Аввалин дастоварди артиши Исроил пас аз 8 моҳ ҷанг дар Ғазза: қатли омми 274 нафар барои озодии 4 нафар

Аввалин дастоварди артиши Исроил пас аз 8 моҳ ҷанг дар Ғазза: қатли омми 274 нафар барои озодии 4 нафар

Ахбори байналмилал

Apnews

Пас аз беш аз 8 моҳ аз оғози ҷанги Ғазза, артиши Исроил рӯзи якшанбе бо ҳамла ба урдугоҳи Насирот дар навори Ғазза, 4 асири исроилиро озод кард ва инро ба унвони нахустин дастовард пас аз 8 моҳ ҷанг дар Ғазза донист. Бо ин ҳол, ин ба истилоҳ, дастовард, бо қатли омми 274 фаластинӣ ва маҷрӯҳ кардани беш аз 700 тани дигар (бино бар омори Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза) ҳамроҳ буд.

Хабаргузории Associated Press моҷарои амалиёти озодсозии 4 гаравгони исроилиро ташреҳ кард, ҳарчанд, ки мумкин аст ривояти Associated Press бо ривояти ҷунбиши Ҳамос ва муқовамати Фаластин мутафовит бошад.

Чун бино бар ривояти Ҳамос, ин амалиёти исроилиҳо, дар канори куштори садҳо инсони бегуноҳ ва кушта шудани 3 асири дигари онҳо дар ин амалиёт аз ҷумла як асири омрикоӣ, на танҳо дастоварде маҳсуб намешавад, балки як шикасти тамомаёр барои артиши то дандон ба мусаллаҳи Исроил пас аз беш аз 8 моҳ бо як гурӯҳи чирикии таҳти солҳо муҳосараи ҳамаҷониба дар навори Ғазза аст.

Ва аммо ривояти хабаргузории Associated Press аз чанду чуни ин амалиёт:

Онҳо (нерӯҳои исроилӣ) дар рӯзи равшан расиданд, замоне, ки сохтмонҳои бетонии урдугоҳи паноҳндагони Насирот ва хиёбонҳои борики беруни он, пур аз ҷамъият буд. То замоне, ки садои шиллики гулӯлаҳо баланд шуд, ҳеч кас ба чизе машкук набуд.

Юриши Исроил ҳамаро ғофилгир кард, аз шибҳинизомиёни Ҳамос, ки аз 4 гаравгон дар ду сохтмони мухталиф муҳофизат мекарданд, то ҳазорон ғайринизомӣ, ки ба зудӣ худро дар як ҷаҳаннами дуду оташ ёфтанд ва маҷбур шуданд барои наҷоти ҷони худ бо ҳар чи дар тавон доранд аз маҳалл дур шаванд.

То поёни он амалиёт, 4 гаравгони исроилӣ зинда ва умдатан солим ба хона оварда шуда буданд, ҳадди ақал аз назари физикӣ ва ҳадди ақал 274 фаластинӣ ва як камондуи исроилӣ кушта шуда буданд.

Барои Исроил, ин муваффақиятомезтарин амалиёти ҷанги 8-моҳа буд, ки боиси шодии саросарӣ шуд ва бахше аз обрӯи фурӯпошидаи артиш дар 7 октябрро зудуд. Пас аз ин амалиёт, анбӯҳе аз захмиҳои фаластинӣ ба бемористони бидуни имконоти «Шуҳадои ал-Ақсо» равона шуданд.

Ноа Аргамани, зани ҷавони 26-солае, ки ба унвони намоди бӯҳрони гаравгонгирӣ зоҳир шуда буд, дар як сохтмон нигаҳдорӣ мешуд ва 3 гаравгони марди дигар – Алмог Майери 22-сола, Андрей Козлови 27-сола ва Шломи Зиви 41-сола, дар як сохтмони дигар нигаҳдорӣ мешуданд.

Онҳо тайи 8 моҳи гузашта ба маконҳои мухталиф ҷо ба ҷо шуда буданд, аммо ҳаргиз дар тунелҳои Ҳамос нигаҳдорӣ нашуданд. Дар замони наҷоти онҳо дар утоқҳое қуфл шуда буданд, ки тавассути афроди мусаллаҳ Ҳамос муҳофизат мешуд…

Apnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти ду дӯсти қадимӣ
Чаро Омрико хостори оташбас дар Ғазза шуд?

Матолиби пурбоздид