Паёми Омрико ба Эрон аз тариқи Миср дар бораи посух ба терури Ҳаниа

Паёми Омрико ба Эрон аз тариқи Миср дар бораи посух ба терури Ҳаниа

Ахбори байналмилал

Пойгоҳи Ал-арабӣ ал-ҷадид (наздик ба Қатар), аз талошҳои Миср тайи соатҳои гузашта ба манзури коҳиши таниш дар минтақа, пас аз терури Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон хабар дод.

Ин пойгоҳ хотирнишон карда, ки мақомоти диплумотик ва сиёсии Миср ва Эрон дар соатҳои гузашта бо якдигар тамосҳое гирифтаанд ва тайи он паёмҳое аз тариқи Қоҳира ба Теҳрон ирсол шуда, ки дарбардорандаи ҳушдорҳои Омрико ба Эрон дар бораи вокуниши Эрон ба терури Ҳаниа дар Теҳрон, пас аз маросими савганди Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон ва ҳамчунин терури Фуод Шукр, раҳбари низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷануби Бейрут аст.

Бар асоси ин гузориш, Қоҳира ҳушдорҳои Омрикоро ба Эрон нисбат ба ҳадаф қарор додани мақомот ё диплумотҳои исроилӣ дар ҳар як аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин ҳадаф қарор додани маконҳо, минтақаҳо ё таъсисоти ғайринизомӣ ё тиҷорӣ дар Исроил, чӣ мустақиман аз хоки худ ё муттаҳидони худ дар минтақа иблоғ кардааст.

Талош барои фурӯ нишондани бӯҳрон

Ҳасан Ҳаридӣ, муовини пешини вазири умури хориҷаи Миср низ дар гуфтугӯ бо Ал-арабӣ ал-ҷадид гуфт: “Зимоми умур дар ҳоли хориҷ шудан аз дастони мост, Миср дар гузашта ва ҳамакнун талош мекунад, аммо вазъияти минтақа барои ҷилавгирӣ аз бӯҳронитар шудан, ба иттиҳод ва ҳамдилии ҳамаи кишварҳо ниёз дорад.”

Бар асоси баёнияи расмии Миср, Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср, (панҷшанбе) мизбони Барбара Лю, дастёри вазири хориҷаи Омрико дар умури Ховари Наздик буд ва “таҳаввулоти бӯҳрони Ғазза ва талошҳои анҷомшуда барои оташбас ва роҳҳои коҳиши ташдиди таниш дар минтақа”-ро баррасӣ карданд.

Алӣ Боқирии Каннӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср низ рӯзи гузашта дар тамосе телефонӣ, охирин таҳаввулоти минтақа, бавежа пас аз терури Ҳаниа дар Теҳронро баррасӣ карданд.

Аммо Қоҳира ҳеч сигноле аз мақомоти Теҳрон дар бораи марҳилаи баъдӣ ё иқдомоти мавриди интизори Эрон дарёфт накард ва тарафи эронӣ фақат ба дидгоҳҳо ва паёмҳои Қоҳира гӯш фаро дод.

Бар асоси ин гузориш, Миср дар бораи эҳтиёт дар тасмимгириҳо тавсияҳоеро матраҳ кард ва ин ки пеш аз анҷоми ҳар иқдоме, ҳамаи паёмадҳои мавриди интизори он мутолиа шавад, бо ин иддао, ки минтақа рӯйи “бушкаи борут” аст ва “ҳар ҷараққае“ имкон дорад кулли минтақаро мунфаҷир кунад.

Бар асоси баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Алӣ Боқирии Каннӣ ба ҳамтои мисрии худ итминон дод, ки кишвараш “аз ҳаққи мусаллами худ барои анҷоми иқдомоти мутақобил алайҳи ишғолгарони Исроил чашмпӯшӣ нахоҳад кард”. Аз сӯйи дигар вазири умури хориҷаи Миср гуфт: “Миср дар баёнияи расмии худ иқдоми ҷинояткоронаи ишғолгарон дар терури Ҳаниаро маҳкум кард.”

Вай хотирнишон кард: “Миср аз ибтикори Эрон барои баргузории нишасти фаврии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ барои муқобила бо иқдомоти таҷовузкорона режими ишғолгари Исроил ҳимоят мекунад.”

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нахуствазири Банглодеш бар асари эътирозот, бо дуздидани миллионҳо доллар, аз кишвар фирор кард
Иттилоияи Сипоҳи Посдорони Эрон

Матолиби пурбоздид