузуман маҷбур нестед дар он сафар кунед. Нигоҳе ба Иммануил Кант (1724-1804) биандозед. Дар таърихи 22 апрел, ҷаҳон 300-умин солгарди таваллуди ӯро ҷашн мегирад. Он файласуфи олмонӣ ҳаргиз хонаи худ дар Пруссияи шарқӣ яъне Кенигсберг ё Калинингради кунунӣ, ки имрӯза бахше аз Русия маҳсуб мешавад тарк накард.

Бо ин вуҷуд, ин мавзӯъ ӯро аз талош барои дарки ҷаҳон бознадошт. Афкори ӯ як инқилоб дар фалсафа эҷод намуда ва ӯро ба пешгоми асри равшангарӣ (эпоха просвещения) табдил кардааст. Маъруфтарин асари ӯ таҳти унвони “Нақди ақли маҳз” ба унвони нуқтаи атфе дар таърихи тафаккур талаққӣ мешавад.

Имрӯза Кант яке аз муҳимтарин мутафаккирони тамоми асрҳо маҳсуб мешавад. Бахши умдае аз биниши ӯ имрӯза дар ҷаҳони мувоҷеҳ бо тағйироти иқлимӣ, ҷангҳо ва бӯҳронҳо, ҳанӯз мӯътабар ҳастанд.

Барои мисол, чӣ чизе метавонад ба “сулҳи пойдор” байни давлатҳо мунҷар шавад? Кант дар мақолаи худ дар соли 1795 “Дар бораи сулҳи доимӣ”, фикри ташкили “Лиги милал”-ро ба унвони ҷомеаи федероли ҷумҳурихоҳона тавсия кард. Аз назари Кант, куниши сиёсӣ ҳамвора бояд бар асоси қонуни ахлоқ ҳидоят шавад.

Кори ӯ, ба тарҳе барои таъсиси Ҷомеаи милал пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал табдил шуд, ки ниҳоди пешгом дар таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар солиёни баъд буд ва асари худро дар асосномаи он ниҳод бар ҷой гузошт.

Кант, илова бар ҳуқуқи байналмилал, қонуни шаҳрвандии ҷаҳониро низ тадвин кард. Ӯ, бо ин кор, истеъмор ва империалисмро рад мекунад ва афкореро барои рафтори инсонӣ бо паноҳҷӯён тадвин карда буд. Ба гуфтаи Кант, ҳар фарде ҳаққи боздид аз ҳар кишвареро дорад, аммо лузуман ин мавзӯъ ӯро воҷиди ҳаққи мавриди меҳмоннавозӣ қарор гирифтан намесозад.

 

Ба нафъи ақлу истидлол

Кант, каромати инсонӣ ва ҳуқуқи башарро аз манзари илоҳиётӣ тавҷеҳ намекунад, балки аз назари фалсафӣ бо ақл тавҷеҳ кардааст. Ӯ ба мардум имони зиёде дошт. Ӯ мӯътақид буд, ки онон худ метавонанд бори масъулияти аъмолашонро бар ӯҳда гиранд. Кант бар ин бовар буд, ки бо ақл ва бурҳон метавон бар зиндагӣ мусаллат шуд ва барои ин амр қоъидае асосӣ баён кард: “Ба гунае амал кун, ки иродаи худро дар ҳар замон ба унвони асли қонунгузории умумӣ дар назар бигирем”. Ӯ ин амрро “зарурати қотеъ” номид. Имрӯз мо онро ин гуна меномем: шумо фақат бояд кореро анҷом диҳед, ки барои ҳамагон беҳтарин аст.

Кант дар соли 1781 он чиро, ки эҳтимолан муҳимтарин асараш мебошад мунташир кард. Ӯ дар “Нақди ақли маҳз”, чаҳор пурсиши асосии фалсафаро матраҳ мекунад: чӣ чизе метавонам бидонам? Бояд чӣ кор кунам? Ба чӣ чизе метавонам умедвор бошам? Ва инсон чист?

Ҷустуҷӯи ӯ барои ёфтани посухи ин пурсишҳо ба эпистемология ё худ маърифатшиносӣ маъруф аст. Ӯ бар хилофи бисёре аз файласуфони пеш аз худ, тавзеҳ медиҳад, ки зеҳни инсон наметавонад ба пурсишҳое монанди вуҷуди Худо, руҳ ё оғози ҷаҳон посух диҳад. Жан Пол, румоннависи олмонӣ (1763-1825) дар бораи Кант мегӯяд: “Кант, нури ҷаҳон нест, балки як манзумаи шамсии тобнок аст.” Бо ин вуҷуд, дигар бузургони равшанфикр ҳазми навиштаҳои Кантро душвор қаламдод мекарданд. Моисей Менделсони файласуф гилоя дошт, ки хониши осори Кант ниёзманди ба кор бурдани “шираи аъсоб” (нервный сок) аст. Ӯ гуфта буд, ки худ натавонист ин корро анҷом диҳад.

 

Пешгоми асри равшангарӣ

Омӯзаҳо ва навиштаҳои Иммануил Кант мабонии тафаккури ҷадидеро бино ниҳоданд. Иборати Кант бо унвони “Ҷуръати андешидан дошта бош!” ё ба лотин: Sapere aude маъруф шуд ва ба ҳамин хотир аз Кант ба унвони пешгоми равшангарӣ ёд кардаанд. Ин ҷараёни фикрӣ ақли инсон (ақлоният) ва истифодаи саҳеҳ аз онро меъёри ҳамаи аъмол эълом кард.

Имрӯза ҳанӯз қазоватҳо ва пешдовариҳои мутаъаддиде дар мавриди Кант дар ҷараён аст. Барои мисол, Отфрид Хофе, файласуфи муосири олмонӣ ва Кантшинос, дар китоби тозаи худ таҳти унвони “Шаҳрванди ҷаҳон аз Кенигсберг” ин пурсишро матраҳ мекунад, ки оё Кант як нажодпарасти Урупомеҳвар буд ё он ки оё Кант ба ҷоиз будани табъиз алайҳи занон қоил буд? Дар ҳар ду маврид посухи Хофе мусбат аст, албатта бо як қайд ӯ менависад: “Бале, аммо…“

Кант ба маънои имрӯзӣ нажодпараст набуд. Баръакс ӯ истеъмор ва бардадориро маҳкум кард. Агарчӣ Кант ҳаргиз фаротар аз Кенигсберг сафар накард, пойтахти Пруссияи шарқӣ дар он замон як шаҳри тиҷории пурҷунбу ҷӯш буд ва ба навъе “Венетсияи шимоли Урупо” қаламдод мешуд. Илова бар ин, Кант амалан сафарномаҳои муртабит бо кишварҳои дигарро балъида буд.

Оё Кант инсонгурез буд? Алорағми он ки ӯ барномаи рӯзонаи комилан муназзаме дошт, аммо аз сарфи ноҳор бо дӯстон ва ошноён лаззат мебурд, ошиқи бозии билярд ва бозӣ бо корт буд, ба театр мерафт ва дар солунҳои шаҳр ба унвони фарде саргармкунанда ва ҷаззоб қаламдод мешуд.

Маросим ва рӯйдодҳои зиёде дар Олмон ба ёди Кант ва мероси ӯ дар соли 2024 ба муносибати 300-умин солгарди таваллудаш баргузор мешаванд. Барои мисол, музейи Bundeskunst Halle мизбони намоишгоҳе дар бораи Кант бо унвони “Масоили ҳалнашуда” будааст. Илова бар он, як конфронси бузурги академӣ дар моҳи июн дар Берлин баргузор хоҳад шуд ва пас аз он Кунграи байналмилалии Кант дар Бонн дар охирҳои соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ки дар ибтидо барои баргузор шудан дар Калининград барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели ҷанги Русия бо Укройн имкони баргузор дар он ҷо вуҷуд надорад. Қабри Кант дар пушти калисои ҷомеъи Кенигсберг воқеъ шудааст. Он калисо яке аз маъдуд биноҳои таърихии боқимонда пас аз бомбборони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва мавҷи тахриби мутаоқиби он дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд.

Таъсири Кант бар таърихи ҳуқуқии Олмон амиқ буда, аммо зуҳури носиюнолизм монеъ аз он шуд, ки осори ӯ то пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ба нерӯи ғолиб дар андешаи сиёсии Олмон табдил шавад. Акнун 300 сол аз солгарди таваллуди Кант мегузарад ва ӯ ҳанӯз ба масобаи мутафаккири барҷаста шинохта мешавад, ки то ба имрӯз метавонад илҳомбахши ҷунбишҳои сиёсӣ бошад.

Deutsche Welle

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҳдудияти ибрози ҳамбастагӣ бо Фаластин дар Фаронса
Ҳикматнома

Матолиби пурбоздид