Сарнагунии паҳподи омрикоӣ ва ҳамла ба киштии ангилисӣ аз сӯйи Ҳусиҳои Яман
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман сарнагунии паҳподи MQ-9 мутааллиқ ба артиши Омрико дар осмони устони Саъда дар шимоли Яман ва ҳамла ба киштии ангилисӣ дар баҳри Сурхро таъйид кард.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки ин паҳпод дар ҳангоми анҷоми маъмурияти хасмонаи худ бо мушаки муносиб ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар идомаи баёнияи артиши Яман омадааст, ки як киштии нафтии ангилисӣ ба номи Andromeda Star дар баҳри Сурх низ бо мушаки дарёии муносиб ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин эълом кард, ки ин силсила аз амалиёт барои ёрии миллати мазлуми Фаластин ва низ ҳамлаи Омрико ва Ангилис ба кишварамон сурат гирифтааст.
Дар поёни ин баёния низ таъкид шуда, ки амалиёти низомии артиши Яман то шикаста шудани муҳосираи Ғазза ва таваққуфи ҳамалот ба он идома хоҳад ёфт.
Гуфтанист, пеш аз ин як мақоми омрикоӣ ба шабакаи CBS-и ин кишвар, сарнагунии паҳподи артиши Иёлоти Муттаҳида дар савоҳили Яманро таъйид кард.
Ин паҳподи сохти General Atomics аст, ки болиғ бар 32 миллион доллар қимат дорад. Пеш аз ин, нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар моҳи ноябр ҳам як паҳпод аз ҳамин навъро шикор карда буданд.
Артиши Яман дар моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии омрикоӣ, ангилисӣ ва саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадаф қарор додааст. Нерӯҳои артиши Яман мутаъаҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор диҳанд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: