Эҳёи тафаккури исломӣ (1)

Эҳёи тафаккури исломӣ (1)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иқбол ва эҳёи фикри динӣ

بسم اللَّه الرحمن الرحیم

الحمدللَّه رب العالمین بارئ الخلائق أجمعین والصلوة والسلام علی عبداللَّه ورسوله وحبیبه وصفیه وحافظ سره ومبلغ رسالاته سیدنا ونبینا ومولانا أبي القاسم محمد صلی الله علیه وآله أعوذ باللَّه من الشیطان الرجیم:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

(Анфол/24) “Эй аҳли имон! Чун Худо ва Расул шуморо ба имон даъват кунанд, иҷобат кунед, то ба ҳаёти абадӣ расед…”

Баҳсе, ки қаблан пеши худам дар назар гирифта будам барои имрӯз, ки рӯзи арбаъини ҳусайнӣ аст дар ин ҷо унвон кунам, “Пайванд бо шаҳидон” буд, ба муносибати ин ки имрӯз рӯзе аст, ки ду ҳодиса рух додааст ва ин ду ҳодиса сабаб шудааст, ки арбаъин, арбаъин бошад:

Яке, достони вуруди аввалин зоири расмӣ ба зиёрати Абӯабдиллоҳ (Имом Ҳусайн) алайҳис салом яъне рӯзи вуруди Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Мадина ба Карбало барои зиёрат. Ва дигар ин ки ба таври куллӣ зиёрати Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом дар ин рӯз маъсур (нақлшуда) аст, яъне ин рӯз, рӯзи зиёрати махсуси Абӯабдиллоҳ аст. Омадани Ҷобир ба зиёрати турбати муқаддаси Абӯабдиллоҳ ва ҳамчунин суннати зиёрат кардани Абӯабдиллоҳ аз дур ва наздик бо зиёроти маъсурае, ки ворид шудааст, ҳама ба манзури пайванд бо шаҳидон аст.

Аввал мехостам дар бораи ин матлаб баҳс кунам ва фалсафаи зиёрат рафтанҳо ва зиёрат карданҳо аз дурро таҳти ҳамин унвон баён кунам, вале ин баҳс мавкул шуд ба вақти дигар, чун дар ин чанд рӯзи гузашта дар се ҷаласае, ки ба муносибати ёдбуди муслеҳи бузурги исломӣ, Иқболи Покистонӣ, дар ин ҷо таъсис шуд, қарор бар ин буд, ки як баҳси нимсоатае таҳти унвони “Иқбол ва эҳёи фикри динӣ” эрод кунам ва назар ба ин ки вақт гузашт, худам тақозо кардам, ки мавкул ба вақти дигар бошад.

Аз тарафи дигар, дидам баҳси “Иқбол ва эҳёи фикри динӣ” баҳсе аст, ки бо ним соат наметавон онро поён дод ва таҷриба нишон додааст, ки ҳар вақт сӯҳбати кӯтоҳе дар бораи ин гуна баҳсҳо мешавад, ба куллӣ мубҳам ва ноқис ва номафҳум мешавад. Аз ин рӯ гуфтем, бошад барои маҷолҳои бештар, ки бояд дар ҷаласоти мутаъаддид дар ин бора сӯҳбат кард таҳти унвони “Эҳёи тафаккури исломӣ”; ҳамон мавзӯе, ки худи Иқбол конфронсҳое таҳти ҳамин унвон дар Покистон додааст; конфронсҳои бисёр илмӣ ва иҷтимоӣ ва бино буд ман ҳам дар атрофи ҳамин мавзӯъ сӯҳбат кунам.

Аз ин мард китобе чоп шудааст, ки маҷмӯае аст аз ҳафт конфронси ӯ дар Покистон, ки зоҳиран дар муҳитҳои донишгоҳӣ эрод шудааст, чун сатҳи ин конфронсҳо он қадр олӣ аст, ки баъид ба назар мерасад, ки дар маҷомеъи умумӣ эрод шуда бошад. Қатъан инҳо дар маҷомеъи илмӣ эрод шудааст. Ҳамаи инҳо таҳти ҳамин унвон аст.

Албатта ҳар конфронсе худаш як унвони мустақил дорад, яке таҳти унвони “Таҷрибаи динӣ”, дигаре таҳти унвони “Маҳакҳои фалсафӣ дар таҷрибаи динӣ”, дигаре таҳти унвони “Озодӣ ва ҷовидонии мани башарӣ” ва яке таҳти унвони “Руҳи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” ва яке таҳти унвони “Асли ҳаракат дар ислом” ва яке дигар дар мавзӯъи “Оё дин мумкин аст? “, ки ин титрро мегӯянд иқтибосе аст, ки аз Кант кардааст ва билохира як конфронс таҳти унвони “Тасаввури Худо ва маънии ниёиш”. Ба ҳар ҳол, ҳамаи инҳоро ин мард таҳти унвони “Эҳёи фикри динӣ” эрод кардааст.

Ман намехоҳам иддаъо кунам, ки тамоми ҳарфҳое, ки ӯ дар ин мавзӯъи бисёр бузург гуфтааст беинтиқод аст ва ё тамоми ҳарфҳо ҳамон аст, ки ин мард онҳоро эрод кардааст, вале аз боби ин ки ин мавзӯъро ӯ унвон карда ва дар ҳудуде, ки як нафар муфаккир метавонад дар ин мавзӯот баҳс кунад баҳс кардааст, бисёр-бисёр шоистаи тақдир ва тамҷид ва табҷил аст. Ман имрӯз бояд қисмати бештари ҳарфи худамро дар атрофи ҳарфҳои ӯ қарор бидиҳам гӯ ин ки ин баҳс доманаи васеъе дорад ва шояд тавфиқе пайдо шуд ва дар ҷаласоти дигаре муваффақ шудам дар бораи эҳёи тафаккури исломӣ баҳс кунам, вале ибтидоан мехоҳам он нуқоти барҷастаи афкори ӯро ба иттилоъи шумо бирасонам.

Иқбол, марде аст Урупорафта ва Урупошинохта, марде аст, ки аз таҳсилоти ҷадид баҳраи бисёр олӣ доштааст, марде аст, ки дунёи Урупо ӯро ба унвони як мутафаккир ва донишманд ва соҳибназар мешиносад. Ӯ касе нест, ки дар гӯшаи Ҳинд мунзавӣ шуда ва аз дур шабаҳе аз Урупо дар назараш муҷассам шуда бошад ва баъд бихоҳад интиқодоте бикунад. Ӯ Урупоро аз наздик дида ва шинохта ва таҷзияву таҳлил кардааст. Ба илми ҷадид ҳам бисёр алоқаманд аст ва ҷавонони мусалмонро ташвиқ мекунад, ки улуми ҷадидро биёмӯзанд. Ӯ касе нест, ки бо улуми ҷадид мухолиф бошад ё мусалмононро парҳез бидиҳад, ки улуми ҷадидро наомӯзед.

Бо ҳамаи ин ҳарфҳо, ки марде аст, ки таҳсилоти олияи худашро дар Урупо карда ва Урупоро шинохтааст ва ба арзиши илми ҷадид фавқулъода воқиф ва мӯътариф аст, дар айни ҳол, аввалин чизе, ки дар гуфтори ин мард ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад ва онро дар ашъори худаш ба сурати манзум баён кардааст ин аст, ки он чизеро, ки имрӯз “тамаддуни урупоӣ” меноманд — яъне маҷмӯъи шуъуни зиндагии урупоӣ, идеалҳое, ки тамаддуни имрӯзи урупоӣ ба башар медиҳад, роҳу расме, ки ба башар меомӯзад, ахлоқ ва одот ва билохира масире, ки Урупои имрӯз дорад — на танҳо як чизи хубе намедонад, балки як амри бисёр-бисёр хатарноке, ҳам барои башарият ва ҳам барои худ мардуми Урупо медонад. Яъне Иқболи Урупорафта ва Урупошинохта, ояндаи тамаддуни Урупоро бисёр шум ва хатарнок медонад ва ин қисматҳоро дар калимоти худаш зиёд гунҷондааст ва ман моил ҳастам он қисматҳоро, ки аз навиштаҳои худи Иқбол ёддошт кардаам, барои шумо бихонам, то бибинед ин мард чӣ назаре роҷеъ ба тамаддуни имрӯзи Урупо дорад ва бо ин ки ба илми урупоӣ хушбин аст, ба тамаддуни урупоӣ то чӣ ҳудуд бадбин аст ва то чӣ андоза машриқзаминиҳо ва махсусан мусалмононро парҳез медиҳад, ки таҳти таъсири тамаддуни Урупо қарор нагиранд.

Аз ҷумла дар калимоти худаш чунин мегӯяд: “Онҳо, ки чашмашон аз тақлид ва бардагӣ кӯр шудааст, наметавонанд ҳақоиқи бепардаро дарк кунанд. Ин фарҳанг ва тамаддуни ниммурдаи урупоӣ чӣ гуна метавонад кишварҳои Эрон ва арабро ҳаёти навин бахшад, ҳангоме, ки худ ба лаби гӯр расидааст…”

Ҳамчунин мегӯяд: “Барҷастатарин намуди таърихи ҷадид, суръати азиме аст, ки ҷаҳони ислом бо он суръат аз лиҳози руҳӣ дар ҳоли ҳаракат ба тарафи Мағрибзамин аст…”

Мегӯяд, барҷастатарин намуди таърихи ҷадиди ин кишварҳо ин аст, ки ба суръат ба сӯйи Мағрибзамин ҳаракат мекунанд. Баъд, барои ин ки миёни илм ва тамаддун Мағрибзамин тафкик кунад мегӯяд: “Ва дар ин ҳаракат, ҳеч чиз нодуруст ва ботил нест чӣ, фарҳанги урупоӣ аз ҷанбаи ақлонии он (яъне фақат аз ҷанбаи илмӣ ва фикрӣ) густарише аз баъзе муҳимтарин мароҳили фарҳанги исломӣ аст. Яъне агар мо танҳо ҷанбаи фикрӣ ва илмии Урупоро дар назар бигирем, ҳар чи ба он сӯ биравем, барои мо хатар надорад, чун илм, илм аст ва илми Урупо дунбола ва имтидоди улуми исломӣ аст. Фарҳанги Урупо ба маънии илми Урупо дунболаи фарҳанги исломӣ аст. Тарси мо танҳо аз ин аст, ки зоҳири хиракунандаи фарҳанги урупоӣ аз ҳаракати мо ҷилавгирӣ кунад ва аз расидан ба моҳияти воқеии он фарҳанг оҷиз бимонем…”

Мегӯяд, он чи ман метарсам ин аст, ки мо ин зоҳирро бибинем, санъат ва улуми табииро бибинем, аммо он ботине, ки башарро ба сӯйи он савқ медиҳад набинем, натавонем таҷзияву таҳлил кунем.

Дар ҷойи дигари китоби худаш мегӯяд: “Ақл, ба танҳоӣ қодир нест, ки башарро наҷот бидиҳад ва бузургтарин айби фарҳанги Урупо ин аст, ки мехоҳад бо ақл ба танҳоӣ (бидуни ин ки бо руҳ, бо виҷдон, бо имон пайванде дошта бошад, фақат бо нерӯи ақл) киштии башариятро аз маҳлака наҷот бидиҳад…”

Мегӯяд: “Мисолигарии Урупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дар наомадааст. Мисолигарии Урупо яъне идеализми Урупо, камоли матлубҳое, ки фарҳанги урупоӣ ба башар медиҳад, маслакҳое, ки ба вуҷуд меоварад, “…исм”-ҳое, ки ба вуҷуд меоварад ва хаёл мекунад мулҳақ шудан ба ин “…исм”-ҳо башарро метавонад наҷот бидиҳад…”

Мегӯяд: “Ин “…исм”-ҳо воқеан натавонистааст моҳияти урупоиро иваз кунад, инсонияш кунад ва аз марҳилаи лафз ва забон ҷилав наомадааст. Ба иборати соддатар, урупоӣ ва Урупо зиёд аз эҳсон ва инсондӯстӣ дар калом ва навишта ва эъломияҳои худаш дам мезанад, вале чун инҳо фақат аз фикр ва ақлаш сарчашма мегирад ва на аз руҳаш, аз ин рӯ дар виҷдони худаш асар нагузоштааст. Урупоӣ мегӯяд, инсон, вале амалан инсондӯст нест. Урупоӣ мегӯяд, ҳуқуқи башар, вале амалан ва воқеан эҳтироме барои башар ва ҳуқуқи башар қоил нест. Урупоӣ рӯйи фарҳанги “…исм”-ҳои худаш мегӯяд, озодӣ, вале воқеан дар умқи руҳи худаш ба озодӣ имон надорад. Мегӯяд, мусовот ва адолат, вале дар умқи виҷдони худаш, ба адолат ва мусовот пойбанд нест…”

Иқбол мегӯяд: “Натиҷаи он, пайдоиши “ман”-и саргардоне аст (яъне руҳи саргардоне аст), ки дар миёни демократияҳои носозгор бо якдигар, ба ҷустуҷӯи худ мепардозад, ки кори онҳо мунҳасиран баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст… Ин ҳама, ки дам аз адолат задааст, тамоми “…исм”-ҳои зидду нақиз, ки дар Урупо пайдо шуда, натиҷаи ниҳоии онҳо чист? Баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон…”

Баъд мегӯяд: “Сухани маро бовар кунед, ки Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст…”

Ин як нукта дар руҳи оқои Иқбол, ки онро зиёд таблиғ мекунад ва алоқаманд аст мусалмонон, махсусан ҷавонони мусалмон, он касоне, ки каму беш бо зоҳири фарҳанги ғарбӣ ошно ҳастанд, ба ин нукта аз ин марди хабири огоҳи мутталеъ, огоҳ шаванд.

Нуктаи дуввуме, ки ин мард рӯйи он бисёр исрор дорад ин аст, ки он нақсе, ки дар фарҳанг ва тамаддуни Урупои имрӯз вуҷуд дорад, дар фарҳанг ва тамаддуни асили исломӣ вуҷуд надорад; он интиқодҳои асил ва асосӣ, ки бар фарҳанги Урупо, ки фарҳанги моддии маҳз аст ворид аст, бар фарҳанги исломӣ ворид нест.

Аз ин рӯ дар қисмати дигари каломи худаш, кӯшиш мекунад, ки пояҳои асосии фарҳанги исломӣ ва имтиёзҳои фарҳанг ва тамаддуни исломиро муаррифӣ кунад, ки ман боз қисмате аз онҳоро барои шумо мехонам, то баъд вориди масъалаи эҳёи фикри динӣ шавам. Дар он қисмат аз суханони худаш ин ҷур мегӯяд:

“Мусалмонон, молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфнои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳад. Барои фарди мусалмон шолудаи руҳонии зиндагӣ амре эътиқодӣ аст ва барои дифоъ аз ин эътиқод ба осонӣ ҷони худро фидо мекунад…”

Хулосаи ҳарфашро бароятон тавзеҳ бидиҳам; мегӯяд: ислом он чиро, ки барои башар пешниҳод мекунад, чун пуштвонааш имони мазҳабӣ аст ва аз ваҳй сарчашма гирифтааст, метавонад, то аъмоқи руҳи башар нуфуз бидиҳад, ҳамин тавре, ки нишон додааст ва нишон медиҳад, ки ҳатто дар асри ҳозир чунин қудратеро дорад.

Пас агар ислом масалан ҳуррият ва озодиро пешниҳод мекунад, агар адолат ё инсондӯстиро пешниҳод мекунад, агар ҳуқуқи башарро пешниҳод мекунад, пешниҳодҳое аст, ки дар руҳи башар замонати иҷроӣ дорад. Вале он чи Урупо мегӯяд, пешниҳодҳое аст, ки замонати иҷроӣ надорад.

Мегӯяд, башарияти имрӯз ба се чиз ниёзманд аст:

  1. Таъбире руҳонӣ аз ҷаҳон;

Яъне аввалин чизе, ки башар ба он ниёзманд аст ин аст, ки ҷаҳон тафсире руҳонӣ ва маънавӣ бишавад, на тафсири моддӣ. Аввалин чизе, ки башарро саргардон кардааст ва ба мӯҷиби он ҳеч фикр ва ақидае ба сурати имони воқеӣ дар башар ба вуҷуд намеояд, материализм ва моддигарӣ аст, тафсири ҷаҳон аст ба сурати моддӣ, ки ҷаҳон ҳар чи ҳаст моддиёт аст, ҷаҳон кӯру кар аст, ҷаҳон бешуъур аст, аҳмақ ва аблаҳ аст, ҷаҳон ҳадаф сараш намешавад, ҷаҳон ҳаққу ботил намефаҳмад, ҷаҳон дурусту нодуруст намефаҳмад, дар ҷаҳон ҳаққу ботил бо як миқёс санҷида мешавад, ҳеч чиз дар дунё ҳадаф надорад ва мо ба абас офарида шудаем.

Мегӯяд, ин фикр аст, ки руҳи тамаддуни башарро зойеъ карда ва мекунад. Аввалин чизе, ки башар ба он мӯҳтоҷ ва ниёзманд аст, таъбире руҳонӣ аз ин ҷаҳон аст.

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا

(Мӯъминун/115) Беҳудагӣ дар кор нест, ҷаҳонро соҳибе бошад Худо ном. Ҷаҳон ба ҳақ барпост, ҷаҳон ба адолат барпост, некӣ ва бадӣ дар он гум намешавад, ҷаҳон самиъу басир аст.

لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ

(Бақара/255) Огоҳ ва оқил аст. Вале танҳо ин (таъбире руҳонӣ аз ҷаҳон) кофӣ нест.

  1. Озодии руҳонии фард;

Ин дар муқобили масеҳият аст. Озодии фардӣ яъне барои фард шахсият қоил шудан. Агар инсон аз ҷаҳон таъбире руҳонӣ кунад ва барои фард шахсият қоил набошад, истеъдодҳо буруз намекунад.

  1. Усули асосӣ ва дорои таъсири ҷаҳонӣ, ки такомули иҷтимоии башариро бар мабнои руҳонӣ тавҷеҳ кунад. Мақсудаш, муқаррароти асосии исломӣ аст. Беш аз ин ман дар ин ду замина аз Иқбол иборатхонӣ намекунам.

Оё Иқбол мисли бисёре аз мо, дар ҳамин ҳадд мутаваққиф мешавад? Яъне навоқис ва айбҳои тамаддуни урупоиро мебинад ва исломро дар сурати асосӣ ва зиндаи худаш мебинад ва баъд мегӯяд матлаб тамом шуд?

На, як матлаб, ки Иқбол рисолати худаш ва рисолати ҳар мусалмони равшанфикри мӯъминеро дар он медонад, дар ин қисмати севвум аст. Ин ҳафт хитобае, ки ин мард таҳти унвони “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” эрод кардааст, барои ин манзури севвум аст. Ҳатто дар ашъори худаш каму беш ҳамин манзури севвумро дорад, албатта манзури аввалро ҳам дорад.

Дар ашъоре, ки дар ҳамин ҷаласот хонда шуд, шумо дидед, ки Иқбол чӣ қадр аз тақлиди кӯр-кӯронае, ки мусалмонон аз тамаддуни ғарбӣ доранд интиқод мекунад; ва дар бораи ислом, ки ислом чунину чунон аст, дар ашъори худаш он чиро, ки бояд ва метавонистааст бигӯяд, гуфтааст.

Қисмати севвум ин аст: оё исломи воқеӣ имрӯз дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад?

* * *

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи паҳподҳои интиҳории Ҳизбуллоҳ ба мақарри фармондеҳии артиши Исроил
Мусалмонии шумо мисли коммунист будани коммунистони даврони СССР набошад

Матолиби пурбоздид