Хушбахтӣ

Адаб

Хушбахтӣ

Чаҳор назария дар бораи маънои хушбахт будан

Мабоҳиси фалсафӣ

Файласуфон талош мекунанд, то ба ин пурсиши бунёдин посух диҳанд, ки чӣ чизе инсонро воқеан хушбахт мекунад? Ба ин пурсиш аз замонҳои бостон то кунун файласуфони бузурге монанди Афлотун, Арасту ва Эпикур пардохтаанд, ба ин тартиб:

1) Лаззатгароӣ:

Тибқи ин дидгоҳ, фарди хушбахт касе аст, ки дар зиндагиаш бештар лаззат дорад, то нороҳатӣ ва дард; бинобар ин хушбахт будан ба маънои эҳсоси хуб доштан аст. Ба иборати дигар, ҳеч тафовуте байни “хушбахт будан” ва “эҳсоси хушбахтӣ” вуҷуд надорад.

Фалосифаи машҳуре монанди Эпикур (файласуфи юнонии бостон), Ҷереми Бентам и Ҷон Стюарт Милл (фалосифаи англисии модерн) лаззатҳои фикрӣ (монанди хондани китоб)-ро низ ба ҳамроҳи лаззатҳои ҷисмӣ (монанди робитаи ҷинсӣ) дар зайли таърифи хушбахтӣ гунҷондаанд.

Аммо бо вуҷуди ин ки бисёре аз мо хушбахтиро бо эҳсоси хуб муртабит медонем, бисёре аз фалосифа мӯътақиданд, ки лаззатгароӣ иштибоҳ аст.

Зеро аввалан, мумкин аст фарде хушбахт бошад бидуни ин ки эҳсоси хубӣ дошта бошад (мисли вақте, ки як фарди хушбахт дандондард дорад). Ва ҳамчунин мумкин аст фарде эҳсоси хубӣ дошта бошад бидуни ин ки хушбахт бошад (мисли вақте, ки як фарди ношод дар ҳоли гирифтани масаж аст). Бинобар ин аз назари файласуфони мухолифи лаззатгароӣ, аз он ҷо, ки “хушбахтӣ” ва “лаззат” метавонанд аз ҳам ҷудо шаванд, наметавонанд як чиз бошанд.

Сониян, ба назар мерасад, ки хушбахтӣ ва лаззат вежагиҳои мутафовите дошта бошанд. Лаззатҳо маъмулан гузаро, содда ва сатҳӣ ҳастанд (ба лаззати хӯрдани бастанӣ фикр кунед), дар ҳоле, ки хушбахтӣ қарор аст мондагор, печида ва амиқ бошад. Аммо чизҳое, ки вежагиҳои мутафовите доранд, наметавонанд яксон бошанд ва бинобар ин хушбахтӣ наметавонад ҳамон лаззат бошад.

Ин истидлолҳо нишон медиҳанд, ки хушбахтӣ ва лаззат яксон нестанд. Бо ин ҳол, тасаввури як фарди хушбахт, ки ҳаргиз эҳсоси хубӣ надошта бошад, душвор аст. Бинобар ин, шояд хушбахтӣ шомили лаззат бошад, аммо бо он яксон набошад.

2) Назарияи фазилат:

Тибқи назарияи фазилат, хушбахтӣ натиҷаи парвариши фазоил (чӣ ахлоқӣ ва чӣ фикрӣ) монанди ҳикмат, шуҷоат, эътидол ва сабр аст. Тибқи ин дидгоҳ, як фарди хушбахт касе аст, ки ба андозаи кофӣ бофазилат бошад; бинобар ин хушбахт будан ба маънои парвариш ва шукуфо шудани он аст. Ин дидгоҳ тавассути Афлотун, Арасту ва куллан Равоқиён матраҳ шудааст.

Иртибот додани хушбахтӣ бо фазилат ин мазиятро дорад, ки хушбахтиро ба унвони як падидаи мондагор, печида ва амиқ дар назар мегирад. Ҳамчунин тавзеҳ медиҳад, ки чӣ гуна хушбахтӣ ва лаззат метавонанд аз ҳам ҷудо шаванд, зеро фарде метавонад бофазилат бошад бидуни ин ки эҳсоси хубӣ дошта бошад ва фарде метавонад эҳсоси хубӣ дошта бошад бидуни ин ки бофазилат бошад.

Бо ин вуҷуд, назарияи фазилат низ аз назари бархе аз файласуфон қобили интиқод аст. Бахши муҳимме аз “бофазилат будан” иборат аст аз “хуб будан аз назари ахлоқӣ”. Аммо оё афроди ғайриахлоқӣ ҳамеша ношод ҳастанд? Дастикам баъзе аз файласуфон фикр мекунанд, ки одамҳои фоқиди фазоили ахлоқӣ низ метавонанд хушбахт бошанд. Нуктаи мушобеҳе дар мавриди фазилати фикрӣ низ метавон матраҳ кард: оё афроди нодон ё ғайримантиқӣ ҳамеша ношод ҳастанд? Дар воқеъ, бархе аз ин афрод ба назар мерасад дақиқан ба далели нақсҳои фикрии худ хушбахт ҳастанд. Ҳамон тавр, ки як ҷумлаи машҳур мегӯяд: “Надонистан боиси хушбахтӣ аст!”

Аммо назарияпардозони фазилат посухе дар инҷо доранд. Посухи онҳо ин аст, ки шояд бархе аз афроди ғайриахлоқӣ хушбахт “ба назар бирасанд”, аммо ин ба ин маънӣ нест, ки онҳо дар сатҳи амиқтар “воқеан” хушбахт ҳастанд. Ҳамин мавзӯъ дар мавриди афроде, ки фоқиди фазоили фикрӣ ҳастанд низ сидқ мекунад: нодонӣ мумкин аст ба хушбахтӣ мунҷар шавад, аммо он хушбахтӣ, хушбахтии воқеӣ нест; бинобар ин ба назар мерасад дар ин масоил ҷойи баҳс вуҷуд дорад.

3) Назарияи ирзои хостаҳо;

Тибқи назарияи ирзои хостаҳо, хушбахтӣ шомили ба даст овардан ва бароварда шудани он чизе аст, ки мехоҳед ва фарқе ҳам намекунад, ки он чиз чӣ бошад. Тибқи ин дидгоҳ, фарди хушбахт касе аст, ки бисёре аз хостаҳояш бароварда шудааст; ва ҳар чи хостаҳои бештаре бароварда шавад, ӯ хушбахттар аст.

Аммо бо вуҷуди ин, ки ба даст овардани он чи мехоҳед, метавонад манбаъи хушбахтӣ бошад, яке гирифтани хушбахтӣ бо бароварда шудани хостаҳо аз ҷиҳоте мушкилсоз аст.

Зеро ин назария ин мафҳумро дорад, ки танҳо роҳи хушбахттар шудан, бароварда шудани як хоста аст. Ин ба назар иштибоҳ меояд. Зеро гоҳе авқот хушбахтии мо бо дарёфти чизе, ки қаблан “намехостем” афзоиш меёбад; монанди як меҳмонии сурпройзи таваллуд ё маҷбур шудан ба муроқибат аз гурбаи ҳамсоя. Ин нишон медиҳад, ки бароварда шудани “хостаҳо” барои хушбахтӣ зарурӣ нест (зеро “нохостаҳо” ҳам метавонанд дар хушбахтӣ дахил бошанд).

Ба илова, ирзои хостаҳо ҳамеша барои хушбахтӣ кофӣ нест. Ба унвони мисол, комилан маъмул аст, ки афрод вақте ба он чи мехоҳанд мерасанд, эҳсоси ноумедӣ мекунанд. Зоҳиран бисёре аз дастовардҳо, монанди касби як мадрак ё баранда шудан дар як мусобиқа, ба ҳеч ваҷҳ он хушбахтии тӯлонимуддатеро, ки интизор доштем, ба армуғон намеоваранд.

Бинобар ин, ҳатто агар ба даст овардани он чи мехоҳем гоҳе моро хушбахт кунад, ин мисолҳо нишон медиҳад, ки хушбахтӣ бастагии томму тамоме ба бароварда шудани хостаҳо надорад ва бо он яке нест.

4) Назарияи ризоят аз зиндагӣ:

Ҳамон тавр, ки аз номаш бармеояд, тибқи ин назария хушбахтӣ иборат аст аз ризоят аз зиндагӣ. Аз ин дидгоҳ, як фарди хушбахт касе аст, ки нисбат ба зиндагии худ ба таври куллӣ эҳсоси мусбат дорад, ҳатто агар дар мавриди ҳамаи ҷанбаҳои он хушбахт набошад; бинобар ин хушбахт будан ба маънои ризоят аз зиндагӣ ба таври куллӣ аст.

Аммо ин мавзӯъ, ки оё ризоят аз зиндагӣ як эҳсос аст (отифӣ) ё як бовар (шинохтӣ), баҳсбарангез аст. Аз як сӯ, ризоят аз зиндагӣ ба вузуҳ бо “эҳсосот”-и мусбат ҳамроҳ аст ва аз сӯйи дигар, мумкин аст фарде дар ҳоле, ки эҳсоси нороҳатӣ дорад, ба зиндагии худ нигоҳ кунад ва ба ин “бовар” бирасад, ки зиндагии хубе дорад.

Яке аз мушкилоти ин назария ин аст, ки афрод ба сахтӣ метавонанд тафовут байни эҳсосе, ки дар лаҳза доранд ва эҳсосе, ки нисбат ба зиндагии худ ба таври куллӣ дорандро ташхис диҳанд. Мутолеот нишон додаанд, ки афрод замоне, ки ҳаво хуб аст, эҳсоси ризояти бештаре аз зиндагии худро гузориш медиҳанд, дар ҳоле ки зоҳиран ин мавзӯъи пеши по афтода набояд тафовути зиёде дар ризояти куллӣ аз зиндагӣ эҷод кунад. Аммо андозагирии ризоят аз зиндагӣ печида аст, бинобар ин шояд ин мутолеот ва ҳамин тавр ин назарияи фалсафиро бояд бо эҳтиёт дар назар гирифт.

5) Натиҷагирӣ:

Дарки ин ки хушбахтӣ чист, бояд ба шумо кӯмак кунад, ки хушбахттар шавед; бинобар ин агар намедонед, ки воқеан кадом дидгоҳ дар ин байн бар бақия тарҷеҳ дорад, шояд беҳтар бошад барои ин ки хушбахтиро дар зиндагӣ пайдо кунед, таркибе аз ҳамаи дидгоҳҳоро дунбол кунед.

Яъне аввалан фазилатҳои ахлоқӣ ва фикриро дар вуҷуди худ парвариш диҳед (назарияи фазилат). Сипас лаззатҳоеро, ки мунофоте бо фазилат надоранд дунбол кунед ва аз ранҷҳо ва костиҳои зеҳнӣ дурӣ кунед (лаззатгароӣ). Пас аз он ба ин фикр кунед, ки ҳадаф ва хостаи шумо дар зиндагӣ чист ва тамоми талоши худро барои ба даст овардани он анҷом диҳед (назарияи бароварда шудани хостаҳо). Ва ниҳоятан аъмол, боварҳо ва нигаришҳои худро тавре ҳамоҳанг кунед, ки эҳсос кунед (ё бовар кунед), ки зиндагиатон ба таври куллӣ ба хубӣ пеш меравад (назарияи ризоят аз зиндагӣ).

Fararu

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳат ба фарзанд
Сайид Қутб

Матолиби пурбоздид