Аслитарин фарқи ислом ва масеҳият

Асоситарин фарқ ва тафовути ислом бо масеҳият

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ёддошти пешин (“Миррих” ва диндорӣ) ишора шуд, ки мо набояд дар бораи дини ислом ҳамон доварӣ ва қазоватеро кунем, ки дар бораи масеҳият мекунем он ҷо, ки пушт кардан ба дин дар Урупои асри миёнаро сабаби ривоҷу равнақ ва пешрафти илм дар он хитта дониста ва он гоҳ натиҷа бигирем, (ки мутаассифона хеле аз касоне, ки бо ислом ошно нестанд, ҳамин натиҷаро мегиранд), ки бале, мо ҳам ниёз ба як ренусонс дорем ва бояд ба ҳар чи номаш дин аст пушт кунем, то мисли Урупо гардем.

Ин, комилан иштибоҳ аст ва дуруст нест. Дар ин ёддошт, дар ин мавзӯъ мехоҳам бештар сӯҳбат кунам.

Асоситарин фарқи ислом бо масеҳият, ки аслу асоси ҳамаи фарқҳо ва тафовутҳои дигар аст, ки бо камоли таассуф чандон мавриди таваҷҷӯҳ нест, ин дар нигоҳи ин ду дин ба илму маърифат аст. Ин асоситарин фарқ байни ислом ва масеҳият аст.

Тавзеҳ ин ки: ҳам дар Қуръон ба достони Одам ва Ҳавво ишора шудааст ва ҳам дар Аҳди қадим, ба ин шарҳ, ки Одам ва ҳамсараш дар биҳишт ҳақ доштанд аз тамоми меваҳо баҳра баранд ба ҷуз як дарахт, ки набояд ба он дарахт наздик мешуданд ва аз меваи он мехӯрданд. Одам аз меваи он дарахт хӯрд ва ба ҳамин далел аз биҳишт ронда шуд.

Хуб, ин миқдор, ҳам дар Қуръон ба ҳамин сурат аст ва ҳам дар Аҳди қадим.

Аммо ин ки он дарахт чӣ дарахте будааст, ин ҷо дигар дар Аҳди қадим таҳриф воқеъ шуда ва чӣ таҳрифе! Таҳрифе, ки моҳияти ин динро ба куллӣ иваз карда.

Дар Аҳди қадим – ки ба Таврот маъруф аст – дасти ҷинояткори таҳриф омада, масъаларо ба ин шакл ҷилва додааст: он дарахте, ки ба Одам дастур дода шуд, ки ба он наздик нашавад, ба ҷанбаи рушду камоли инсон марбут буд, на ба ҷанбаи суқуту таназзули ӯ. Ду камол барои Одам вуҷуд дошт ва Худо мехост он ду камолро аз Одам дареғ дорад: яке, камоли илм ва маърифат, дигаре камоли ҷовидонагӣ. Одам аз он дарахт, яъне дарахти илму маърифат чашид ва чашмаш боз шуд ва бо худ гуфт, то ҳоло кӯр будам ва акнун мефаҳмам, ки хуб яъне чӣ ва бад яъне чӣ. Худо ба фариштагон гуфт, ҳоло ки чашмҳояш боз шуд, хатари ин ки аз дарахти ҷовидонагӣ ҳам бихӯрад вуҷуд дорад ва ҷовидона бимонад, пас беҳтар аст, ӯро аз биҳишт берун кунем.

Ин аст насси Аҳди қадим (Таврот) дар ин хусус:

“Ва Худованд Худо ба Одам амр фармуда гуфт: “Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир, аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе, ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд”. (Аҳди қадим, китоби Ҳастӣ, боби дуюм: 16-17; тарҷимаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев ба тоҷикӣ)

“Балки Худо медонад, ки дар рӯзе, ки аз он бихӯред, чашмони шумо боз хоҳад шуд ва шумо монанди Худо орифи неку бад хоҳед шуд.” (Аҳди қадим, китоби Ҳастӣ, боби сеюм: 5; тарҷимаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев ба тоҷикӣ)

“Ва Худованд Худо гуфт: “Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад ва то абад зинда монад.” (Аҳди қадим, китоби Ҳастӣ, боби сеюм: 22; тарҷимаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев ба тоҷикӣ)

Ин таҳрифи вайронгар, барои дин ба таври умум бисёр хатарнок афтод, зеро дин яъне дастури Худо, пас маълум мешавад, ки миёни дин ва маърифат зиддият ҳаст. Бинобар ин, Одам ё бояд дин дошта бошад ва амри Худоро пазирад, ё аз дарахти маърифат бихӯрад ва чашмҳояш боз гардад. Дар натиҷа ё бояд дин дошт ва кӯр буд ва ҳеч чизро нашинохт, ё бояд чашмҳоро кушод ва шинохт.

Ба хотири ҳамин кам-кам дар Урупо масалҳое дар ин хусус роиҷ шуд, ки мегуфт:

“Инсон агар суқротӣ бошад гарчи фақиру гурусна, беҳтар аз он аст, ки хукӣ бошаду барда!“ (Манзур аз хукӣ дар ин ҷо, сарватманду фарбеҳ аст.)

“Як рӯз зиндагӣ кунам ва чашмҳоям боз бошад, беҳтар аст аз ин ки як умр чашмҳоям баста ва кӯр бошам, ба умеди он ки баъд дар биҳишт зиндагӣ кунам. Ҷаҳаннамро бо чашмҳои боз тарҷеҳ медиҳам бар биҳишт бо чашмҳои баста!”

Ва аммо Қуръон чӣ мегӯяд:

Қуръон достони наздик шудани Одам ба он дарахтро баъд аз он ки маърифат ва шинохт ҳосил кард, баъд аз он ки чашмаш боз шуд, баъд аз он ки неку бадро ташхис медод, зикр мекунад. Яъне аввал ба ӯ таълим дода буд:

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا

“Ва Худо ҳамаи номҳоро ба Одам таълим дод.” (Сураи Бақара, ояти 31)

Яъне Одам пеш аз он ки ба биҳишт биравад ва ба ӯ бигӯянд, инҷо бимон, чашмаш боз шуда буд ва ҳамаи ҳақоиқи оламро омӯхта буд, ӯ шинохт дошт ва ориф буд ва ҳақоиқро медонист. Одамро аслан ба хотири ҳамин маърифат ва мақомаш, ба биҳишт бурданд. Ва ба ин хотир аз биҳишт ронданд, ки аз ин мақоми воло хориҷ шуд. Яъне бо он ҳама илму маърифат, асири ҳавову ҳавас шуд, асири ҳирс шуд, асири васваса ва тамаъ шуд. Барои ҳамин ба ӯ гуфтанд, инҷо ҷойи одам аст. Одам ноодам шуд, ки аз биҳишт суқут кард, Одам чун ба лавозими шинохту маърифати худ амал накард, аз ҷойгоҳи аслии худ ихроҷ шуд.

Ин аст, ки дар мантиқи ислом, Одам ба хотири он аз биҳишт ронда шуд, ки ба шинохту маърифати худ пойбанд намонд, медонист, вале амал накард. Вале Аҳди қадим мегӯяд, аз аввал ба ӯ гуфтанд, шинохт пайдо накун! Ва чун шинохт пайдо кард ва чашмҳояш боз шуд, ӯро берун карданд.

Барои ҳамин ҳам метавон гуфт, ки ҳеч фикру назарияе ба андозаи ин таҳрифи Аҳди қадим ба башарият ва дин зарар назадааст. То имрӯз ҳам ин таваҳҳум вуҷуд дорад, ки ё илм, ё дин, фақат якеро метавон интихоб кард, он ду бо ҳам ҷамъ намешаванд. Бо ин таҳриф масеҳият ба нодонию тақлиди кӯр-кӯрона даъват мекунад, аммо Қуръон илова бар он ки хабар медиҳад, ки ба Одам ҳамаи ҳақоиқ омӯхта шуд, одамизодро расман ба шинохту маърифат даъват мекунад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тенулҳои Ҳамос нишон медиҳад, ки ҷангҳои оянда зерзаминӣ хоҳад буд
Тавсия ба зимомодорон ва ҳокимон

Матолиби пурбоздид