Reuters: Ҳамлаи пулис ба урдугоҳи ҳомиёни Фаластин дар Донишгоҳи Калифорния

Reuters: Пулис ба урдугоҳи ҳомиёни Фаластин дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ дар Омрико ҳамла кард

Ахбори байналмилал

Пулиси Омрико урдугоҳи донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубиро ҷамъ кард.

Ба гузориши Reuters

Дар ҳоле, ки аз рӯзи якшанбе теъдоди зиёде аз донишгоҳ‎ҳои Омрико дар маросими фориғуттаҳсилӣ, шоҳиди тазоҳурот ва эътирози ҳомиёни Фаластин ба ҷанги Ғазза буданд, пулис чодарҳои ҳомиёни Фаластинро дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, бидуни дастгирии донишҷӯён поксозӣ кард.

Бо ин ки дар баёнияи пулис ва донишгоҳ омада, ки ин ҳамла бидуни даргирӣ буда, аммо манобеи хабарӣ аз боздошти 93 донишҷӯи ин донишгоҳ хабар додаанд.

Гуфтанист, аз замони оғози эътирозоти донишҷӯӣ ба Исроил, ки аз Донишгоҳи Колумбия оғоз шуд, пулиси Омрико беш аз 2 ҳазор донишҷӯ ва устодро боздошт кардааст. Донишҷӯён ба иртиботи донишгоҳҳои маҳалли таҳсили худ бо Исроил мӯътариз ҳастанд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос музокирот бо Исроилро ба ҳолати таълиқ даровард
Пешниҳоди Ансоруллоҳ ба Ҳамос барои интиқоли дафтари сиёсии ин ҷунбиш ба Санъо

Матолиби пурбоздид