Ансоруллоҳи Яман: “Омрико мехоҳад Арабистонро вориди даргирӣ бо Яман кунад”

Ансоруллоҳи Яман: “Омрико мехоҳад Арабистонро вориди даргирӣ бо Яман кунад”

Isna

Раиси ҳайати музокиракунандаи Санъо, зимни ҳушдор ба Арабистон дар бораи ҳар гуна таҷовузи ҷадид алайҳи Яман, аз талоши Вошингтун барои кашондани Арабистон ба даргирӣ бо артиши ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Исно, Муҳаммад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи Ансоруллоҳи Яман, аз ташкили утоқҳои амалиёти муштарак барои ҷабҳаҳои пуштибонӣ (Меҳвари Муқовамат) хабар дод.

Абдуссалом дар мусоҳиба бо Алмаёдин гуфт, тавофуқ бо Арабистон аз замони оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Вай тасреҳ кард: “Мо ба Арабистон нисбат ба ҳар гуна таҷовузи ҷадид алайҳи Яман ҳушдор медиҳем.”

Раиси ҳайати музокиракунанда Санъо ҳамчунин изҳор дошт, ки Вошингтун талош мекунад, то пойи Арабистонро ба даргирӣ боз кунад, ки Яманро аз ёрии Ғазза бозмедорад. Ҳар касе, ки моил аст даргирӣ густариш пайдо накунад, бояд ҷилави истикбори саҳюнистиро бигирад.”

Абдуссалом гуфт, Меҳвари Муқовамат дар пешрафтатарин марҳилаи худ аст ва табдил ба меҳвари қавӣ ва таъсиргузор шудааст.

Ҳамкорӣ миёни ҷабҳаҳои пуштибонӣ бо ҳадафи афзоиши фишор бар режими ишғолгар буда ва баъид нест, ки амалиёти муштараке анҷом шавад.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, боздоштҳо дорои ангезаҳои амниятӣ ҳастанд ва бархе аз афроди заъифуннафси шоғил дар бархе аз ниҳодҳо, иттилоотеро ба ниҳодҳои хориҷӣ медиҳанд.

Бар ин асос нест, ки онҳо коркунони Созмони Милал ё ҳар сафорате бошанд.

Ҳар кас аз боздоштшудагон, ки бегуноҳияш исбот шавад, фавран озод хоҳад шуд.

Isna  

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “153 бор ба киштиҳои Омрико ва саҳюнистҳо ҳамла кардем”
Guardian: Пизишкиён чашм ба беҳбуди робита бо Омрико дорад

Матолиби пурбоздид