Муқовамати исломии Баҳрайн – ҷабҳаи ҷадиди дар ҷанг бо Исроил
Newsweek: Муқовамати исломии Баҳрайн – ҷабҳаи ҷадиди Меҳвари Муқовамат дар ҷанг бо Исроил
Ахбори байналмилал
Гурдонҳои Ал-Аштари муқовамати исломии Баҳрайн дирӯз бо интишори наворе аз ҳамлаи паҳподии худ ба бандари Илоти Исроил хабар дод. Ин гурӯҳ тозатарин ҷабҳаи гушудашудаи Меҳвари Муқовамат алайҳи Исроил маҳсуб мешавад.
Гурдонҳои Ал-аштари Баҳрайн бо анҷоми як амалиёт бар зидди Исроил, эъломи кушоиши ҷабҳаи ҷадиде дар набарди Меҳвари Муқовамат алайҳи Исроил кард.
Нашрияи “Newsweek”-и Омрико бо ишора ба ин мавзӯъ навишт:
Шибҳинизомиёни мустақар дар кишвари ҷазираи Баҳрайн масъулияти аввалин ҳамлаи худ ба Исроилро бар ӯҳда гирифтанд, ки нишондиҳандаи панҷумин ҷабҳаи гушудашуда тавассути нерӯҳои эътилофи “Меҳвари Муқовамат“-и ҳамсӯ бо Эрон аз замони оғози ҷанги Ғазза аст.
Ин гурӯҳ, ки ба “Гурдонҳои Ал-аштар” (Сароё Ал-аштар) маъруф аст ва худро муқовамати исломӣ дар Баҳрайн муаррифӣ мекунад, рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе эълом кард, ки шанбеи гузашта мақарри ширкати исроилии Trucknet Enterprises-ро бо паҳпод ҳадаф қарор додааст; ширкате, ки гуфта мешавад, “масъули ҳамлу нақли заминӣ дар Исроил дар шаҳри бандарии Илот дар ҷануби Исроил, ки “Уммур-рашрош” низ номида мешавад.
Ба гуфтаи ин гурӯҳ, ин ҳамла “дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва дар ҳимоят аз мардуми дар ҳоли муқовамат дар Ғазза” анҷом шуд.
Ин гурӯҳ гуфт: “Муқовамати исломӣ дар Баҳрайн таъйид мекунад, ки ба ҳаракат ва ҳимояти худ дар ҳамаи сутуҳ, аз мардуми сабур ва муқовими Ғазза идома медиҳад ва то замоне, ки таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза мутаваққиф нашавад, амалиёти худро мутаваққиф нахоҳад кард.”
Ба навиштаи Newsweek, ин баёния комилан мунъакискунандаи забоне аст, ки аз дигар ҷиноҳҳои Меҳвари Муқовамат аз ҷумла Ҳизбуллоҳи Лубнон, муқовамати исломии Ироқ ва Сурия мустақар дар Ироқ ва ҷунбиши Ансоруллоҳ ё Ҳусиҳои Яман содир мешавад. Гурдонҳои Ал-аштар ҳамзамон навореро ба иштирок гузоштанд, ки мегуфт наворе аз омодасозӣ ва иҷрои ҳамла алайҳи бандари Илот дар макони номаълумро нишон медод.
Ин навор ба таври барҷаста тасвиреро нишон медод, ки 4 мардро ба тасвир мекашид: Ридо ал-Ғусра, Мустафо Юсуф ва Маҳмуд Яҳё, ки дар соли 2017 ҳангоми талош барои фирор аз зиндони Баҳрайн ба Эрон, тавассути нерӯҳои амниятии Баҳрайн кушта шуданд ва ҳамчунин Аҳмад ал-Мумолӣ, ки дар соли 2019 эъдом шуд. Ҳар 4 нафар тавассути мақомоти Баҳрайни ба теруризм муттаҳам шуданд ва тавассути гурдонҳои Ал-аштар ба унвони шуҳадо мавриди ситоиш қарор мегиранд ва дар навор барчаспи тасвири ин 4 шаҳид бар рӯйи паҳподи шилликшуда ба самти Исроил насб мешавад.
Newsweek бо артиши Исроил ва ширкати Trucknet Enterprises, ки ҳанӯз ин ҳамларо таъйид накардаанд ва ҳамчунин шохаи расонаии гурдонҳои Ал-аштар барои изҳори назар тамос гирифт.
Сафорати Баҳрайн дар Иёлоти Муттаҳида гузорише аз хабаргузории давлатии Баҳрайнро бо Newsweek ба иштирок гузошт, ки дар он ба нақл аз Маҳмуд ал-Аббосӣ, сухангӯи маркази иртибототи миллии Баҳрайн омадааст, ки давлати Баҳрайн гурдонҳои Ал-аштарро як созмони теруристӣ медонад, ки хориҷ аз Баҳрайн фаъолият мекунад.
Гурдонҳои Ал-аштар як гурӯҳи шибҳинизомӣ аст, ки бо низоми подшоҳии Оли Халифа мухолиф аст. Ин гурӯҳ ҳадди ақал аз соли 2013 масъулияти ҳамалоте алайҳи нерӯҳои амниятӣ дар Баҳрайнро бар ӯҳда гирифтааст, аз ҷумла теъдоде бомбгузорӣ, ки нерӯҳои амниятиро ҳадаф қарор додааст. Ҳамроҳи ин гурӯҳ дигар шибҳинизомиёни муқовамати исломӣ дар Баҳрайн монанди гурдонҳои Ал-Мухтор ва гурдонҳои Ваъдуллоҳ низ масъулияти ҳамалотеро бар ӯҳда гирифтаанд. Мақомоти баҳрайнӣ муддаии ҳимояти Эрон аз ин гурӯҳҳо ҳастанд.
Паҳподе, ки дар навори гурдонҳои Ал-аштар мушоҳида шуд, шабоҳатҳое ба муделҳое дошт, ки ахиран тавассути Ансоруллоҳи Яман ба кор гирифта шуда буд; бавежа паҳподи “Саммод” – сохтаи Ансоруллоҳи Яман.
Ҳамонанди теъдоде аз шабҳинизомиёни Меҳвари Муқовамат дар саросари минтақа, парчами гурдонҳои Ал-аштар мушти гиреҳшудае аст, ки як туфанги Калашинковро дар канори оёти Қуръон, ба табаият аз улгуи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, барафроштааст.
Дар ҳоле, ки ба назар мерасад гурдонҳои Ал-аштар тақрибан ба андозаи бархе аз барҷастатарин ҷиноҳҳои Меҳвари Муқовамат дар Лубнон, Ироқ, Сурия ва Яман фаъол нест, аммо ин гурӯҳ дар канори дигар шибҳинизомиён нигарониҳои амниятӣ барои режими Оли Халифа дар Баҳрайн эҷод кардааст.
Баҳрайн ҳамчунин барои Иёлоти Муттаҳида, ки пойгоҳи калидӣ дар онҷо дорад, бисёр дорои аҳаммият аст. Шаҳри Манома, пойтахти Баҳрайн, мизбони мақарри новгони панҷуми нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: