Рамзу рози муваффақият ва сарватмандӣ

Муҳоҷират

Рамзу рози муваффақият ва сарватмандӣ

1 – Ҳадаф доштан. Ҳадаф доштан ба ин маъно, ки мо худро саргарми идеяҳои ночиз накунем ва зеҳнамонро даргири масоили изофӣ насозем ва ба ҷои он, ҳадафи мушаххасе дошта бошем, ки шавқу рағбат моро фаро гирад ва ба амал кардан водорамон созад.

2 – Касе, ки барои яндааш барнома ва нақша надорад, фаромӯш накунад, ки дигарон ба ҷои ӯ ва барои зиндагии ӯ барномарезӣ мекунанд.

3 – Ёдамон наравад, ки ҳамаи дороиҳои имрӯзаи мо, натиҷаи талошу фаъолиятҳо ва афкори дирӯзаи мост.

4 – Ҳамеша дар ҳои ёдгирӣ бошед, қадам ба қадам мутахассис шавед ва дар ришта ва тахассуси худ, беҳтарин бошед, на нафари дуюм, агар лозим шуд, мураббии хубе пайдо кунед.

5 – Барои пулдор шудан, бояд талош кард, ба истиқболи мушкилот рафт ва замон ва энержиро дар роҳи дуруст истифода намуд.

Пулдор шудан мисли коҳиши вазн аст. Бисёре аз мо дар ҷустуҷӯи хӯрокиҳое ҳастем, ки моро лоғар кунад, аз чои кабуд ва дигар лоғаркунандаҳои табиӣ ва ғайритабиӣ истифода мекунем. Аммо лоғар шудан ва пулдору сарватманд шудан як чизи муштарак дорад: одам бояд арақ бирезад то онҳоро ба даст биёрад.

Албатта манзур ин нест, ки шумо агар зиёд кор кунед, ҳатман сарватманд мешавед, албатта ин ҳам дуруст аст, аммо муҳимтар аз он, ин ки ҳушмандона кор ва зиндагӣ кунед ва кору талоши худро дар ҷиҳати муваффақият сарф кунед.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дониш ва донишмандон дар каломи нуронии Паёмбар(с)
Тарс ва муқобила бо он

Матолиби пурбоздид