Даҳ гуфтор – YII

Даҳ гуфтор – YII

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳафтум

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

(Сураи Оли Имрон, ояти 104) “Ва бояд гурӯҳе аз шумо бошанд, ки ба сӯйи хайр даъват кунанд ва ба корҳои хайр фармон диҳанд ва аз зиштиҳо боздоранд ва инон растгоронанд.”

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз усули амалии ислом аст ва чун асле аст, ки дар худи Қуръони Маҷид бо сароҳат ва таъкид омада ва баъд дар ахбори набавӣ ва осори имомони тоҳирин дар бораи он бисёр сухан гуфта шуда ва баъд ҳам бузургон ва уламои дин дар ҳамаи қарнҳо, давра ба давра ва табақа ба табақа, дар бораи ин асл ва аҳаммияти он суханҳо гуфта ва матолибе навиштаанд, дар миёни уламои исломӣ зиёд мавриди баҳс қарор гирифта ва беш аз ҳар ҷо дар китобҳои фиқҳия мавриди баҳсу гуфтугӯ ва таҳқиқ қарор гирифтааст.

 

Масоиле, ки фуқаҳо тарҳ мекунанд

Маъмулан фуқаҳо — ва ҳамчунин ғайри фуқаҳо, ки аҳёнан вориди ин матлаб шудаанд — баҳси худро дар чанд қисмат қарор медиҳанд. Ман намехоҳам вориди он қисматҳо башавам. Ба таври ишора ва феҳрист онҳоро зикр мекунам:

Яке, баёни оёти зиёде, ки дар Қуръони Маҷид дар ин боб аст ва ахбори бисёре, ки аз Расули Акрам (с) ва ё имомони тоҳирин (а) дар ин боб расида, ки ба қавли Шаҳиди Сонӣ, камарро мешиканд.

Дигар, баҳсест дар маънои маъруф ва мункар ва таърифи онҳо. Ва аҳёнан ба муносибати маънои маъруф ва мункар, баъзе аз фуқаҳо вориди баҳси маъруфи каломии ҳусну қубҳи ақлӣ шудаанд.

Дигар ин ки оё амр ба маъруф ва наҳй аз мункар воҷиби айнӣ аст ё воҷиби кифоӣ?

Дигар ин ки шароити вуҷуби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар чист? Чун ҳар таклифе ва амру наҳйе шароите дорад. Илова бар шароити оммаи машҳур аз ақлу булуғу қудрату ҳатто илм — ба як эътибор — ки ҳар таклифе машрут ба ин умур аст, ҳар таклифи бахусусе мумкин аст шароити махсус ба худ дошта бошад. Оё амр ба маъруф ва наҳй аз мункар низ ба саҳми худ шароити махсусе доранд ё на?

Маъмулан фуқаҳо чаҳор шарт зикр мекунанд: яке илм ва маърифат, дигар эҳтимоли асар ва натиҷа, севвум набудани зарар ва ба таъбири баъзе аз фуқаҳо, мутараттиб нашудани мафсада, чаҳорум идома ва исрори мутахаллиф, яъне он кас, ки маъруфро тарк карда ва ё муртакиби мункар шуда, худаш мунсариф ва нодим ва пушаймон нашуда бошад.

Масъалаи дигаре, ки боз баҳс мекунанд, маротиб ва дараҷоти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, ки дар ахбор ва аҳодис ба таври куллӣ ворид шуда, ки се дараҷа ва се мақом дорад: мартибаи қалб, мартибаи забон, мартибаи даст. Фуқаҳо ҳам ин се мартибаро ташреҳ карда ва тафсил додаанд ва гуфтаанд: дар дараҷаи аввал мусалмон бояд дар қалби худ нисбат ба хилофкориҳо ва тарки воҷиботи илоҳӣ ва иртикоби манҳийёти динӣ танаффуре эҳсос намояд ва камтарин мазҳаре, ки ин танаффури қалбӣ метавонад дошта бошад, як амали манфӣ аст яъне эъроз ва тарки муошират ва ҳамчунин аст изҳори таассуф ва такаддур бо қиёфа. Дар мартибаи забон ҳам бояд аввал аз тариқи панду насиҳҳате ва нармӣ ворид шуд ва агар фоида накард, суханони дурушт ва бо хушунат ба кор бурда шавад. Барои мартибаи яду амал ҳам маротибе зикр кардаанд ва ғолибан мутаваҷҷеҳи ин қазия шудаанд, ки гоҳе эҳтиёҷ меафтад ба ин ки эъмоли зӯр ва унф бишавад ва басо мешавад садамае бар тараф ворид шавад ва ҷароҳате бардорад ва ё он ки аҳёнан мумкин аст мунҷар ба қатли касе бишавад. Ба ин ҷо, ки мерасад, фуқаҳо ба истилоҳ таваққуф мекунанд ва мегӯянд, ин дигар вазифаи оммаи мардум нест. Омма ҳақ надоранд аз пеши худ даст ба ин гуна корҳо бизананд. Ин мартибаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар вазифаи ҳокими шаръӣ ва ё касе аст, ки аз тарафи ҳокими шаръӣ иҷоза ва дастури ин корро дошта бошад. Агар ба оммаи мардум иҷозаи ин корҳо дода шавад, мусталзими ҳарҷу марҷ дар иҷтимоъ мешавад.

Масоили дигаре ҳам маъмулан дар зайли мабҳаси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз тарафи фуқаҳо унвон мешавад, ки дар ҳақиқат аз ин боб нест, боби ҷудогонае аст, аз қабили ин ки ҳудуд ва таъзиротро чӣ касе бояд анҷом диҳад? Оё дар замони ғайбати имом ин вазифа мутаваҷҷеҳи фуқаҳо аст ё на?

“Ҳудуд “иборат аст аз муҷозотҳое, ки аз тарафи шореъи ислом ҳадду андозааш барои ҳама муайян шуда мисли ҳадди дуздӣ ва ҳадди зино.

Ва ”таъзир“ иборат аст аз муҷозотҳое барои хилофкориҳое, ки шореи ислом барои он хилофкориҳо муҷозотҳое дар ҳадду мизони муайяне қарор надода ва онро дар ҳар мавриде ба назари шахси ҳоким қарор дода, ки бар ҳасби иллатҳо ва омилҳои мухталифе, ки дар ҳар мавзӯъ ҳаст, ҳар андоза медонад ва маслиҳат иқтизо мекунад, онро таъйин кунад.

Ҳудуд ва таъзирот ҳам мисли амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои ин ҷиҳат ташреъ шуда, ки ҷилави мункарот гирифта шавад ва корҳои хуб таъйиду тақвият шавад.

Ин буд хулосаи матолибе, ки дар атрофи онҳо маъмулан баҳс мешавад ва зимнан аз ҳамин мухтасар маълум мешавад, ки тарзи баҳс ва баён дар атрофи ин матлаб чӣ гуна будааст.

Он чи ман мехоҳам дар ҳошияи ин матлаб сӯҳбат кунам, ишораи мухтасаре аст ба таърихчаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ислом аз лиҳози амал, яъне мусалмонон чӣ гуна ва ба чӣ наҳв бо ин асл рӯ ба рӯ шуданд? Ва чӣ ҷур амал карданд ва иҷро намуданд?. Дар поён, баҳси мухтасари дигаре изофа хоҳам кард.

 

Ҳисба ва эҳтисоб дар таърихи ислом

Дар ҳудуди ҳазор сол пеш тақрибан, ин асл дар ҷомеаи исломӣ ва ҳукумати исломӣ доира ва ташкилоте ба вуҷуд оварда, ки дар таърихи ислом он доира, доираи ҳисба ё эҳтисоб номида мешавад ва қарнҳо идома ёфт. Ман таърихи дақиқи пайдоиши доираи ҳисбаро намедонам, ки аз чӣ замоне пайдо шуда ва ба ин ном номида шуда, вале қадри мусаллам ин аст ва шавоҳиди таърихӣ далолат мекунад, ки дар қарни чаҳорум будааст ва алаззоҳир дар қарни севвум пайдо шуда бошад. Ин доира ба унвони амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дуруст шуда ва пояи динӣ дошта ва аз шуъуни ҳукумат будааст, ҳамон тавре, ки ташкилот ва доираҳои дигаре вуҷуд дошта мисли доираи қазо — ки ин ҳам таърихчае дорад ва аз замони халифаи дуввум амри қазоро шахси дигар ғайр аз шахси халифа бо фармони халифа ӯҳдадор шуд ва тадриҷан тавсиъа пайдо кард то дар аҳди Ҳорун, ба василаи Абӯюсуф, шогирди Абӯҳанифа ташкилоти нисбатан муназзаме пайдо кард ва худи Абӯюсуф ба унвони қозиюлқузот дар раъси ташкилоти қазоӣ қарор гирифт — ва ҳамчунин доираи дигаре буда ба номи “Девони мазолим”, ки алаззоҳир кори шаҳрбониро анҷом медода ва ҳамчунин доираҳо ва мансабҳои зиёде аз қабили ниқобат ва ғайра, ки дар таърих мазбут аст. Тамоми ин доираҳо ба наҳве вобаста ба дастгоҳи хилофат ва ҳукумат будааст.

Ба ҳар ҳол, доираи ҳисба ҳамон доираи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар буда ва рангу сибғаи динӣ дошта. Мӯҳтасибин ва махсусан онон, ки дар раъси доираи ҳисба буда мебоист ҳам олим ва мутталеъ бошанд ва ҳам бо вараъу тақво ва амонат ва як навъ эҳтироми динӣ дар миёни мардум дошта бошанд.

”Мӯҳтасиб“ нозир ва муроқиби аъмоли мардум буда, ки муртакиби мункарот нашаванд ва махсусан майхорагӣ ва майхоронро сахт таҳти назар қарор медода. Бинобар ин шоироне, ки ба номи маю маҳбуб тағаззул мекардаанд, аз ҷаври мӯҳтасиб зиёд нолидаанд ва калимаи мӯҳтасибро зиёд дар ашъори худ ба кор бурдаанд. Гоҳе Худоро шукр мекунанд, ки мӯҳтасиб нест ва ё мӯҳтасиб аз ҷаҳон рафт. Шояд Ҳофиз аз ҳама бештар номи мӯҳтасибро дар ашъори худ овардааст. Аз ҷумла мегӯяд:

Эй дил, башорате диҳамат, мӯҳтасиб намонд,

В-аз май ҷаҳон пур асту бути майгусор ҳам.

Мегӯянд: назари Ҳофиз ба амири Муборизуддин аст, ки муддате барои ҷалби назари мардум тазоҳур ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекард ва монанди як ”мӯҳтасиб“ рафтор мекард. Номи мӯҳтасибро Ҳофиз ба ӯ дод. Ва чун кори ӯ тазоҳур буд, на ҳақиқат, бинобар ин дар охирҳо, худ ҳама чизро рӯйи майхорагӣ гузошт, мавриди таъну истеҳзои Ҳофиз ва дигарон аст.

Ё масалан Саъдӣ дар боби дуввуми “Гулистон” мегӯяд:

“Чандон ки маро шайхи аҷалл Абулфараҷ ибни Ҷавзӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, тарки самоъ фармудӣ ва ба хилвату узлат ишорат кардӣ, унфувони шабобам ғолиб омадӣ ва ҳавову ҳавас толиб. Ночор ба хилофи раъйи мураббӣ қадаме бирафтаме ва аз самоъу муҷоласат ҳаззе баргирифтаме ва чун насиҳати шайхам ёд омадӣ, гуфтаме:

Қозӣ ар бо мо нишинад, барфишонад дастро,

Муҳтасиб гар май хурад, маъзур дорад мастро.”

Аз ҳамин шеъри Саъдӣ маълум аст, ки қозӣ ғайр аз мӯҳтасиб буда ва қисмати қазо ғайр аз қисмати эҳтисоб будааст.

Истилоҳи ҳисба ва эҳтисоб дар мавриди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, як истилоҳи мустаҳдасе (ихтироъшудае) аст, ки аз ҳамон замонҳое, ки доираи эҳтисоб дар ҳукумати исломӣ ба вуҷуд омад, ин калима ҳам ба маънои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар истеъмол шуд. Вагарна дар Қуръон ё ахбори набавӣ ё ривоёти имомони атҳор (алайҳимус-салом) ин калима дар мавриди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар истеъмол нашуда. На дар ахбор ва ривоёти шиъа ин калима ба ин маънӣ дида мешавад ва на дар ахбор ва ривоёти аҳли тасаннун.

Дар давраҳои баъд, ки ин калима дар иҷтимоъи исломӣ барои худ ҷо пайдо кард, тадриҷан дар истилоҳи фуқаҳо ва уламо ҳам роҳ пайдо кард ва баъзе боби амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро “бобул-ҳисба “номиданд. Дар миёни уламои шиа он миқдоре, ки ман дида ва иттилоъ дорам, аз фуқаҳо, Шаҳиди Аввал Муҳаммад ибни Маккӣ аст, ки дар китоби “Дурус“ расман таҳти унвони “Китоб-ул-ҳисба” аз амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ном мебарад ва аз муҳаддисин, марҳуми Файзи Кошонӣ аст дар китоби ”Вофӣ”. Вале марҳуми Файз ҳисбаро таъмим дода ба тавре, ки шомили китоби ҷиҳод ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва китоби ҳудуд мешавад. Соҳиби ”Маҷмаъул-баҳрайн“ ҳам бо ин ки танҳо дар садади тафсир ва шарҳи луғоте аст, ки дар Қуръони Карим ё аҳодис омадааст ва ҳамон тавре, ки арз кардам дар Қуръони Карим ва ҳадис ин модда ба маънии амр ба маъруф ва наҳй аз мункар наомада, дар айни ҳол ба мулоҳизаи ин ки дар асри соҳиби ”Маҷмаъул-баҳрайн“ ин модда ба ин маънӣ истеъмол мешуда, мегӯяд:

الحسبة هو الأمر بالمعروف والنهي عن‌ المنکر

Ба ҳар ҳол ҳамчу доирае ба номи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар таърихи ислом ба вуҷуд омада ва доираи васеъе будааст. Ҳарчанд ҳисба ва эҳтисоб аз он назар, ки вобаста ба дастгоҳи ҳукумат ва хилофат буда, наметавониста комилан исломӣ бошад, аммо назар ба ин ки хостаи мардум дар мавриди иҷрои аҳком ва муқаррароти исломӣ онро ба вуҷуд оварда буд, нисбатан доираи муфид ва самарбахше будааст ва ҳатто китобҳои бисёр хубу нафис дар мавзӯъ ҳисба ва вазоифи мӯҳтасиб навишта шудааст.

Ахиран китобе дидам ба номи ”Маъолимул-қурба фӣ аҳкомил-ҳисба”, ки яке аз фуқаҳои шофеия навиштааст ва як нафар мусташриқи урупоӣ нусхаи онро дар Урупо ба чоп расонидааст. Китоби нафисе аст. Вақте, ки инсон ин китобҳоро мебинад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дар гузашта ба чӣ дақоиқе аз ислоҳоти иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ ва иноят кардаанд ва шуъури динии мусалмонон чӣ қадр вусъат дошта! Рӯйи эҳсоси вазифаи динӣ ва шаръӣ ва асли амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, вазифаи худ медонистаанд, ки дар ҷамии шууни зиндагӣ ислоҳот ба амал оваранд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бандари Ҳифо мавриди ҳамла қарор гирифт
Оғози тамаддун ва поёни он куҷост?

Матолиби пурбоздид