Қиссаи падари Абдуллоҳ ибни Муборак
Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) дар “Насиҳатул-мулук” овардааст:
“Дар Марв марде буд, ӯро Нӯҳ ибни Марям гуфтандӣ ва қозии Марв буд ва ҳам риёсат дошт. Ва ӯро неъмат бисёр буд ва духтаре некӯрӯй дошт. Ва бисёр кас аз раисон ӯро (духтарро) мехостанд ва падар мутаҳайир буд ва намедонист, ки киро диҳад ва мегуфт, агар якеро диҳам, дигареро хуш наояд, бечора шуд.
Ӯро ғуломе буд ҳинду, номи вай Муборак буд, вақте ӯро гуфт: “Бирав ба бӯстон, ӯро (бӯстонро) нигоҳ кун”, ғулом бирафт ва ду моҳ дар бӯстон буд.
Хоҷа рӯзе ба бӯстон шуд, гуфт: “Эй ғулом! Хӯшаи ангур биёр.” Ғулом биёвард, турш буд. Гуфт: “Бирав як хӯшаи дигар биёр.” Ғулом биёвард ва ҳамчунон турш буд. Хоҷа гуфт: “Аз бӯстоне бад-ин бузургӣ, чаро ангури ширин намеоварӣ?” Ғулом гуфт: “Надонам, ангури ин бӯстон нахӯрдаам.” Гуфт: “Чаро?” Гуфт: “Ту маро фармудӣ, ки ангур нигоҳ дор, нагуфтӣ, ки ангур бихӯр.” Қозӣ гуфт: “Худои Таъоло туро ҳам бад-ин нигоҳ дорад!” Ва донист, ки ғулом бедор аст.
Бо ғулом гуфт: “Маро туро тадбире аст.” Ғулом гуфт: “Ман яке дирамхаридаам ҳинду (яъне ғуломе ҳастам ҳинду, ки ба дирам харидаанд) ва ту қозӣ. Туро бо ман чӣ тадбир?” Қозӣ гуфт: “Чунин ки ман мегӯям бишнав.” Гуфт: “Бифармой!”
Қозӣ гуфт: “Муборак! Маро духтаре аст ва бисёр кас ӯро ба занӣ мехоҳанд аз меҳтарон. Надонам киро диҳам? Ту чӣ мегӯӣ?” Гуфт: Эй хоҷа! Кофирон асл хоҳанд ва ҷуҳудону тарсоён рӯи нек ҷӯянд ва ба вақти Паёмбар (с)-и мо дин меҷустанд ва имрӯз дунё мехоҳанд. Ту аз ин ҷаҳор ҳар кадом хоҳӣ, ихтиёр кун.”
Қозӣ гуфт: “Дин ихтиёр кардам ва гузидам, эй ғулом! Ман ин духтарро ба ту медиҳам.” Гуфт: “Эй хоҷа! Ман ғуломе дирамхаридаам (яъне ғуломе ҳастам, ки ба дирам харидаанд), ту чун маро духтар диҳӣ, духтари ту ҳаргиз маро ба шавҳарӣ нахоҳад.” Қозӣ гуфт: “Эй ғулом! Бархез ва бо ман ба хона ой.”
Чун ба хона омаданд, қозӣ модари духтарро гуфт: “Эй зан! Ин ғулом бағоят шоиста ва порсост ва маро рағбат чунон аст, ки ин духтар ба вай диҳам, чӣ мегӯӣ?” Гуфт: “Биравам ва аз духтар суол кунам.”
Модар биёмад ва бо духтар бигуфт, духтар гуфт: “Ҳар чи шумо хоҳед ва фармоед, он кунам.”
Қозӣ духтар ба Муборак дод ва зар низ бисёр бидодаш ва эшонро ба ҳамдигар нишонд. Баъд аз муддате, Муборакро писаре омад ва Абдулоҳ ном карданд; он ки номи вай дар ҳамаи олам машҳуру маъруф аст ва дар китобҳо мастур ва аз зуҳду илми ӯ то ҷаҳон бувад, ҳадис мекунанд.”
(Насиҳат-ул-мулук, саҳ.145)
Ишора: Мақсуди соҳиби китоб Абдуллоҳ ибни Муборак аст, ки дар миёни урафо ва донишмандон шӯҳрате басазо дорад ва дар “Тазкиратул-авлиё”-и Шайх Аттор порае аз калимоти ҳакимонаи вай нақл шудааст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: