Даҳ гуфтор

 

 

Даҳ гуфтор

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал

Тақво (1)

بسم الله الرحمن الرحیم

أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى تَقْوَى مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

(Сураи Тавба, ояти 109) “Оё он кас, ки бинои худро бар асоси тақвои аз Худо ва хушнудии ӯ ниҳода беҳтар аст ё он ки бинои худро бар лабаи партгоҳи, ки наздики фурӯ рехтан аст ниҳода, ки дар ин сурат вайро дар оташ дӯзах меафканад? Ва Худованд гуруҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.”

Мавзӯъи сухан, тақво аз назари ислом аст. Вазъи ин ҷаласа, ки қарор аст феълан дар ҳар моҳ як бор ташкил шавад, барои эроди як суханронӣ ба маънои фаннӣ нест, балки ҳадафи ин ҷаласот таҳқиқ ва мутолеаи ҷиддӣ дар атрофи як силсила мавзӯъоти динӣ аст.

Бинобар ин агар аҳёнан аз маросими оддӣ дар суханрониҳои маъмулӣ хориҷ шудем, аз вазъе, ки худамон тасмим гирифтаем, хориҷ нашудаем. Масалан, мумкин аст эҳтиёҷ пайдо кунем дар васати суханронӣ қисматҳоеро аз рӯйи китоб бихонем. Ва ё он ки дар як суханронӣ бар ҳасби мутолеоте, ки кардаем, матлаберо бигӯем ва баъд дар асари мутолеаи бештар ва ё тазаккури дигарон, дар як суханронии дигар бо камоли сароҳат ба иштибоҳи худамон эътироф кунем ва сухани аввали худро рад кунем. Ва мумкин аст ин корро як нафари дигар, ки дар ҳамон мавзӯъ суханронӣ мекунад, анҷом диҳад ва бо далелу мантиқ сухани моро рад кунад. Чун қаблан суханрони мавзӯъ суханронии худро эълом карда, ночор аст худро ҳатталимкон омода кунад. Ва шунавандагон низ аз аввал медонанд, ки чӣ мавзӯеро мехоҳанд гӯш кунанд. Онҳо ҳам ба навбаи худ, худро омодаи шунидани як мавзӯъ муайян мекунанд. Ва аз ин рӯ ифода ва истифодаи бештаре мешавад.

Луғати тақво

Ин калима аз калимоти шойеъ ва роиҷи динӣ аст. Дар Қуръони Карим ба сурати исмӣ ва ё ба сурати феълӣ зиёд омадааст. Тақрибан ба ҳамон андоза, ки аз имон ва амал ном бурда шуда ва ё намоз ва закот омада ва беш аз он миқдор, ки масалан номи рӯза зикр шуда, аз тақво исм бурда шудааст.

Дар “Наҳҷул-балоға” аз ҷумла калимоте, ки зиёд рӯйи онҳо такя шуда, калимаи тақво аст. Дар “Наҳҷул-балоға” хутбае ҳаст тӯлонӣ ба номи “Хутбаи Муттақин” (Хутбаи Паҳезгорон). Ин хутбаро амирулмӯъминин дар ҷавоби тақозои касе эрод кард, ки аз ӯ хоста буд тавсифи муҷассамкунандае аз муттақиён (парҳезгорон) бикунад. Имом ибтидо худдорӣ кард ва ба зикри се-чаҳор ҷумла иктифо фармуд, вале он шахс, ки номаш Ҳаммом ибни Шурайҳ буд ва марде мустаъид ва барафрӯхта буд, қонеъ нашуд ва дар тақозои худ исрор ва симоҷат кард.

Амирулмӯъминин (а) шурӯъ ба сухан кард ва бо баёни беш аз сад сифат ва тарсими беш аз сад расм аз хусусиёти маънавӣ ва мушаххасоти фикрӣ ва ахлоқӣ ва амалии муттақиён суханро ба поён расонид. Муаррихин навиштаанд, ки поён ёфтани сухани Алӣ ҳамон буд ва қолаб тиҳӣ кардани (1) Ҳаммом баъд аз як фарёд ҳамон.

Мақсуд ин аст, ки ин калима аз калимоти шойеъ ва роиҷи динӣ аст. Дар миёни оммаи мардум ҳам ин калима зиёд истеъмол мешавад. Ин калима аз моддаи:

وقی

— (вақо) аст, ки ба маънои ҳифз ва сиёнат ва нигаҳдорӣ аст.

Маънои:

اتقاء

— (иттиқоъ) эҳтифоз аст. Вале то кунун дида нашуда, ки дар тарҷумаҳои форсӣ ин калимаро ба сурати ҳифз ва нигаҳдорӣ тарҷума кунанд. Дар тарҷумаҳои форсӣ, агар ин калима ба сурати исмӣ истеъмол шавад, мисли худи калимаи” тақво” ва ё калимаи” муттақин” ба парҳезкорӣ тарҷума мешавад. Масалан, дар тарҷумаи:

هدی للمتقین

— гуфта мешавад: ҳидоят аст барои парҳезкорон. Ва агар ба сурати феълӣ истеъмол шавад хусусан агар феъли амр бошад ва мутаъаллақаш зикр шавад, ба маънои хавф ва тарс тарҷума мешавад. Масалан, дар тарҷумаи:

اتقوا الله‌

— ё:

اتقوا النار

— гуфта мешавад: аз Худо битарсед! Албатта касе муддаъӣ нашуда, ки маънои ”тақво” тарс ё парҳез ва иҷтиноб аст, балки чун дида шуда лозимаи сиёнати худ аз чизе, тарк ва парҳез аст ва ҳамчунин ғолибан сиёнат ва ҳифзи нафс аз умуре, мулозим аст бо тарс аз он умур, чунин тасаввур шуда, ки ин модда маҷозан дар баъзе маворид ба маънои парҳез ва дар баъзе мавориди дигар ба маънои хавф ва тарс истеъмол шудааст.

Ва албатта ҳеч монеъе ҳам дар кор нест, ки ин калима маҷозан ба маънои парҳез ва ё ба маънои хавф истеъмол бишавад, аммо аз тарафи дигар мӯҷиб ва далеле ҳам нест, ки таъйид кунад, ки аз ин калима як маънои маҷозӣ масалан тарс ё парҳез қасд шуда.

Чӣ мӯҷибе ҳаст, ки бигӯем, маънои:

اتقوا الله‌

— ин аст, ки аз Худо битарсед ва маънои:

اتقوا النار

— ин аст, ки аз оташ битарсед?! Балки маънои ин гуна ҷумлаҳо ин аст, ки худро аз газанди оташ ҳифз кунед ва ё худро аз газанди кайфари илоҳӣ маҳфуз бидоред.

Бинобар ин, тарҷумаи саҳеҳи калимаи тақво “худнигаҳдорӣ” аст, ки ҳамон забти нафс аст ва муттақин яъне “худнигаҳдорон”. Роғиб дар китоби” муфрадотул-Қуръон” мегӯяд:

الوقایة حفظ الشي‌ء مما یؤذیه، والتقوی جعل النفس في وقایة مما یخاف، هذا تحقیقه‌، ثم یسمی الخوف تارة تقوی والتقوی خوفا، حسب تسمیة مقتضی الشي‌ء بمقتضیه والمقتضي بمقتضاه، و صار التقوی في عُرف الشرع حفظ النفس مما یوثم وذلک بترک المحظور

Яъне: “Виқоя иборат аст аз муҳофизати як чизе аз ҳар чи ба ӯ зиён мерасонад. Ва тақво яъне нафсро дар виқоя қарор додан аз он чи бим меравад. Таҳқиқи матлаб ин аст. Аммо гоҳе ба қоидаи истеъмоли лафзи мусаббиб дар мавриди сабаб ва истеъмоли лафзи сабаб дар мавриди мусаббиб, хавф ба ҷойи тақво ва тақво ба ҷойи хавф истеъмол мегардад. Тақво дар урфи шаръ яъне нигаҳдории нафс аз он чи инсонро ба гуноҳ мекашонад ба ин ки мамнӯъот ва муҳаррамотро тарк кунад.”

Роғиб сареҳан мегӯяд, тақво яъне худро маҳфуз нигоҳ доштан ва мегӯяд, истеъмоли калимаи тақво ба маънои хавф, маҷоз аст ва албатта тасреҳ намекунад, ки дар мисли:

اتقوا الله‌

— маънои маҷозӣ қасд шуда ва чунонки гуфтем, далеле нест, ки таъйид кунад дар мисли он ҷумлаҳо маҷозе ба кор рафтааст.

Чизе, ки нисбатан аҷиб ба назар мерасад, тарҷумаи форсии ин калима ба “парҳезгорӣ” аст. Дида нашуда то кунун аҳаде аз аҳли луғат муддаъӣ шуда бошад, ки ин калима ба ин маъно ҳам истеъмол шуда, чунонки дидем Роғиб аз истеъмоли ин калима ба маънои хавф исм бурд, вале аз истеъмоли ин калима ба маънои парҳез ном набурд. Маълум нест аз куҷо ва чӣ вақт ва ба чӣ ҷиҳат дар тарҷумаҳои форсӣ, ин калима ба маънои парҳезкорӣ тарҷума шудааст? Гумон мекунам, ки танҳо форсизабонон ҳастанд, ки аз ин калима мафҳуми парҳез ва иҷтиноб дарк мекунанд. Ҳеч арабизабоне дар қадим ё ҷадид ин мафҳумро аз ин калима дарк намекунад. Шак нест, ки дар амал лозимаи тақво ва сиёнати нафс нисбат ба чизе, тарк ва иҷтиноб аз он чиз аст, аммо на ин аст, ки маънои тақво ҳамон тарк ва парҳез ва иҷтиноб бошад.

Тарс аз Худо

Зимнан ба муносибати ин ки аз хавфи Худо зикре ба миён омад, ин нуктаро ёдоварӣ кунам: мумкин аст ин суол барои баъзе матраҳ шавад, ки тарс аз Худо яъне чӣ? Магар Худованд як чизи муҳиш (ваҳшатнок) ва тарсоваре аст? Худованд камоли мутлақ ва шоистатарин мавзӯе аст, ки инсон ба ӯ муҳаббат биварзад ва ӯро дӯст дошта бошад. Пас чаро инсон аз Худо битарсад?

Дар ҷавоби ин суол мегӯем: матлаб ҳамин тавр аст. Зоти Худованд мӯҷиби тарсу ваҳшат нест, аммо ин ки мегӯянд аз Худо бояд тарсид, яъне аз қонуни адли илоҳӣ бояд тарсид. Дар дуо ворид аст:

یا من لا یرجی إلا فضله، ولا یخاف إلا عدله

Эй касе, ки умедворӣ ба ӯ, умедворӣ ба фазлу эҳсони ӯст ва тарс аз ӯ, тарс аз адолати ӯст!

Ҳамчунин дар дуо аст:

جللت أن یخاف منک إلا العدل، وأن یرجی منک إلا الإحسان والفضل

Яъне, ту муназзаҳӣ аз ин ки аз ту тарсе бошад ҷуз аз ноҳияи адолатат ва аз ин ки аз ту ҷуз умеди некӣ ва бахшандагӣ тавон дошт!

Адолат ҳам ба навбаи худ амри мувиш (ваҳшатнок) ва тарсоваре нест. Инсон, ки аз адолат метарсад, дар ҳақиқат аз худаш метарсад, ки дар гузашта хатокорӣ карда ва ё метарсад, ки дар оянда аз ҳудуди худ ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз кунад. Бинобар ин дар масъалаи хавфу раҷоъ, ки мӯъмин бояд ҳамеша, ҳам умедвор бошад ва ҳам хоиф, ҳам хушбин бошад ва ҳам нигарон, мақсуд ин аст, ки мӯъмин ҳамвора бояд нисбат ба туғёни нафси аммора ва тамоюлоти саркаши худ хоиф бошад, ки зимомро аз кафи ақлу имон нагирад ва нисбат ба зоти Худованд эътимод ва итминон ва умедворӣ дошта бошад, ки ҳамвора ба ӯ мадад хоҳад кард. Алӣ ибни Ҳусайн (Саломуллоҳи алайҳ!) дар дуои маъруфи Абӯҳамза мефармояд:

مولاي إذا رأیت ذنوبي فزعت، وإذا رایت کرمک طمعت

Яъне ҳар гоҳ ба хатоҳои худам мутаваҷҷеҳ мешавам, тарсу ҳарос маро мегирад ва чун ба карами вуҷуди ту назар меафканам, умедворӣ пайдо мекунам. Ин нуктае буд, ки лозим донистам зимнан ва иститродан гуфта шавад.

Маъно ва ҳақиқати тақво

Аз он чи дар атрофи луғати ”тақво“ гуфта шуд, то андозае метавон маъно ва ҳақиқати тақворо аз назари ислом донист, вале лозим аст ба мавориди истеъмоли ин калима дар осори динӣ ва исломӣ бештар таваҷҷӯҳ шавад, то равшан гардад, ки тақво яъне чӣ.

Муқаддимае зикр мекунам: инсон агар бихоҳад дар зиндагӣ усуле дошта бошад ва аз он усул пайравӣ кунад, хоҳ он ки он усул аз дину мазҳаб гирифта шуда бошад ва ё аз манбаъи дигаре, ночор бояд як хатти машйи муайяне дошта бошад, ҳарҷу марҷ бар корҳояш ҳукмфармо набошад. Лозимаи хатти машйи муайян доштан ва аҳли маслаку марому ақида будан ин аст, ки ба сӯйи як ҳадаф ва як ҷиҳат ҳаракат кунад ва аз умуре, ки бо ҳавову ҳавасҳои онии ӯ мувофиқ аст, аммо бо ҳадафи ӯ ва усуле, ки иттихоз карда мунофот дорад, худро “нигаҳдорӣ“ кунад.

Бинобар ин тақво ба маънои омми калима, лозимаи зиндагии ҳар фарде аст, ки мехоҳад инсон бошад ва таҳти фармони ақл зиндагӣ кунад ва аз усули муайяне пайравӣ намояд. Тақвои динӣ ва илоҳӣ яъне ин ки инсон худро аз он чи аз назари дин ва усуле, ки дин дар зиндагӣ муайян карда, хато ва гуноҳ ва палидӣ ва зиштӣ шинохта шуда, ҳифз ва сиёнат кунад ва муртакиби онҳо нашавад. Чизе, ки ҳаст, ҳифз ва сиёнати худ аз гуноҳ, ки номаш тақво аст ва ба ду шакл ва ду сурат мумкин аст сурат бигирад ва ба таъбири дигар, мо ду навъ тақво метавонем дошта бошем: тақвое, ки заъф аст ва тақвое, ки қувват аст.

Навъи аввал ин ки инсон барои ин ки худро аз олудагиҳои гуноҳон ҳифз кунад, аз мӯҷиботи онҳо фирор кунад ва худро ҳамеша аз муҳити гуноҳ дур нигаҳ дорад, шабеҳи касе, ки барои риояти ҳифзи тандурустии худ кӯшиш мекунад худро аз муҳити мараз ва микроб ва аз мӯҷиботи интиқоли беморӣ дур нигаҳ дорад, саъй мекунад масалан ба муҳити маларияхез наздик нашавад, бо касоне, ки ба навъе аз бемориҳои вогирдор мубтало ҳастанд муошират накунад.

Навъи дуввум ин ки дар руҳи худ ҳолат ва қуввате ба вуҷуд меоварад, ки ба ӯ масунияти руҳӣ ва ахлоқӣ медиҳад, ки агар фаразан дар муҳите қарор бигирад, ки васоил ва мӯҷиботи гуноҳ ва маъсият фароҳам бошад, он ҳолат ва малакаи руҳӣ ӯро ҳифз мекунад ва монеъ мешавад, ки олудагӣ пайдо кунад, монанди касе, ки ба васоиле дар бадани худ масунияти тиббӣ эҷод мекунад, ки дигар натавонад микроби фалон мараз дар бадани ӯ асар кунад.

Дар замони мо, тасаввуре, ки умуми мардум аз тақво доранд, ҳамон навъи аввал аст. Агар гуфта мешавад фалон кас одами ботақвое аст, яъне марди мӯҳтоте (эҳтиёткоре) аст, инзиво ихтиёр карда ва худро аз мӯҷиботи гуноҳ дур нигаҳ медорад. Ин ҳамон навъи тақво аст, ки гуфтем заъф аст.

Шояд иллати пайдоиши ин тасаввур ин аст, ки аз аввал, тақворо барои мо “парҳезкорӣ” ва “иҷтинобкорӣ” тарҷума кардаанд ва тадриҷан парҳез аз гуноҳ, ба маънои парҳез аз муҳит ва мӯҷиботи гуноҳ талаққӣ шуда ва кам-кам ба инҷо расида, ки калимаи тақво дар назари оммаи мардум маънои инзиво ва дурӣ аз иҷтимоъ медиҳад, дар муҳовироти умумӣ вақте, ки ин калима ба гӯш мерасад, як ҳолати инқибоз ва по пас кашидан ва ақибнишинӣ кардан дар назарҳо муҷассам мешавад.

Қаблан гуфтем, ки лозимаи ин ки инсон ҳаёти ақлӣ ва инсонӣ дошта бошад ин аст, ки тобеъи усули муайяне бошад ва лозима ин ки инсон аз усули муайяне пайравӣ кунад ин аст, ки аз умуре, ки бо ҳавову ҳаваси ӯ мувофиқ аст, вале бо ҳадафи ӯ ва усули зиндагонии ӯ мунофот дорад парҳез кунад. Вале лозимаи ҳамаи инҳо ин нест, ки инсон иҷтинобкорӣ аз муҳит ва иҷтимоъро пеша созад. Роҳи беҳтар ва олитар ҳамон тавре, ки баъдан аз осори динӣ шоҳид меоварем ин аст, ки инсон дар руҳи худ малака ва ҳолат ва масунияте эҷод кунад, ки он ҳолат ҳофиз ва нигаҳдори ӯ бошад.

Иттифоқан гоҳе дар адабиёти манзум ё мансури мо таълимоте дида мешавад, ки каму беш тақворо ба сурати аввал, ки заъф ва аҷз аст нишон медиҳад. Саъдӣ дар “Гулистон” мегӯяд:

Бузурге дидам андар кӯҳсоре,

Қаноат карда аз дунё ба ғоре.

Чаро, гуфтам, ба шаҳр — андар наёӣ,

Ки боре банде аз дил баркушоӣ?

Бигуфт: он ҷо парирӯёни нағзанд,

Чу гил бисёр шуд, пилон билағзанд!

Ин ҳамон навъ аз тақво ва ҳифзу сиёнати нафс аст, ки дар айни ҳол заъф ва сустӣ аст. Ин ки инсон аз муҳити лағзанда дурӣ кунад ва налағзад, ҳунаре нест, ҳунар дар ин аст, ки дар муҳити лағзанда худро аз лағзиш ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад. Ё ин ки Бобо Тоҳир мегӯяд:

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,

Ҳар он чи дида бинад, дил кунад ёд.

Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,

Занам бар дида, то дил гардад озод.

Шак нест, ки чашм ба ҳар ҷо биравад, дил ҳам ба дунболи чашм меравад ва “дасти назар риштакаши дил бувад”. Вале оё роҳи чора ин аст, ки чашмро аз байн бибарем? Ё ин ки роҳи беҳтаре ҳаст ва он ин ки дар дил қуввате ва нерӯе ба вуҷуд биёварем, ки чашм натавонад дилро ба дунболи худ бикашонад. Агар бино бошад барои озодӣ ва раҳоии дил аз чашм, ханҷаре бисозем “нешаш зи фӯлод”, як ханҷари дигар ҳам барои гӯш бояд таҳия кунем, зеро ҳар чиро ҳам гӯш мешунавад, дил ёд мекунад ва ҳамчунин аст зоиқа ва ломиса ва шомма. Он вақт инсон дуруст мисдоқи ҳамон шери бе думу сар аст, ки Мавлавӣ достонашро овардааст.

Иҷбори амалӣ

Дар китобҳои ахлоқӣ гоҳе аз дастае аз қудамо ёд мекунанд, ки барои он ки зиёд ҳарф назананд ва сухани лағв ё ҳаром ба забон наёваранд, сангреза дар даҳони худ мегузоштанд, ки натавонанд ҳарф бизананд, яъне иҷбори амалӣ барои худ дуруст мекарданд. Маъмулан дида мешавад, ки аз ин тарзи амал ба унвони намунаи комили тақво ном бурда мешавад, дар сурате, ки иҷбори амалӣ ба вуҷуд овардан барои парҳез аз гуноҳ ва он гоҳ тарк кардани гуноҳ, камоле маҳсуб намешавад.

Агар тавфиқи чунин коре пайдо кунем ва аз ин роҳ муртакиби гуноҳ нашавем, албатта аз гуноҳ парҳез кардаем, аммо нафси мо ҳамон аждаҳост, ки будааст фақат аз ғами беолатӣ афсурда аст. Он вақт камол маҳсуб мешавад, ки инсон бидуни иҷбори амалӣ ва бо доштани асбобу олоти кор, аз гуноҳ ва маъсият парҳез кунад. Ин гуна иҷтинобҳо ва паҳлӯ тиҳӣ карданҳо агар камол маҳсуб шавад, аз ҷанбаи муқаддамотӣ аст, ки дар мароҳили аввалия барои пайдо шудани малакаи тақво мумкин аст дошта бошад, зеро пайдоиши малакаи тақво баъд аз як силсила муморасат ва тамринҳои манфӣ аст, ки сурат мегирад. Аммо ҳақиқати тақво ғайр аз ин корҳост. Ҳақиқати тақво ҳамон руҳияи қавӣ ва муқаддаси олӣ аст, ки худ ҳофиз ва нигаҳдорандаи инсон аст. Бояд муҷоҳидат кард, то он маъно ва ҳақиқат пайдо шавад.

* * *

(1) Қолаб тиҳӣ кардан: киноя аз мурдан ва бехуд шудан.

* * *

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Темур Варқӣ: Низоми деммократӣ беҳтарин дармон…
Соҳили оромиш

Матолиби пурбоздид