Сайре дар сираи набавӣ – I
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Дебоча (1)
а) Инсон имрӯз бо ҳамаи пешрафтҳои мӯъҷизаосо, аз лиҳози инсоният гоме пеш нарафта:
Падидаи даъват, ки фарде аз афроди як навъ соири афродро ба ақида ва мароме бихонад ва онҳоро ба сӯе бикашонад, аз мухтассоти иҷтимои башарӣ аст.
Шуоъи таъсири ин даъватҳо аз ҳайси арзу тӯлу умқ яксон нест, мутафовит аст. Таъсири бештари онҳо кам буда ва дар абъоди кучаке сурат гирифта ва мегирад ва аз ин рӯ аз ҷанбаи таърихӣ ва иҷтимоӣ қобили таваҷҷӯҳ ва аҳаммият нест. Аммо порае аз даъватҳост, ки лоақал дар як буъд пешравӣ доштааст. Масалан, сатҳи васееро ҳарчанд барои муддати кӯтоҳе фаро гирифта ва ё қарнҳои мутамодӣ — ҳарчанд дар миёни мардуми андак — давом ёфта ва ё нуфузи решадор гарчӣ дар миёни мардуми андак ва дар замоне нисбатан кӯтоҳ пайдо кардааст. Ин гуна даъватҳо дар хӯри аҳаммият ва шоистаи баррасӣ ва таҳлил ва аҳёнан таҷлил аст.
Он чи беш аз ҳама дар хӯри аҳаммият ва қобили таваҷҷӯҳ аст, даъватҳое аст, ки дар ҳамаи абъод пешравӣ доштааст; ҳам сатҳи бисёр васееро ишғол карда ва ҳам қарнҳои мутамодӣ дар камоли иқтидор ҳукумат карда ва ҳам то аъмоқи руҳи башар реша давондааст.
Ин гуна даъватҳои себуъдӣ махсуси силсилаи паёмбарон аст. Кадом мактаби фикрӣ ва фалсафиро метавон пайдо кард, ки монанди адёни бузурги ҷаҳон бар садҳо миллион нафар дар муддати 30 қарну 20 қарн ва ҳадди ақал 14 қарн ҳукумат кунад ва ба сирри замирҳои афрод чанг биандозад? Ҳамин ҷиҳат сабаб шуда, ки паёмбарон мустақим ё ғайри мустақим офаринандаи аслии таърих бошанд.
Таърих ба дасти башар ва башар беш аз ҳар чизи дигар ба дасти паёмбарон сохта ва пардохта шудааст. Агар дар арсаи халлоқият ва созандагӣ, заминаро “инсон” фарз намоем, ҳеч ҳунарманд ва санъатгаре ба пойи паёмбарон намерасад. Номуси офариниш ҷаҳонро мусаххари инсон ва инсонро мусаххари нерӯи имон ва паёмбаронро силсилаҷунбони ин нерӯ қарор додааст.
Ҳар чизе ҷуз он чи имон ном дорад, аз ақлу илму ҳунару санъату қонуну ғайра, абзоре аст дар дасти одамӣ ва василае аст барои ирзои тамоюлот ва таскини ғароиз ва таъмини хостаҳои поённопазири ӯ. Одамӣ ҳамаи инҳоро дар роҳи мақосид ва ҳавоҳои нафси хеш истихдом мекунад ва ҳамчун абзоре аз онҳо баҳра мебарад. Танҳо нерӯи имон аст, он ҳам аз навъи имоне, ки паёмбарон арза мекунанд, ки аз як тараф ба таъбири Қуръон ҳаёти тозае ба руҳ медиҳад, (1) яъне бо ироаи як силсила ҳадафҳои олӣ ва инсонӣ ва мофавқи табиӣ, хостаҳои наве ба вуҷуд меоварад ва ба дунболи он, эҳсосоти рақиқ ва авотифи латиф халқ мекунад ва билохира ҷаҳони даруни инсонро дигаргун сохта ва басе вусъат мебахшад. Ва аз тарафи дигар тамоюлот ва ғароизи табииро таъдил ва маҳор менамояд.
Дар муқобили қудрати илмӣ ва фаннии башар ҳеч дежи тасхирнопазире вуҷуд надорад ҷуз яке, он деж руҳу нафси одамӣ аст. Кӯҳу саҳро ва дарёву фазо ва замину осмон, ҳама дар қаламрави қудрати илмӣ ва фаннии башар аст. Танҳо марказе, ки аз ин қаламрав хориҷ аст, наздиктарини онҳо ба одамӣ аст. Мутеъ кардан ва мусаххар сохтани ин деж ба қавли Мавлавӣ:
Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,
Шери ботин сухраи харгӯш нест.
Ва аз қазо, хатарноктарин душманони осоишу оромиш, амнияту адолат, озодиву мусовот ва билохира хушбахтӣ ва саодати башар дар ҳамин деж пинҳон шуда ва камин кардааст:
أَعْدی عَدُوِّكَ نَفْسُكَ الَّتی بَیْنَ جَنْبَیْكَ
(“Бузургтарин душмани ту ҳамон нафси туст, ки миёни ду паҳлӯи туст.” (Ҳадиси набавӣ))
Башар имрӯз пас аз ин ҳама муваффақиятҳои илмӣ дардмандона менолад. Аз чӣ менолад? Касриҳо ва камбудҳояш дар кадом ноҳия аст? Оё ҷуз дар ноҳияи хулқу хӯй ва “одамият” аст? Башар имрӯз аз назари илмӣ ва фикрӣ по ба ҷое ниҳода, ки оҳанги сафари афлок карда ва Суқротҳо ва Афлотунҳо бояд ифтихори шогирдиашро бипазиранд, аммо аз назари руҳ ва хӯй ва маниш, як “зангии масти теғи буррон ба даст” беш нест.
Инсон имрӯз бо ҳамаи пешрафтҳои мӯъҷизаосо дар ноҳияи илму фанн, аз лиҳози мардумӣ ва инсоният гоме пеш нарафта, балки ба сиёҳтарин даврони сиёҳи хеш бозгаштааст, бо як тафовут. Ва он ин ки аз баракати қудрати илмӣ ва фалсафӣ ва адабии хеш, бар хилофи гузашта, тамоми ҷиноятҳоро дар зери пардае аз тазоҳур ба инсоният ва ахлоқ, навъпарастӣ, озодихоҳӣ ва сулҳдӯстӣ анҷом медиҳад. Сароҳат ва якрӯӣ ҷойи худро ба дурӯӣ ва фосила миёни зоҳиру ботин додааст. Дар ҳеч даврае монанди асри ҷадид дар бораи адолат, озодӣ, бародарӣ, инсондӯстӣ, сулҳ ва сафо, ростӣ ва дурустӣ, амонат ва садоқат, эҳсон ва хидмат сухан гуфта нашудааст ва дар ҳеч асре ҳам монанди ин аср бар зидди ин умур амал нашудааст. Дар натиҷа башари имрӯз мисдоқи сухани Худованд шудааст:
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَى مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ. وَإِذَا تَوَلَّى سَعَى فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ
(“Ва порае аз мардум ҳастанд, ки сухани онҳо дар (масолеҳи) зиндагонии дунё туро ба шигифт оварад ва хушоянди туст ва Худовандро бар он чи дар дил доранд гувоҳ мегиранд ва ҳол он ки сарсахттарини душманон ҳастанд ва чун аз назди ту бираванд, кӯшиш мекунанд, то дар замин фасод кунанд ва кишту заръ (манобеи иқтисодӣ) ва насл (нерӯҳои инсонӣ)-ро табоҳ созанд…” (Сураи Бақара, оятҳои 204 ва 205))
Дар ҷаҳони имрӯз аз як тараф лофи навъхоҳӣ ва башардӯстӣ бо бонге ҳар чӣ баландтар гӯшҳоро мехарошад ва аз тарафи дигар доманаи миллатпарастӣ — ки худ навъе таваҳҳуш аст — бо ҳамаи таассубот ва худхоҳиҳо ва қасоватҳо ва оташафрӯзиҳои ношӣ аз он, рӯз ба рӯз боло мегирад. Ин яке аз таноқузоте аст, ки мантиқи башар имрӯз гирифтори он аст.
Оё сухане ёватар ва даъвате пучтар аз ин метавон ёфт, ки аз тарафе, дин — он ягона пуштвонаи арзишҳои инсонӣ — ро пушти сар бигузорем ва аз тарафи дигар, дам аз инсоният ва ахлоқ бизанем ва бихоҳем бо зӯри лаффозӣ ва панду андарзҳои тухолӣ, табиати башарро тағйир диҳем? Коре аст аз қабили нашри банкнотҳои бидуни зомин ва пуштвона.
На ин аст, ки башари ин қарн ин нақсҳо ва камбудиҳоро эҳсос намекунад ва ё ба фикри чора наафтодааст. Хайр. Ба тамоми вуҷуди хеш онро ламс мекунад. Ин фалсафаҳои пуртумтуроқ ва созмонҳои азими байналмилалӣ ва эъломияҳои баландболо ба номи “ҳуқуқи башар”, мавлуди чӣ эҳсосе ғайр аз эҳсоси ин каму касрҳост? Аммо мутаассифона мисли ин ки таҷрибаи маъруфи “Занг ва гурба” (2) бори дигар такрор мешавад. Айбу ишколи кор ҳамон айбу ишкол аст: фуқдони қудрати иҷроӣ.
Ин фалсафаҳо ва созмонҳо ва эъломияҳо ва қатъномаҳо суде ба инсони маҳрум набахшид, балки натиҷаи маъкус дод ва “сиркангабин сафро фузуд”; ресмонҳое, ки ба номи боло кашидани ӯ аз қаъри чоҳ ба вуҷуд омада, ба сурати ҳалқаҳое даври гулӯяш печида ва беш аз пеш онро фишор медиҳад.
Ҳақиқат ин аст: чизе, ки дар низоми офариниш маҳкуми чизи дигар офарида шуда, ба зӯри фалсафа ва эъломия ва мақола ва хитоба наметавон онро ҳоким бар он чиз қарор дод. Илму фикру фалсафа ҳоким бар табиати ҷаҳонӣ аст, аммо маҳкуми табиати инсонӣ. Ҳуқуқи башар то вақте, ки фақат шакли як фалсафа дорад, табъан абзоре барои табиати башар хоҳад буд.
Мо акнун дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки он чизе, ки маҳкуми табиати башар аст, сахт тавсиъа ёфта ва нерӯ гирифта, аммо он чизе, ки ҳоким бар табиати ӯст нотавон мондааст ва лоақал ба нисбати тавсиъа ва тавоноии он дигарӣ пеш нарафтааст. Натиҷаи он ҳама пешрафтҳо дар сатҳи масоиле, ки маҳкуми табиати башар аст ин шуда, ки ҳар кас дар роҳе, ки меравад ва дар пайи мақсуде, ки мехоҳад, сареътар ва пурқудраттар меравад ва медавад. Бидуни он ки дар навъи хоста ва тарзи тафаккури ӯ дар бораи зиндагӣ ва ҳадафи зиндагӣ ва дар эҳсосот ва тамоюлот ва авотифи ӯ ва билохира дар сатҳи масоиле, ки ҳоким бар табиати ӯст, кучактарин тағйире пайдо шуда бошад. Башар то тавониста муҳити атрофи худро тағйир дода бидуни он ки битавонад ё бихоҳад худро ва тарзи тафаккури худро ва авотиф ва тамоюлоти худро иваз кунад. Решаи мушкилоти имрӯзи башарро дар ҳамин ҷо бояд ҷуст, ҳамчунон ки решаи ниёзи башарро ба дин ва маънавият ва имон ва паёмбар низ дар ҳамин ҷо бояд ба даст овард.
Муслеҳ ва муфаккири бузурги исломӣ, Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:
“Башарият имрӯз ба се чиз ниёзманд аст: таъбире руҳонӣ аз ҷаҳон, озодии руҳонии фард (3) ва усули асосии дорои таъсири ҷаҳонӣ, ки такомули иҷтимои башариро бар мабнои руҳонӣ тавҷеҳ кунад.“
Он гоҳ изофа мекунад ва мегӯяд:
“Шак нест, ки Урупои ҷадид дастгоҳҳои андешаӣ ва мисолӣ таъсис кардааст, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳақиқате, ки аз роҳи ақли маҳз ба даст меояд, наметавонад он ҳарорати эътиқоди зиндаеро дошта бошад, ки танҳо ба илҳоми шахсӣ ҳосил мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки ақли маҳз чандон таъсире дар навъи башар накарда, дар сурате, ки дин пайваста мояи иртиқои афрод ва тағйири шакли ҷавомеи башарӣ будааст. Мисолигарии Урупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада ва натиҷаи он “ман”-и саргардоне аст, ки дар миёни демократияҳои носозгор бо якдигар ба ҷустуҷӯи худ мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст.“ (4)
Агар Неҳру, нахуствазири фақиди Ҳинд, пас аз як умр лодинӣ, дар шомгоҳи умри хеш ба ҷустуҷӯи Худо бармеояд ва мӯътақид мешавад, ки: “дар баробари халаъи маънавии тамаддуни ҷадиде, ки ривоҷ мепазирад, беш аз дирӯз бояд посухҳои маънавӣ ва руҳонӣ биёбем” барои ин аст, ки ба решаи аслии мушкилоти имрӯзи башар пай бурда ва дониста, ки башари имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ниёзманд ба озодии руҳонӣ ва маънавӣ аст. Ва рафъи ин ниёзмандӣ бидуни ин ки дар тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ӯ тағйири асосӣ дода шавад — ки ҳастӣ ва ҳаётро бомаънӣ бидонад, на пучу беҳуда — муяссар нест. Ва агар Бернард Шоуро мебинем, ки мегӯяд:
“Чунин пешбинӣ мекунам ва аз ҳамакнун осори он падидор шудааст, ки имони Муҳаммад мавриди қабули Урупои фардо хоҳад буд ва ба ақидаи ман, агар марде чун ӯ соҳибихтиёри дунёи ҷадид шавад, тавре дар ҳалли масоил ва мушкилоти дунё тавфиқ хоҳад ёфт, ки сулҳу саодат, ки орзуи башар аст, таъмин хоҳад шуд.“ —
— барои ин аст, ки эҳсос мекунад, ки илова бар лузуми тафсири руҳонӣ аз ҷаҳон ва лузуми озодии руҳонии афрод, усули асосии дорои таъсири ҷаҳонӣ лозим аст, ки такомули иҷтимои башариро бар мабнои руҳонӣ тавҷеҳ кунад ва ба қавли Иқбол: “мубтанӣ бар ваҳйе бошад, ки аз дарунитарин жарфнои зиндагӣ баён шавад ва ба зоҳирӣ будани сурии он ранги ботинӣ диҳад.”
Қуръон дар оятҳои зебо ва дилнишини худ се чизро ба унвони шадидтарин ниёзмандиҳои башар ёдоварӣ мекунад:
1) имон ба “Аллоҳ”; имон ба ин ки “ҷаҳонро соҳибе бошад Худо ном”. Ба иборати дигар, тафсири руҳонӣ аз ҷаҳон;
2) имон ба расул ва рисолати ӯ; яъне имон ба таълимоти озодибахш ва ҷондоре, ки такомули иҷтимоъро бар мабнои руҳонӣ тавҷеҳ кунад ва ба зиндагии сурӣ ранги маънавӣ бидиҳад;
3) ҷиҳод ба молу нафс дар роҳи Худо (5); яъне озодӣ ва озодагии маънавӣ.
Ниёзе мубрамтар аз ин ниёзҳо натавон ёфт.
Дар миёни мактабҳо ва маслакҳо ва динҳо ва ойинҳо, танҳо ислом аст, ки қудрати посухгӯӣ ба ин се ниёзро дорад. Пас аз 14 қарн, ки аз зуҳури ислом мегузарад, ҷаҳон ҳамон андоза ниёзманди он аст, ки дар рӯзи аввал буд. Он рӯзе, ки эҳсоси ин ниёзҳо умумият пайдо кунад — ва чунин рӯзе дур нест — башар роҳе ҷуз ин ки худро ба оғӯши ислом афканад нахоҳад дошт.
Имрӯз навъе заъф ва эъроз нисбат ба ҳамаи динҳо машҳуд аст. Ислом низ дар даруни худ дучори навъе бӯҳрон аст. Ҳақиқат ин аст, ки ислом дар ин ҷиҳат ғаромати иштибоҳи калисоро мепардозад. Аксуламалҳои ноҳинҷоре, ки калисо дар давраи ренессанс дар баробари илму тамаддун нишон дод, зарбаи бузурге ба ҳайсияти дин ба таври умум ворид овард ва сабаб шуд, ки ақоиди диниро ба таври куллӣ мухолиф бо илму дониш талаққӣ кунанд. Ин қазоват дере нахоҳад поид. Аз ҳамакнун бар касоне, ки лоақал дар таърихи ислом мутолеае доранд, равшан аст, ки ҳисоби ислом аз калисо ҷудост. Ислом худ бунёнгузори як тамаддуни азим аст ва дар таърихи ифтихоромези худ донишгоҳҳо ба вуҷуд овард ва донишмандони нобиға ба ҷаҳон таҳвил дод ва ба илму тамаддун кӯмаки фаровон кард. Бо мутолеаи таърихи ислом, ба арзиши азим ва ғуруромези хадамоти ислом ба тамаддуни башарӣ ва дайни бисёр сангини Урупои имрӯз ба тамаддуни исломӣ воқиф мешавем; маълум мегардад, ки он чи дар бораи ислом содиқ аст, дуруст зидди он чизе аст, ки дар бораи калисо содиқ мебошад. Калисо на танҳо тамаддуне ба вуҷуд наёвард, балки тамаддунеро, ки ба ӯ гаравида буд фосид кард, вале ислом худ тамаддуни дурахшоне ба вуҷуд овард ва ба ҷаҳон арза дошт. Ислом танҳо дине аст, ки тавониста худ бунёнгузори як тамаддуни ҳамаҷониба бишавад. Ба қавли шайх Муҳаммад Абдуҳ:
“Урупо аз он рӯзе, ки мазҳаби хешро раҳо кард ҷилав рафт ва мо аз он рӯзе, ки мазҳаби хешро раҳо кардем, ақиб рафтем.“
Тафовути ду дин аз ҳамин ҷо равшан мешавад. Раҳо кардани Урупо мазҳаби хешро, пас аз бархӯрд бо ҷаҳони ислом сурат гирифт ва ин раҳо кардан ба сурати гароиш ба арзишҳои исломӣ анҷом шуд.
* * *
(1) Худо мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ
“Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва паёмбарро иҷобат кунед ҳангоме, ки шуморо ба сӯи чизе михонад, ки мояи ҳаётатон аст…” (Сураи Анфол, ояти 24)
(2) Афсонаи “Занг ва гурба” марбут ба гурӯҳе аз мушҳост, ки дар мавриди барномаи хунсо кардани таҳдиди як гурбаи ғоратгар баҳс мекунанд. Яке аз онҳо пешниҳод мекунад, ки зангеро даври гардани ӯ бигузоред, то бифаҳмем куҷост ва чӣ кор мекунад. Ин тарҳ тавассути дигарон мавриди таҳсин қарор мегирад, то ин ки як муш мепурсад, чӣ касе довталаб мешавад зангро рӯи гурба бигузорад? Ҳамаи онҳо баҳона мегиранд.
(3) Танҳо озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ кофӣ нест.
(4) Эҳёи фикри динӣ дар ислом, с.203 ва 204.
(5) Худо мефармояд:
تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ
“Ба Худо ва расули ӯ имон оред ва ба молу ҷон дар роҳи Худо талош кунед…” (Сураи Сафф, ояти 11)
Идома дорад…
Қаламонлайн