Масъуди Пизишкиён кист?

Масъуди Пизишкиён кист?

Байналмилал

Масъуди Пизишкиёни ислоҳгаро, дорои мадраки дуктурои ҳирфаии пизишкӣ ва тахассуси ҷарроҳии умумӣ аз Донишгоҳи улуми пизишкии Табрез ва ҳамчунин фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб аз Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон аст.

Ин пизишк ва сиёсатмадори эронӣ дар 29 сентябри 1954 аз падари озарбойҷонӣ ва модари курд дар Маҳобод ба дунё омад.

Ӯ таҳсилоти ибтидоии худро дар зодгоҳаш Маҳобод тай кард ва сипас ба Урумия рафт ва дар ҳунаристони кишоварзии Урумия, дипломи санойеи ғизоӣ гирифт.

Пас аз дарёфти диплом, ҷиҳати анҷоми хидмати сарбозӣ ба шаҳри Зобул дар устони Систон ва Балучистон мунтақил шуд ва дар ҳамин давра буд, ки ба пизишкӣ алоқа пайдо кард ва дар натиҷа, пас аз итмоми хидмати сарбозӣ, дипломи дуввуми худро дар риштаи улуми таҷрибӣ дарёфт кард ва дар риштаи пизишкии Донишгоҳи улуми пизишкии Табрез пазируфта шуд.

Пизишкиён мадраки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб аз Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дорад, аз ин рӯ дар кобинаи дуввуми Сайид Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури вақти Эрон пас аз дарёфти раъйи эътимод аз Маҷлиси Шӯрои Исломӣ симати вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкиро бар ӯҳда дошт.

Ӯ сипас ба унвони намояндаи ҳавзаи интихоботии Табрез, ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ роҳ ёфт ва дар давраи даҳум, ба унвони ноибраиси аввали Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ анҷоми вазифа намуд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёу улумид дин
Мақоми Иброҳим (а)

Матолиби пурбоздид