Ройзании Қазоқистон ва Исроил барои лағви раводид (виза)
Ахбори байналмилал
Гилод Шодмун мудири кулли Вазорати ҳамкориҳои минтақаии Исроил ва Даулет Ембердиев сафири Қазоқистон дидорва гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор, ду тараф дар мавзӯи тавсиаи равобити дуҷониба бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ (туристӣ) ва муҳоҷиратӣ ба баҳс ва табодули назар пардохтанд. Дар ин гуфтугӯ ҳамчунин имкони лағви (бекор кардан) раводиди (виза) яктарафа барои шаҳрвандони Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин Даулет Ембердиев бар равобити дӯстона ва қавии Остона ва Телавив таъкид кард.
Ҳамчунин намояндаи расмии Исроил низ бар тааҳҳуди худ барои тақвияти равобити минтақаӣ дар бахшҳои мухталиф, бахусус кишоварзӣ таъкид кард.
Қаламонлайн