Ҳазрати Иброҳим ва занбӯри асал

Таърих

Ҳазрати Иброҳим ва занбӯри асал

Занбӯри асале дар атрофи оташи барафрӯхтаи намрудиён барои Иброҳим (а) парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: Занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ?!
Занбӯр гуфт: Эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам!
Иброҳим (а) бо ханда гуфт: Ту магар намедонӣ, ки оби даҳони кучаки ту ҳеч таъсире бар ин оташ надорад?!
Занбӯр гуфт: Чаро механдӣ, эй Иброҳим? Ман ба хомӯш шудан ё нашудани оташ намеандешам, балки ба ин меандешам, ки агар рӯзе аз ман бипурсанд, ки замоне ки Иброҳим (а) дар оташ буд, ту чӣ мекардӣ, битавонам бигӯям, ман низ дар хомӯш кардани оташ саҳим будам! Ман ба таклифам амал мекунам, эй Иброҳим!

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти муллои босавод
Дидори Амирабдуллоҳиён бо Исмоил Ҳаниа

Матолиби пурбоздид