Тавсияҳои Имом Алӣ(а) ба фармонравоён

Тавсияҳои Имом Алӣ(а) ба фармонравоён

(Бахше аз тавсияҳои Имом Алӣ (а) ба яке аз фармонравоёни худ)

“Маҳбубтарини корҳо дар назди ту, бояд миёнаравӣ дар ҳақ ва густариши адолат ва амал ба он чӣ ки беш аз ҳар чиз ризояти мардумро фароҳам меоварад бошад…

Ҳеҷ як аз афроди миллат монанди табақаи сарватманд ва хавос нест. Ин табақа дар ҳангоми осойиш бори сангинтаре бар дӯши ҳоким ҳастанд ва дар гирифториҳову мушкилот камтар ба ӯ кӯмак мекунанд; адолатро дӯст надоранд, хостаҳову таваққуъоти бештаре доранд. Агар ба онҳо чизе дода шавад, камтар қадрдонӣ мекунанд ва агар дареғ шавад, дертар узр мепазиранд ва дар пешомадҳои ногувори рӯзгор бесабртаранд.

Сутуни дину ҷомеаи мусалмонон ва нерӯи ҳамеша омода дар баробари душманон, дар ҳақиқат ҳамон мардуми оддӣ ҳастанд. Пас бояд гаройиши ту ба онон бошад…

* * *

Дили худро оканда аз меҳру муҳаббат ва лутф нисбат ба мардум бигардон ва мабодо барои онон монанди ҷонвари даррандае бошӣ, ки хӯрданашонро ғанимат донӣ. Зеро мардум ду дастаанд: ё бародари динии ту ҳастанд (яъне мусалмонон) ва ё ҳамнавъи ту (яъне ғайри мусалмонон). Ҳам ин ва ҳам он, дар маърази лағзишу хато қарор доранд ва гоҳ аз рӯи амд ё хато, даст ба гуноҳу таҷовуз меолоянд.

Пас ҳамон гуна ки худ дӯст дорӣ, ки Худованд нисбат ба ту бахшишу гузашт кунад, ту низ нисбат ба онон бахшишу гузашт дошта бош. Зеро ту болодасти онҳо ҳастӣ ва фармонравои бар ту болодасти ту мебошад ва Худованд болодасти касе аст, ки туро ба амирӣ гумоштааст…

* * *

Ба корҳои онон (вазирону соҳибони мансабҳои ҳукуматӣ) назорат бикун ва аз миёни афроди босадоқату вафодор муроқибоне бар онҳо бигумор. Зеро муроқибати пинҳонии ту дар корҳои мансабдорон онҳоро ба риъояти амонат ва хушрафторӣ бо мардум вомедорад. Ва бо диққат муроқиби дастёрони хеш бош ва агар яке аз онон даст ба хиёнат кушод ва гузоришҳои ҳамаи муроқибонат онро таъйид кард, ба ҳамон гузоришҳо ба унвони шоҳид иктифо кун ва зуд ӯро кайфари ҷисмонӣ деҳ ва аз сарвате, ки аз тариқи мақомаш ба даст овардааст, бозхост кун ва ӯро ба хорӣ бикашон ва доғи хиёнат бар пешонияш бизан ва ҳалқаи нанги тӯҳматро ба гарданаш биёвез…”

(Наҳҷулбалоға, номаи 53)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳё Синвор: “Ҳамос тавофуқеро, ки хостори халъи силоҳ бошад намепазирад”
«Гунбади оҳанин»-и Исроил аз кор афтод

Матолиби пурбоздид