Яман як новшикани омрикоӣ ва як киштиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод
Ахбори байналмилал
Almayadeen
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз ҳадаф қарор додани новшикани омрикоӣ хабар дод.
Ба гузориши Алмаёдин, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе эълом кард: ”Дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва дар посух ба таҷовузҳои Омрико ва Ангилис алайҳи кишвар мо, нерӯи дарёии Яман бо теъдоде мушаки муносиб, новшикани омрикоии USS Mason-ро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод ва мушакҳо ба таври дақиқ ба ҳадаф исобат карданд.”
Вай ҳамчунин гуфт: “Нерӯи дарёӣ, нерӯи мушакӣ ва нерӯи паҳподии мо низ дар амалиёте муштарак киштии Destiny-ро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор доданд ва ин киштӣ низ ба таври дақиқ мавриди исобат қарор гирифт.
Яҳё Сареъ гуфт: “Ҳадаф қарор додани киштӣ баъд аз нақзи тасмими мумонаъат аз убури киштиҳо ба самти Фаластини ишғолӣ, ки дар 20 апрел иттихоз шуда буд анҷом шуд, ин киштӣ бо ҳила ва фиреб муддаӣ шуда буд, ки ба самти бандари Уммуррашрош (Илот) намеравад, аммо таҳти назорат ва раҳгирии мо буд. Мо ҳушдор додем, ки вориди банодири Фаластини ишғолӣ нашавад, аммо бар нақзи ин масъала пофишорӣ дошт, бинобар ин киштӣ дар бонки аҳдофи мо қарор гирифт ва ҳаққи ҳаракат дар манотиқи амалиётии нерӯҳои мусаллаҳи Яманро надошт.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки ба ёрии Худованд ва ҳимояти мардуми Яман ва тамоми озодагони ҷаҳон, нерӯҳои мусаллаҳи Яман то замони поёни таҷовузҳо ба Ғазза ва ҳамчунин поён додан ба муҳосираи ин борика, ба амалиёти низомии худ дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин идома хоҳад дод.”
Almayadeen
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: