Гузориши дидори Пизишкиён бо Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Фарорӯ, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфт:
“Ахиран бо Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ, раҳбари инқилоб дидор кардам. Ин дидор дар фазое самимӣ баргузор шуд ва гуфтугӯҳо наздик ба ду соату ним идома дошт.”
Вай афзуд: “Он чи дар ин дидор беш аз ҳар мавзӯи дигаре барои банда барҷаста буд, наҳваи мувоҷеҳа, навъи нигоҳ ва шеваи бархӯрди мутавозеона ва амиқан самимии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ буд. Рӯйкарде, ки фазои гуфтугӯро ба муҳите мубтанӣ бар эътимод, оромиш, ҳамдилӣ ва гуфтугӯи бевосита табдил карда буд.”
Пизишикиён идома дод: “Вақте олитарин мақоми кишвар бо чунин маниши ахлоқӣ, тавозӯъ ва руҳияи мардумӣ бо масъулон ва афрод мувоҷеҳ мешавад, ин рафтор ба сурати табиӣ метавонад улгуе барои низоми мудириятӣ ва идории кишвар низ бошад. Улгуе мубтанӣ бар масъулиятпазирӣ, наздик будан ба мардум ва шунидани воқеии масоил ва мушкилот, ҳамон тавр, ки раҳбари шаҳид ва муаззами инқилоби исломӣ дар сира ва амали худ ба он муқайяд буданд.”
Қаламонлайн













