Даҳ гуфтор – XII
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши дувоздаҳум
Тақлиди машрӯъ
Ҳазрат баъд аз он ҷумлаҳо, ки қаблан роҷеъ ба тақлиди мазмум нақл кардам, тақлиди машрӯъ ва мамдӯҳро ин тавр баён мекунад:
وأما من كان من الفقهاء صائنا لنفسه حافظا لدينه مخالفا علی هواه مطيعا لأمر مولاه فللعوامّ أن يقلّدوه
Ҳар кадом аз фуқаҳо, ки битавонад худро забт ва нигаҳдорӣ кунад, даъватҳои шайтон, ки:
وَاسْتَفْزِزْ مَنِ اسْتَطَعْتَ مِنْهُمْ بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِمْ بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ
(Сураи Исро, ояти 64) (“Ва ҳар кадом аз онҳоро тавонистӣ, бо садои худ бихон ва бо сипоҳи савора ва пиёдаат бар онон битоз.”) — ӯро аз ҷо наканад, дини худро ҳифз кунад, дини худашро нафурӯшад (шояд мақсуд ин бошад, ки динро дар миёни мардум ва ҷомеа ҳифз кунад), мухолифи ҳавоҳои нафсонӣ ва мутеъи амри илоҳӣ бошад, авом аз ҳамчу касе метавонанд тақлид кунанд.
Албатта ин нукта возеҳ аст, ки мухолифати як олими руҳонӣ бо ҳавои нафс фарқ дорад бо мухолифати як нафар аз авом, зеро ҳавои нафси ҳар касе дар умури муайяне аст. Ҳавои нафси ҷавон як чиз аст ва ҳавои нафси пир як чизи дигар. Ҳар касе дар ҳар мақом ва ҳар дараҷа ва ҳар табақа ва ҳар синне, ки ҳаст, як навъ ҳавои нафс дорад. Миқёси ҳавопарастии як олими руҳонӣ ин нест, ки бибинем масалан шароб мехӯрад ё намехӯрад? Қимор мекунад ё намекунад? Намозу рӯзаро тарк мекунад ё тарк намекунад? Миқёси ҳавопарастии ӯ, дар ҷоҳу мақом ва майли ба дастбӯсӣ ва шӯҳрат ва маҳбубият ва алоқа ба ин ки мардум дунболи сараш ҳаракат кунанд ва дар сарфи байтулмол дар роҳи “оқои” худ ва ё боз гузоштани дасти касон ва хешон ва махсусан оқозодагони гиром дар байтулмол ва амсоли инҳост.
Баъд Имом (а) фармуд:
وهم بعض فقهاء الشيعة لا جميعهم
Яъне касоне, ки дорои ин фазоил ва малакоти олия бошанд, баъзе аз фуқаҳои шиъа ҳастанд, на ҳамаи онҳо.
Ин ҳадис ба эътибори ҷумлаҳои охираш яке аз мадорики масъалаи иҷтиҳод ва тақлид аст. Пас маълум шуд, ҳар кадом аз иҷтиҳод ва тақлид бар ду қисм аст: машрӯъ ва мамнӯъ.
Чаро тақлиди майит ҷоиз нест?
Масъалае мо дар фиқҳ дорем, ки аз мусалламоти фиқҳи мост ва он ин ки: тақлиди майит ибтидо ҷоиз нест. Тақлиди майит агар ҷоиз бошад, фақат дар идома додани тақлиди касе аст, ки дар замони ҳаёташ аз ӯ тақлид мекардаанд ва ҳоло мурдааст. Тоза, идома додани тақлиди майит ҳам бояд бо иҷоза ва тасвиби муҷтаҳиди ҳай (зинда) бошад. Ман ба далелҳои фиқҳии ин масъала коре надорам, ҳамин қадр мегӯям, бисёр фикри асосӣ аст, аммо ба шарти ин ки ҳадафи ин масъала равшан шавад.
Фоидаи аввали ин фикр ин аст, ки василае аст барои бақои ҳавзаҳои илмии динӣ, ки идома пайдо кунад ва улуми исломӣ маҳфуз бимонад, на танҳо маҳфуз бимонад, балки рӯз ба рӯз пеш биравад ва такомул пайдо кунад ва мушкилоти ҳалнашуда ҳал шавад.
Ин тавр нест, ки ҳамаи мушкилоти мо дар қадим ба василаи уламо ҳал шуда ва дигар ишколе ва коре надорем. Мо ҳазорон муаммо ва мушкил дар калом ва тафсир ва фиқҳ ва соири улум исломӣ дорем, ки бисёре аз онҳо ба василаи уламои бузург дар гузашта ҳал шуда ва бисёре боқӣ монда ва вазифаи ояндагон аст, ки ҳал кунанд ва тадриҷан дар ҳар риштае китобҳое беҳтар ва ҷомеътар бинависанд ва ин риштаро идома бидиҳанд ва ҷилав бибаранд, ҳамон тавре, ки дар гузашта низ тадриҷан тафсирро ҷилав бурданд, каломро ҷилав бурданд, фиқҳро ҷилав бурданд. Ин қофила набояд дар сайри худ таваққуф кунад. Пас тақлиди мардум аз муҷтаҳидини зинда ва таваҷҷӯҳ ба онҳо, як василае аст барои ибқо ва такомули улуми исломӣ.
Иллати дигар ин аст, ки мусалмонон ҳар рӯз бо масоили ҷадид дар зиндагии худашон рӯ ба рӯ мешаванд ва намедонанд таклифашон дар ин масоил чист? Фуқаҳои зинда ва зиндафикре лозим аст, ки ба ин ҳоҷати бузург посух бидиҳанд. Дар яке аз ахбори иҷтиҳод ва тақлид омада:
وأما الحوادث الواقعة فارجعوا فيها إلی روات أحاديثنا
(Эҳтиҷоҷи Табарсӣ, ҷ.2 с.283) (“Ва аммо дар ҳаводиси воқеа ба ровиёни аҳодиси мо руҷӯъ кунед.” Ба ҷойи ”аҳодисино“ “ҳадисино“ овардааст.) Ҳаводиси воқеа ҳамон масоили ҷадид аст, ки давра ба давра ва қарн ба қарн ва сол ба сол пеш меояд. Мутолеа ва татаббӯъ дар китобҳои фиқҳия дар давраҳо ва қуруни мухталиф мерасонад, ки тадриҷан бар ҳасби эҳтиёҷоти мардум масоили ҷадиде вориди фиқҳ шуда ва фуқаҳо дар мақоми ҷавобгӯӣ баромадаанд ва ба ҳамин ҷиҳат тадриҷан бар ҳаҷми фиқҳ афзуда шуда.
Агар касе муҳаққиқона ҳисоб кунад, метавонад бифаҳмад, ки масалан фалон масъала ва фалон масъала дар чӣ қарне ва дар чӣ минтақае рӯйи чӣ эҳтиёҷе вориди фиқҳ шуда. Агар муҷтаҳиди зинда ба масоили ҷадид посух надиҳад, чӣ фарқе байни тақлиди зинда ва мурда аст?! Беҳтар ин ки аз баъзе аз амвот мисли Шайх Ансорӣ — ки ба эътирофи худи муҷтаҳидини зинда, аз ҳамаи онҳо олимтар ва муҳаққиқтар буда — тақлид кунанд. Асосан “рамзи иҷтиҳод“, дар татбиқи дастуроти куллӣ бо масоили ҷадид ва ҳаводиси мутағайир аст. Муҷтаҳиди воқеӣ он аст, ки ин рамзро ба даст оварда бошад, таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки мавзӯъот чӣ гуна тағйир мекунад ва биттабъ ҳукми онҳо иваз мешавад. Вагарна танҳо дар масоили кӯҳна ва фикршуда фикр кардан ва ҳаддиаксар як “ъалал-ақво”-ро табдил ба “ъалал-аҳват” кардан ва ё як “ъалал-аҳват”-ро табдил ба “ъалал-ақво” кардан, ҳунаре нест ва ин ҳама ҷору ҷанҷол лозим надорад.
Иҷтиҳод албатта шароит ва муқаддамоти зиёде дорад. Муҷтаҳид, улуми мухталиферо бояд тай карда бошад, аз адабиёти араб ва мантиқ ва усули фиқҳ ва ҳатто таърихи ислом ва фиқҳи соири фирақи исломӣ. Ва муддатҳо муморасат лозим аст, то як фақеҳи воқеӣ ва ҳисобӣ пайдо шавад. Танҳо бо хондани чанд китоби адабӣ дар наҳву сарф ва маъонӣ ва баён ва мантиқ ва баъд се чаҳор китоби муайян аз сутуҳ аз қабили “Фароид” ва “Макосиб” ва “Кифоя” ва баъд чанд сол дарси хориҷ, касе наметавонад тибқи маъмул иддаъои иҷтиҳод кунад ва китоби “Васоил” ва “Ҷавоҳир”-ро ҷилаваш бигузорад ва пушти сари ҳам фатво бидиҳад. Бояд ростӣ ӯ тафсир ва аз ҳадис яъне аз чандин ҳазор ҳадис, ки дар тӯли 250 сол аз замони ҳазрати Расул (с) то замони Имом Аскари (а) содир шуда ва муҳити судури ин аҳодис яъне таърихи ислом ва фиқҳи соири фирақи исломӣ ва аз риҷол ва табақоти ровиён огоҳӣ дошта бошад.
Оятуллоҳ Буруҷердӣ (Аълаллоҳу мақомаҳу!) ба ростӣ фақеҳ буд. Ман одат надорам аз касе ном бибарам. Эшон ҳам то зинда буданд, дар суханрониҳоям аз эшон ном набурдаам, вале ҳоло, ки эшон рафтаанд ва матмаъе нест, мегӯям, ки ин мард ба ростӣ як фақеҳи мумтоз ва мубарраз буд, бар ҳамаи ин риштаҳо аз тафсир ва ҳадис ва риҷол ва дироя ва фиқҳи соири фирақи исломӣ иҳота ва тасаллут дошт.
Таъсири ҷаҳонбинии фақеҳ дар фатвоҳояш
Фақеҳ ва муҷтаҳид кораш истинбот ва истихроҷи аҳком аст, аммо иттилоъ ва иҳотаи ӯ ба мавзӯот ва ба истилоҳ, тарзи ҷаҳонбиниаш, дар фатвоҳояш зиёд таъсир дорад. Фақеҳ бояд иҳотаи комил ба мавзӯоте, ки барои он мавзӯот фатво содир мекунад дошта бошад. Агар фақеҳеро фарз кунем, ки ҳамеша дар гӯшаи хона ва ё мадраса буда ва ӯро бо фақеҳе муқоиса кунем, ки вориди ҷараёноти зиндагӣ аст, ин ҳар ду нафар ба далелҳои шаръия ва мадорики аҳком муроҷиат мекунанд, аммо ҳар кадом як ҷур ва як наҳви бахусус истинбот мекунанд.
Мисоле арз мекунам: фарз кунед, як нафар дар шаҳри Теҳрон бузург шуда бошад ва ё дар шаҳри дигаре мисли Теҳрон, ки дар он ҷо курр ва оби ҷорӣ фаровон аст, ҳавзҳо ва обанборҳо ва наҳрҳо ҳаст ва ҳамин шахс фақеҳ бошад ва бихоҳад дар аҳкоми таҳорат ва наҷосат фатво бидиҳад. Ин шахс бо савобиқи зиндагии шахсии худ вақте, ки ба ахбор ва ривоятҳои таҳорат ва наҷосат муроҷиа кунад, як тавре истинбот мекунад, ки хеле мақрун ба эҳтиёт ва лузуми иҷтиноб аз бисёре чизҳо бошад. Вале ҳамин шахс, ки як сафар ба зиёрати хонаи Худо меравад ва вазъи таҳорат ва наҷосат ва беобиро дар он ҷо мебинад, назараш дар боби таҳорат ва наҷосат фарқ мекунад, яъне баъд аз ин мусофират агар ба ахбор ва ривоятҳои таҳорат ва наҷосат муроҷиа кунад, он ахбор ва ривоятҳо барои ӯ як мафҳуми дигар дорад.
Агар касе фатвоҳои фуқаҳоро бо якдигар муқоиса кунад ва зимнан ба аҳволи шахсӣ ва тарзи тафаккури онҳо дар масоили зиндагӣ таваҷҷӯҳ кунад, мебинад, ки чӣ гуна савобиқи зеҳнии як фақеҳ ва иттилооти хориҷии ӯ аз дунёи хориҷ, дар фатвоҳояш таъсир дошта, ба тавре, ки фатвои араб бӯйи араб медиҳад ва фатвои аҷам бӯйи аҷам, фатвои деҳотӣ бӯйи деҳотӣ медиҳад ва фатвои шаҳрӣ бӯйи шаҳрӣ.
Ин дин, дини хотам аст, ихтисос ба замони муайян ва ё минтақаи муайян надорад, марбут ба ҳамаи минтақаҳо ва ҳамаи замонҳост; дине аст, ки барои низоми зиндагӣ ва пешрафти зиндагии башар омада, пас чӣ гуна мумкин аст фақеҳе аз низомот ва ҷараёни табиӣ бехабар бошад, ба такомул ва пешрафти зиндагӣ имон надошта бошад ва он гоҳ битавонад дастурҳои олӣ ва мутараққии ин дини ҳанифро, ки барои ҳамин низомот омада ва зомини ҳидояти ин ҷараёнҳо ва таҳаввулот ва пешрафтҳост, комилан ва ба таври саҳеҳ истинбот кунад?!
Идроки заруратҳо
Мо ҳамин алъон дар фиқҳи худамон мавориде дорем, ки фуқаҳои мо ба таври ҷазм, ба лузум ва вуҷуби чизе фатво додаанд, фақат ба далели дарки зарурат ва аҳаммияти мавзӯъ, яъне бо ин ки далели нақлӣ аз оят ва ҳадис ба таври сареҳ ва кофӣ надорем ва ҳамчунин иҷмоъи мӯътабаре низ дар кор нест, фуқаҳо аз асли чаҳоруми истинбот яъне далели мустақилли ақлӣ истифода кардаанд. Фуқаҳо дар ин гуна маворид аз назари аҳаммияти мавзӯъ ва аз назари ошноӣ ба руҳи ислом, ки мавзӯъоти муҳимро билотаклиф намегузорад, ҷазм мекунанд, ки ҳукми илоҳӣ дар ин маврид бояд чунин бошад. Мисли он чи дар масъалаи вилояти ҳоким ва мутафарреъоти он фатво додаанд. Ҳоло агар ба аҳаммияти мавзӯъ пай набурда буданд, он фатво пайдо нашуда буд. То ин ҳадд, ки ба аҳаммияти мавзӯъ пай бурдаанд, фатво ҳам додаанд. Мавориди дигар назири ин маврид метавон пайдо кард, ки иллати фатво надодан, таваҷҷӯҳ надоштан ба лузум ва аҳаммияти мавзӯъ аст.
Як пешниҳоди муҳим
Дар ин ҷо ман пешниҳоде дорам, ки барои пешрафт ва тараққии фиқҳи мо бисёр муфид аст. Инро қаблан марҳум Оятуллоҳ Ҳоҷӣ Шайх Абдулкарими Яздӣ (Аълаллоҳу мақомаҳу!) фармудаанд ва ман пешниҳоди эшонро арз мекунам.
Эшон гуфта буданд, чӣ лузуме дорад, ки мардум дар ҳамаи масоил, аз як нафар тақлид кунанд. Беҳтар ин аст, ки қисматҳои тахассусӣ дар фиқҳ қарор диҳанд, яъне ҳар дастае баъд аз он ки як давраи фиқҳи умумиро диданд ва иттилоъ пайдо карданд, тахассуси худро дар як қисмати муайян қарор диҳанд ва мардум ҳам дар ҳамон қисмати тахассусӣ, аз онҳо тақлид кунанд. Масалан баъзе риштаи тахассусии худро ибодот қарор диҳанд ва баъзе муомилот ва баъзе сиёсот ва баъзе аҳком (аҳком ба истилоҳи фиқҳ), ҳамон тавре, ки дар тиб ин кор шуда ва риштаҳои тахассусӣ пеш омада, ҳар дастае мутахассиси як ришта аз риштаҳои пизишкӣ ҳастанд; баъзе мутахассиси қалб мебошанд, баъзе мутахассиси чашм, баъзе мутахассиси гӯшу ҳалқ ва бинӣ ва баъзе мутахассиси чизи дигар. Агар ин кор бишавад, ҳар касе беҳтар метавонад таҳқиқ кунад дар қисмати худаш. Гумон мекунам, дар китоби ”Ал-калому яҷуррул-калом”, таълифи оқои Сайидаҳмади Занҷонӣ (Салламаҳуллоҳ), ин матлаб аз қавли эшон чоп шуда.
Ин пешниҳод бисёр пешниҳоди хубе аст ва ман изофа мекунам, ки эҳтиёҷ ба тақсими кор дар фиқҳ ва ба вуҷуд омадани риштаҳои тахассусӣ дар фақоҳат, аз сад сол пеш ба ин тараф зарурат пайдо карда ва дар вазъи мавҷуд ё бояд фуқаҳои ин замон ҷилави рушду такомули фиқҳро бигиранд ва мутаваққиф созанд ва ё ба ин пешниҳод таслим шаванд.
Тақсими кори тахассусӣ дар улум
Зеро тақсими кор дар улум, ҳам маълули такомули улум аст ва ҳам иллати он, яъне улум тадриҷан рушд мекунанд, то мерасанд ба ҳадде, ки аз ӯҳдаи як нафар таҳқиқ дар ҳамаи масоили онҳо мумкин нест, ночор бояд тақсим бишавад ва риштаҳои тахассусӣ пайдо шавад. Пас тақсими кор ва пайдоиши риштаҳои тахассусӣ дар як илм, натиҷа ва маълули такомул ва пешрафти он илм аст. Ва аз тарафи дигар, бо пайдоиши риштаҳои тахассусӣ ва тақсими кор ва тамаркузи фикр дар масоили бахусуси он риштаи тахассусӣ, пешрафти бештаре пайдо мекунанд.
Дар ҳамаи улуми дунё аз тиб ва риёзиёт ва ҳуқуқ ва адабиёт ва фалсафа, риштаҳои тахассусӣ пайдо шуда ва ҳамин ҷиҳат он риштаҳоро тараққӣ додааст.
Такомули ҳазорсолаи фиқҳ
Замоне буд, ки фиқҳ бисёр маҳдуд буд. Вақте ба мактаби фиқҳияи қабл аз Шайх Тӯcӣ муроҷеа мекунем, мебинем чӣ қадр кӯчак ва маҳдуд будааст! Шайх Тӯcӣ бо навиштани китобе ба номи ”Мабсут“, фиқҳро вориди марҳилаи ҷадиде кард ва тавсиъа дод. Ва ҳамчунин давра ба давра дар асари кӯшишҳои уламо ва фуқаҳо ва ворид шудани масоили ҷадид ва таҳқиқоти ҷадид, бар ҳаҷми фиқҳ афзуда шуд, то он ҷо, ки дар ҳудуди сад сол пеш, ки соҳиби “Ҷавоҳир” муваффақ шуд як давраи фиқҳ бинависад, ба заҳмат тавонист ин корро анҷом диҳад. Мегӯянд, дар ҳудуди 20-солагӣ ин корро шурӯъ кард ва бо истеъдоди фавқулъода ва кори мудовим ва умри тавил, дар охири умр тавонист давраи фиқҳро ба охир бирасонад. Давраи “Ҷавоҳир” дар шаш ҷилди бисёр захим чоп шуда. Тамоми китоби ”Мабсут“-и Шайх Тӯcӣ, ки дар асри худ намунаи фиқҳи машрӯҳ ва муфассале буда, шояд аз нисфи як ҷилд аз шаш ҷилди “Ҷавоҳир” кӯчактар бошад. Баъд аз соҳиби “Ҷавоҳир” мабонии фиқҳи ҷадиде ба василаи Шайх Муртазо Ансорӣ (Аълаллоҳу мақомаҳу!) пайрезӣ шуд, ки намунааш китоби “Макосиб” ва китоби таҳорати он марҳум аст. Баъд аз эшон дар мухайялаи касе ҳам хутур намекунад, ки як давраи фиқҳ бо ин шарҳу таҳқиқ таълиф ё тадрис кунад. Дар ин вазъи ҳозир ва баъд аз ин пешрафт ва такомул, ки дар фиқҳи мо монанди соири улуми дунё пайдо шуда ва ин пешрафт маълули кӯшишҳои уламо ва фуқаҳои гузашта буда, ё бояд уламо ва фуқаҳои ин замон ҷилави рушду такомули фиқҳро бигиранд ва монеъи тараққии он гарданд ва ё бояд он пешниҳоди матин ва мутараққиро амалӣ кунанд, риштаҳои тахассусӣ ба вуҷуд биёваранд ва мардум ҳам дар тақлид, табъиз кунанд ҳамон тавре, ки дар руҷӯъ ба табиб табъиз мекунанд.
Шӯрои фиқҳӣ
Пешниҳоди дигаре ҳам дорем, ки арз мекунам ва мӯътақидам ин матолиб ҳар андоза гуфта шавад, беҳтар аст ва он ин ки: дар дунё дар айни ин ки риштаҳои тахассусӣ дар ҳамаи илмҳо пайдо шуда ва мӯҷиби пешрафтҳо ва тараққиёти муҳайирулуқул шуда, як амри дигар низ амалӣ шуда, ки он ҳам ба навбаи худ як омили муҳимме барои тараққӣ ва пешрафт буда ва ҳаст. Ва он, мавзӯъи ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ байни донишмандони тирози аввал ва соҳибназарони ҳар ришта аст. Дар дунёи имрӯз дигар фикри фард ва амали фард арзиш надорад, аз такравӣ коре сохта нест, уламо ва донишмандони ҳар ришта доиман машғули табодули назар бо якдигаранд, маҳсули фикру андешаи худро дар ихтиёри соири аҳли назар қарор медиҳанд. Ҳатто уламои қоррае бо уламои қорраи дигар ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ мекунанд. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо ва ҳамфикриҳо ва табодули назарҳо байни тирози аввалҳо агар назарияи муфид ва саҳеҳе пайдо шавад, зудтар мунташир мешавад ва ҷо боз мекунад ва агар назарияи ботиле пайдо шавад, зудтар бутлонаш равшан мешавад ва маҳв мегардад, дигар солҳо шогирдони он соҳибназар дар иштибоҳ боқӣ намемонанд.
Мутаассифона дар миёни мо ҳанӯз на тақсими кор ва тахассус пайдо шуда, на ҳамкорӣ ва на ҳамфикрӣ. Ва бадеҳӣ аст, ки бо ин вазъ интизори тараққӣ ва ҳалли мушкилот наметавон дошт.
Роҷеъ ба мушовараи илмӣ ва табодули назар ҳарчанд ба қадре возеҳ аст, ки эҳтиёҷ ба истидлол надорад, аммо барои ин ки дониста шавад дар худи ислом ин пешбиниҳо ва дастурҳои мутараққиёна ҳаст, ба ояте аз Қуръон ва ба ҷумлаҳои аз “Наҳҷул-балоға” ишора мекунам.
Дар худи Қуръон, дар сураи муборакаи Шӯро мефармояд:
وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
(Сураи Шӯро, ояти 38) Ин оят карима мӯъминин ва пайравони исломро ин тавр васф мекунад: даъвати Ҳақро иҷобат мекунанд, намозро бапо медоранд, кори худро бо шӯру ҳамфикрӣ анҷом медиҳанд ва аз он чи ба онҳо иноят кардаем инфоқ мекунанд.
Пас, аз назари ислом, ҳамфикрӣ ва табодули назар яке аз усули зиндагии аҳли имон ва пайравони ислом аст.
Дар “Наҳҷулбалоға” мефармояд:
وَاعْلَمُوا أَنَّ عِبَادَ اللَّهِ الْمُسْتَحْفَظِينَ عِلْمَهُ، يَصُونُونَ مَصُونَهُ وَيُفَجِّرُونَ عُيُونَهُ، يَتَوَاصَلُونَ بِالْوِلَايَةِ وَيَتَلَاقَوْنَ بِالْمَحَبَّةِ وَيَتَسَاقَوْنَ بِكَأْسٍ رَوِيَّةٍ وَيَصْدُرُونَ بِرِيَّةٍ
(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 212) Яъне бидонед, ки он даста аз бандагони Худо, ки илми Худо ба онҳо супурда шуда, сирри Худоро нигаҳ медоранд ва чашмаҳои ӯро ҷорӣ месозанд, яъне чашмаҳои илмро ба рӯйи мардум боз мекунанд, бо якдигар робитаи дӯстӣ ва авотифи муҳаббатомез доранд, бо гармӣ ва башшошат ва муҳаббат бо якдигар мулоқот мекунанд ва якдигарро аз ҷоми андӯхтаҳои илмӣ ва фикрии худ сероб менамоянд, ин яке аз ҷоми андӯхтаҳои фикри худ ва назари худ ба он яке медиҳад ва он яке ба ин яке. Дар натиҷа ҳама сероб ва ирзоъшуда берун мераванд.
Агар шӯрои илмӣ дар фақоҳат пайдо шавад ва асли табодули назар ба таври комил ҷомаи амал бипӯшад, гузашта аз тараққӣ ва такомуле, ки дар фиқҳ пайдо мешавад, бисёре аз ихтилофи фатвоҳо аз байн меравад.
Чорае нест, агар муддаӣ ҳастем, ки фиқҳи мо низ яке аз улуми воқеии дунёст, бояд аз услубҳое, ки дар соири улум пайравӣ мешавад, пайравӣ кунем. Агар пайравӣ накунем, маънояш ин аст, ки аз радифи улум хориҷ аст.
Пешниҳодҳои муфид ва лозими дигаре ҳам доштам, ки вақт гузашт ва наметавонам зикр кунам, зеро дар ҳудуди се рубъ соати дигар вақт мегирад ва медонам роҳи баъзе аз оқоён дур аст, то ба манзил бирасанд.
Ояте, ки дар талиаи сухан хондам, ин ояти карима буд:
فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ
Ин ояти карима сареҳан дастур медиҳад, ки гурӯҳе аз мусалмонон мебоист дар дин тафаққуҳ кунанд ва дигаронро аз тафаққуҳи худ баҳраманд созанд.
Тафаққуҳ аз моддаи “фиқҳ” аст. Маънои фиқҳ, мутлақи фаҳм нест, балки фаҳми амиқ ва басирати комил ба ҳақиқати як чизро фиқҳ мегӯянд. Роғиб дар ”Муфрадот” мегӯяд:
الفقه هو التوصل إلی علم غائب بعلم شاهد
Яъне фиқҳ ин аст, ки аз як амри зоҳир ва ошкор, ба як ҳақиқати махфӣ ва пинҳон пай бурда шавад. Дар таърифи тафаққуҳ мегӯянд:
تفقه إذا طلبه فتخصّص به
Яъне талаб кард чизеро ва дар он тахассус пайдо кард.
Ин оят ба мусалмонон мегӯяд, ки дар фаҳми дин сатҳӣ набошанд, амиқ фикр кунанд, ба маъно ва руҳи дастурҳо пай баранд.
Ин ояти карима мадраки иҷтиҳод ва фақоҳат аст ва ҳамин ояти карима санади пешниҳодҳои мост. Ҳамчунон, ки ба ҳукми ин ояти карима, басоти иҷтиҳод ва тафаққуҳ дар ислом паҳн шудааст, ба ҳукм ҳамин оят бояд ин басот густардатар шавад, ба заруратҳо бештар таваҷҷӯҳ шавад, шӯрои фиқҳӣ амалан вориди кор шавад, такравиҳо мансух гардад, риштаҳо тахассусӣ шавад, то фиқҳи мо роҳи такомули худро идома диҳад.
Идома дорад…
Қаламонлайн