Ривояти таърихдони омрикоӣ аз ҳазм шудани муғулҳо дар тамаддун ва фарҳанги эронӣ

Таърих

 

Ривояти таърихдони омрикоӣ аз ҳазм шудани муғулҳо дар тамаддун ва фарҳанги эронӣ

Таърих

Профессор Гаролд Лэмб (Harold Albert Lamb), ховаршиноси маъруфи омрикоӣ, дар шаҳривари 1322 шамсӣ (сентябри 1943) дар замони ишғоли муттафиқин, вориди Эрон шуда ва муддате дар ин кишвар монд. Рӯзномаи “Кайҳон” дар он замон мусоҳибае бо ин эроншиноси барҷаста карда ва тақозо мекунад, мақолае барои ин рӯзнома ба риштаи таҳрир дароварад.

Матни зер ҳосили он тақозост:

“Як сармашқи пойдорӣ ва тавоноӣ

Дар соли 1253 мелодӣ, Мункехон, аршади хонаводаи чингизиён ва фармонравои Муғулистон, фармоне ба бародари худ, Ҳалокухон дод, ки ба мӯҷиби он мебоист Ҳалокухон бо артиши нерӯманде рӯй ба ғарб (ғарби Муғулистон) ниҳад ва ҳар андоза, ки метавонад, мамоликро ба тасарруфи худ дароварда, барои хештан ва писаронаш нигоҳ дорад.

Бад-ин тартиб, кишвари Эрон, ки андаке қабл яъне аз соли 1218 мелодӣ то соли 1221 низ поймоли суми аспони сарбозони Чингиз шуда буд, дубора мутаҳаммили садамот ва балоёи артиши Ҳалокухон гардид.

Ҳалокухон бо муҳандисони чинӣ, ки аҷир карда ва оташандозҳои нафтӣ, ки лашкариёни худро бо он муҷаҳҳаз намуда буд ва бо кӯмаки саворанизоми турк ва муттаҳидини армании худ чунон артиши нерӯманде ташкил дод, ки ҳамаи салотин ва умарои мамолики исломӣ аз муқобили ӯ фирор карданд. Ҳеч монее дар роҳи пешрафти ӯ пайдо нашуд.

Туркҳои хоразмӣ, ки дар сарзаминҳои атрофи баҳри Хазар сукунат доштанд, аз ватани хеш муҳоҷират карданд ва бисёре аз онон ба Миср рафтанд ва ҳаминҳо аввалин мамлукҳои маъруфи Миср шуданд, ки муддатҳо бар он хитта фармонравоӣ мекарданд. Туркҳои муқтадири салҷуқӣ низ ба ҳамин қисм дар муқобили ҳуҷуми муғулҳо фирор карданд ва ба сарзамини Руми шарқӣ (Туркияи имрӯз), ки акнун Осиёи Сағир ном дорад, паноҳ бурданд. Шаҳри азими Бағдод вайрон гардид ва 20 ҳазор тан аз аҳолии он ба қатл расиданд ва имороти он тӯъмаи ҳариқ шуд. Аз ин таърих ба баъд дигар ҳеч гоҳ Бағдод маркази фарҳангӣ ва сиёсии олами ислом нагардид.

Вале дар ҳамин солҳои ваҳшатзо миллати Эрон, бар хилофи мамлукҳо ва салҷуқиҳо, мавтини хешро тарк накард ва ба хоки бегона паноҳ набурд. Эрониҳо бо вуҷуди ҳамаи садамоте, ки бар асари 35 сол ҷанги маҳиб мутаҳаммил шуда буданд, тамаддуни худро ҳамчунон зинда нигоҳ доштанд ва бар рӯйи харобаҳои Нишопур ва Ҳарот ва Рай гулистонҳо ва бӯстонҳои тозае эҷод карданд.

Тамаддуни нерӯманди аҳди пурифтихори соcонӣ боқӣ монд ва ба кишвари мусибатзадаи Ироқ, ки дар зери чакмаи ваҳшиҳои муғулӣ рамақе барояш намонда буд, кӯмакҳои шоёне кард. Бад-ин тартиб, Эрон маркази имперотурии ҷадиди муғул дар осиё гашт. Донишмандони эронӣ хадамоти бузурге ба салотини муғул карданд ва аз ҷумла Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, ки вазири Ҳалокухон буд, қисмати умдаи китобҳои китобхонаи Бағдодро аз наҳбу ғорат наҷот дод.

Расадхонаи бузурге дар дарбори Ҳалокухон сохта шуд ва таърихнависони эронӣ таърихи ин солҳоро навиштанд ва забт карданд ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки акнун мутолеа ва таҳқиқ дар таърихи он замон барои мо осон мебошад. Атомалик мулаққаб ба Ҷувайнӣ дар соли 1290 мелодӣ китоби “Таърихи ҷаҳонгушой”-ро ба риштаи таҳрир даровард ва яке аз пизишкҳои олимиқдори Ҳамадон мавсум ба Рашидуддин таърихи бузурги оламро, ки мавсум ба “Ҷомеъут-таворих” аст таълиф намуд.

Ин донишмандон ва назоири онон дар дарбори ҷадиди муғулҳо дар Табрез нуфуз доштанд ва тавонистанд ахлофи Ҳалокухонро ба равишҳои беҳтаре барои ҳукумат ҳидоят кунанд. Дар соли 1253 мелодӣ Ҳалокухон аз Осиёи Марказӣ берун омада буд, то ёсо (қонун ва фарҳанг)-и чингизиро аз Самарқанд то Миср пиёда созад.

Ахлофи Ҳалокухон ба ҷойи ин ки ин нақшаро пайравӣ кунанд ва идома диҳанд, ҳукумати худро бар асли инсондӯстӣ ва иғмоз (чашмпӯшӣ) ва некӯкории эрониён қарор доданд. Саддҳои ҷадиди об сохта шуд ва роҳҳо ва ҷоддаҳо маъмур гашт ва додгоҳҳое муҷаззо аз додгоҳҳои низомӣ ва лашкарӣ эҷод шуд. Ғозонхон, ки ду насл пас аз Ҳалокухон ба мақоми илхонӣ расид, мазҳаби ташайюъро ихтиёр кард ва подшоҳе равшанфикр ва фарҳангдӯст гашт.

Дар замони салтанати Ғозонхон румиҳо ва мисриҳо ба маркази ҷадиди тамаддун, ки Эрон буд, наздик шуданд ва аз улум ва адабиёти он баҳравар гаштанд. Дар ҳамин замон буд, ки Маснавии бузурги Ҷалолуддини Румӣ навишта шуд ва муқаддамоти зуҳури Ҳофиз фароҳам гашт. Ба ҷойи ёсои чингизӣ, фарҳанг ва тамаддуни Эрон аз Самарқанд то Миср ривоҷ ёфт, ҳамчунон ки дар гузашта ривоҷ дошт ва ҳамчунон ки дар оянда низ ривоҷ хоҳад ёфт.”

Гаролд Лэмб, рӯзномаи “Кайҳон”, соли дуввум, шумораи 298, 10 шаҳривари 1322 (2 сентябри 1943)

* * *

Ишора: Гаролд Алберт Лэмб (Harold Albert Lamb, зодаи 1892 – даргузаштаи 1962) таърихдон (на таърихнавис), румоннавис, достонкӯтоҳнавис ва филмноманависи омрикоӣ буд. Лэмб пас аз таҳсилоти донишгоҳӣ, вориди артиш шуд ва чанд соле низ дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар артиш фаъолият кард. Гаролд Лэмб, илова бар забони ангилисӣ, ба забонҳои арабӣ ва чинӣ низ мусаллат буд ва бо мусофират ба Чин, Эрон, Русия ва минтақаи Ховари Миёна, моҳҳо дар ин мамолик ба таҳқиқ ва мутолеаи таърихӣ ва адабӣ пардохт.

Вай ба донишмандон, шоирон ва сухансароёни Эрон алоқаи фаровон дошт ва қисмате аз умри худро ба мутолеа дар бораи таърихи Эрон ва зиндагиномаи шоирон ва нависандагони Эрон сарф кард. Ӯ узви Анҷумани равобити Омрико ва Осиё ва Иттиҳодияи нависандагони омрикоӣ ва узви Анҷумани миллии Ховари Миёна буд.

Аз Гаролд Лэмб румонҳои мутаъаддиде дар бораи таърих ва шахсиятҳои Эрон бар ҷой монда, ки “Куруши Кабир”, “Ҳаким Умари Хаём”, “Зиндагиномаи Амир Темур”, “Чингизхон”, “Искандари Мақдунӣ” ва “Салибиҳо” аз он ҷумла аст.

Гаролд Лэмб саранҷом дар 9-уми апрели 1962 дар 70-солагӣ даргузашт.

Манбаъ: asriran

Қаламонлайн  

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талибы передали через генерала Ятимова ультиматум президенту Таджикистана
Паёми Яҳё Синвор ба Сайидҳасан Насруллоҳ

Матолиби пурбоздид