Баргае аз таърихи начандон дури Тоҷикистон

Таърих

 

Баргае аз таърихи начандон дури Тоҷикистон

Сайидюнус Истаравшанӣ

(Изҳори назаре аз инҷониб дар посух ба Nasibjon Amoni дар сафҳаи корбарии Додоҷон Атовуллоев)

Бори дигар салом бародари азиз! Он чи банда арз кардам, як воқеият буд бародари арҷманд! Дар баёни воқеиятҳои таърихӣ, на бояд мулоҳизаи касе ва чизеро кард ва на муболиға ва иғроқ намуд ва на дурӯғ гуфт, балки он чиро буд ва ҳаст, нарезонда ва начаконда баён кард.

Дар мавзӯъи мавриди баҳс – ки бешак ҳазорон нафар ҳанӯз зинда ҳастанд ва шоҳиди воқеа мебошанд – касе мункири ин ҳақиқат нест, ки марҳум Тоҳири Абдуҷаббор аз афроде буданд, ки аз истиқлоли кишвар гуфтаанд, дар ин баҳсе нест, балки баҳс дар ин аст – ки ҷаноби шумо рӯйи он таъкид кардаед – ки эшон поягузори истиқлоли Тоҷикистонанд ва истиқлоли кишвари мо, марҳуни талошҳои эшон будааст. Ин, хилофи воқеъ аст, бо воқеиятҳои таърихӣ – таърихи начандон дури мо – намехонад ва ба истилоҳ, дурӯғ аст. Албатта, ин ҳарфи банда ҳаргиз ва абадан ба маънои костан аз ҷойгоҳи он марҳум ва талошҳои эшон нест, ҳаргиз ва абадан! Эҳтироми ман нисбат ба эшон хеле баланд ва сари ҷояш боқист. Эҳтиром нисбат ба эшон, ҳаргиз ба маънои муболиға кардан ва дурӯғ гуфтан дар мавриди эшон нест.

Воқеият ин аст, ки марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар солҳои поёнии Шӯравӣ (СССР) намояндаи порлумон буданд, шӯҳрати эшон бештар ба хотири суханрониҳои ғарро ва расои эшон дар маҷлис буд, ки бештар аз тариқи телевизион низ пахш мешуд ва ҳамагон медиданд. Бешак эшон масоил ва матолиберо дар порулмон тарҳ ва барои баррасӣ пешниҳод мекарданд, ки масоили дар он рӯзгор барои кишвари азизи мо бисёр зарурӣ буданд, дар инҳо шакке нест, аммо то замоне, ки тазоҳурот баргузор шуд (тазоҳуроти дуввум, на аввалӣ, ки аз сабабҳои он, дифоъ аз Мақсуд Икромов, шаҳрдори пойтахт ва Маҳмадёз Навҷувонов, вазири вақти дохила буд), то ин замон, аз марҳум Тоҳири Абдуҷаббор ҳарфе аз истиқлол ба маънои ҷудо шудан аз ҳайати СССР шунида нашуда буд, лоақал дар саҳни маҷлис. Баъди ин воқеа буд, ки бале, замоне, ки дигар фурӯпошии СССР ба машомҳо мерасид, дар ин замонҳо буд, ки эшон ба табаъи соири истиқлолхоҳон, сухан аз зарурати истиқлол мезаданд.

Ва дар воқеъ, ангезаи эшон барои тарҳи ин матлаб, ҳамон тазоҳурот буд, ки дар воқеъ аввалин ҷараққаи истиқлоли Тоҷикистон аст. Ва аммо ин тазоҳурот, ба шаҳодати касоне, ки ҳанӯз дар қайди ҳаётанд ва метавонанд таъйидам кунанд, дар роҳандозии он марҳум ҳеч нақше надоштанд, балки баъдҳо ба он пайвастанд.

Дар таърих бояд ҳақиқат гуфта шавад ва мулоҳизаи касеро набояд кард. Яке аз афроди таъсиргузор дар роҳандозии ин тазоҳурот, Додоҷон Атовуллоев буд. Ҳамоҳангсоз байни афроди таъсиргузор дар кишвар мисли марҳум Мақсуд Икромов ва дигарон барои роҳандозии ин тазоҳурот, маҳз Додоҷон Атовуллоев буд.

Ин аст воқеият, ки албатта шояд огоҳон ва донандагони воқеа, дар ҷузъиёти он бо ман ихтилофи назар дошта бошанд, вале ба ҳар ҳол, то он ҷо, ки медонам, воқеият ҳамин буд.

Бинобар ин, ин як воқеият аст, ки истиқлоли Тоҷикистон, “ҳадяе” буд аз русҳо; касоне, ки СССР-ро соқит карданд ва пас аз он буд, ки дастандаркорони сиёсии тоҷик чорае ҷуз таъсиси кишваре ба номи Тоҷикистони мустақил надоштанд. Ин аст воқеият.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дониш кадом аст?
Раиси Созмони ҷосусии хориҷии Англис (MI6): “Эрон ҳамчунон дар ҳоли барномарезӣ барои интиқомгирӣ аз терури Исмоил Ҳаниа аст”

Матолиби пурбоздид