Забони арабӣ – забони ислом ва порсӣ – забони мусалмонӣ

Адаб

Забони арабӣ – забони ислом ва порсӣ – забони мусалмонӣ

Хайриддини Абдуллоҳ

Порсӣ – беҳтарин забони илҳомангез, ки Худои Мутаъол ба ҳамаи башар раво дошта ва онро ба қишре махсус нагардонидааст. Агар ваҳй ва сухан гуфтан бо хешро ба паёмбарон қатъ додааст, вале забони ҳадияе аст, ки ба ҳама башар арзонӣ доштааст. Ҳақиқатан порсӣ қудрат ва эъҷозе дорад, ки ҳанӯз аз асрори печидаи зиндагии башар аст ва забоншиносон аз тамоми он огоҳ нестанд.

Шумо агар дар саросари дунё бигардед, дар байни фарҳангҳо ғӯтавар шавед, ҳамварзи адаби форсӣ чизе пайдо намекунед. Он маҷмӯае, ки битавонад ҳамсанги Маснавӣ бошад, асаре, ки битавонад ҳамрутбаи осори Саъдиву Ҳофиз бошад, битавонад тана бар танаи Шоҳнома бизанад ёфт нашудааст.

Ин адаб дар давоми торих аз як сӯ аз фарҳангу одобу суннатҳову тамадуни куҳани мардум тағзия мекардааст, менӯшидааст, ки куҳантарин торихро бо номи худ сабт кардааст ва аз сӯи дигар, ин адаб аз зулоли маърифати Қуръон, ки поён надорад нӯш мекунад, ба ҳамин хотир аст, ки дар саросари сарзаминҳое, ки шарқаш Туркистону Чин буда ва ғарбаш Марокаш ва шимолаш ҳавзаи сукунати тоторҳо ва ҷанубаш кишварҳои арабии ҳошияи холиҷи Порс дар саросари ин сарзамин ин адаб зинда ҳоким ва пурҷӯш будааст.

Чи гуна аст, ки дар дарбори подшоҳони ҳиндӣ сухансароёни порсигӯ сар баланд намуда, як сабки шеър бо номи сабки ҳиндӣ кашф намуданд. Дар замоне, ки сабки хуросониву сабки ироқӣ рӯ ба нузул меравад, сабки ҳиндӣ сар баланд мекунад. Чи гуна аст ин? Чи гуна аст,ки мардумшиносону ховаршиносон ҳангоме ки пеш аз вуруди комунистҳо ба сарзаминҳои Русия меомаданд ва аз аҳволи мардуми тотор пурсуҷӯ мекарданд, медиданд, ки тоторҳо ба ғарибҳо, ки мерасанд, аз онҳо мепурсанд, “оё забони ислом медонед ё забони мусалмонӣ?”. Ва муроди онҳо ин буда, ки агар ту забони арабӣ медонӣ, забони Ислом медонӣ ва агар забони порсӣ медонӣ, забони мусалмонӣ медонӣ.

Ва ҳамчунон шоистаи қайд ва ҷойи инфтихор аст, ки мусалмонони ҷаҳон аз чи миллате, ки набошанд, намозро ба забони порсӣ ният мекунанд, ё арабӣ. Дар реша ҳам чунин ҳаст, ки Имом Абуҳанифа (р) нияти намозро ба арабӣ ва порсӣ раво донистааст. Ва номҳои вақти намозро ба порсӣ мегуфтанд ва мегӯянд ба монанди бомдод, пешин, намози дигар, шом, хуфтан, ва вожаи “намоз” ҳам порсист. Барои исботи ошкорои сухани худ, таъкид менамоям, ки агар шумо сафар ба кишварҳои туркзабон кунед, мешунавед, ки дар забонҳои мардуми он минтақаҳо ва дар тоблуи дохили масҷидҳояшон номҳои вақти намозро бо забони порсӣ мегӯянду менависанду нияти намоз мекунанд. Сипос бар онҳо, ки дарк кардаанд, порсӣ забони илм ва дин аст ва ин ниёзашонро дар паси ҳеҷ ғаразе рӯйпӯш накардаанд ва аз вожаҳои порсӣ кор мебаранд. Аммо мутасифона, афсӯсу сад афсӯс, ки дар Ирони имрӯз ба ҷойи намози бомдод фаҷр, ба ҷойи пешин зуҳр, ба ҷойи намози дигар аср, ба ҷойи шом мағриб ва ба ҷои хуфтан ъишоро кор мебаранд.

Чи гуна аст, ки ин забон забони мусалмонист, чун шумо ҳар қадар донишманду олиме суроғ доред, ки чун ситорае дар осмони илм ва адаб дар тамоми сарзаминҳои исломӣ медурахшад, беш аз ҳаштод фисади онҳо порсигӯй ва эронӣ буданд. Бухоро, ки бо номи Муҳаммад ал-Бухорӣ шинохта мешавад, ё ал-Бухорӣ, ки Бухороро маъруф намудааст, саҳеҳи бузургтаринеро барои олами Ислом дошта, ки китобаш баъди Қурон саҳеҳтарин китоб шумурда мешавад, порсигӯй буд, Имом Муслим порсигӯй буд, соҳиби сунани Тирмизӣ порсигӯй буд. Агар ба фалсафа бирасем, Абӯалии Сино порсигӯй буд, ба муаррихин, ки бирасем, падари муаррихон Табарӣ порсигӯй буд. Дар тафсир биравем, Байзовӣ порсигӯй буд, Имом Фахрии Розӣ порсигӯй буд…

Ва ин адаб ба қадре қуват дошт, ки агар ин нерӯмандиаш набуд, пас аз ҳамлаи муғул ному нишоне аз эшон намемонд. Қудрат ва қуваташ чунон зӯр буд, ки муғули бидуни фарҳанге, бархоста аз кӯҳу саҳроро, ки ноошно бо одобу русуму шаҳрнишинӣ буд, дар худ ҳал кард, мусалмон кард ва аз фарҳангу тамадуни хеш дар ҷони ӯ тазриб кард, дар ҷони ӯ фурӯ нишонд. Ин ҳама қудрати адаби порсиён аст.

Ба гунае ки салотини муғул охиринашон ба худ тахаллуси Худобандаро гирифт. Чаро ин хоссият ба вуҷуд меояд, касе накобидаст, ҷустуҷӯ накардааст ва мутаасифона касоне, ки омаданду хостанд, дар ин фазо пажӯҳиш кунанд, муриди адаби порсӣ ва побанди арзишҳои динии ин сарзамин шуданд.

Чунин нафарон бисёранд, ки ошиқи ин адаб буда, дар Ирон мадфун шуданд. Бузургтарин донишмандони дунёи ғайри порсизабон буда, аввало аз ин чашмаи адабу ҳикмати порсӣ нӯш карда, танҳо баъд машҳур гаштанд. Масалан Шекспир дар танҳоӣ, бидуни нӯшидани косаи обе аз дарёи адаби порсӣ наметавонист Шекспер бишавад. Ё Толстой рагҳои ошноӣ бо ин фазо, дар назди ӯ, дар сарзамини ӯ бисёр буд, кӣ нӯшида, ки тавонист соҳибном бишавад.

Адаби порсӣ мероси бузурги башарият аст, моли як қавм нест. Ва дар тамоми китобхонаҳои дунё новобаста ба он, ки ба забон ошноӣ надоранд, хатро надонанд, бояд аз ин китобҳоро ба захира нигаҳ доранд. Аз Маснавӣ, аз Шоҳнома, аз девони Ҳофиз, аз куллиёти Саъдӣ ва аз девони Ироқӣ, аз девони Хоҷавии Кирмонӣ, аз кулиёти Низоми Ганҷавӣ, аз кулиёти Саноии Ғазнавӣ, аз Бедили Деҳлавӣ…

Забон барои фарҳанг ба монанди он хайма, ки як дирак ё сутун дар ин хайма аст, ки ин хаймаро сару по нигаҳ медорад, агар он диракро бигиред, хайма бар замин меафтаду ин хайма дигар нахоҳад буд, ба ҷуз як порчаи бехосият. Забон нақши он хаймаро дорад. Барои фарҳанг, ҳеҷ чизе наметавонад, ба монанди забон барои зинда будани фарҳанг, чусту чолук будани фарҳанг кор кунад. Агар мардумони фарҳангӣ, мардумони аз як фарҳанг дар як ақалият қарор бигиранд, дар гоми нахуст ин гоми забон аст, ки эшонро мустаҳкам нигоҳ медорад. Дар гоми дуввум ин ақида аст. Торих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон пас аз гирифторӣ ба ҳукумати комунистӣ ҳолу рузӣ баде пайдо кардем. Ва забони мо шуд маърази ҳуҷум. Чи гуна забони мо маърази ҳуҷум шуд? То ҷое, ки ба ҳамагон маълум аст, хат як нишонаи фарҳангдориву забондориву миллатдорист. Агар забонро хоҳем фаҳмид, бояд навиштаи ӯро донему ошно бошем, пас комунистҳо омаданд, хатро дигаргун кунанд. Ва дар ин ҳолат, мо на танҳо аз ҷониби кумунистҳо фишору мавриди ҳуҷум қарор доштем, балки аз ҷониби туркону ӯзбакон ва ақвоми туркзабон мавриди ҳуҷум қарор доштем. Ин рақобатҳо дар Самарқанду Бухоро аз он замон шуруъ шуда буд.

Аз даврони Сталин минтақаи ӯзбакнишин мехостанд, дуруст кунанд, сарзамине барои халқи ӯзбак мехостанд битарошанд.

Марг бар он касоне, ки дабираи моро, алифбои ниёгони моро иваз карданд ва марг бар тарафдорони ин хатти пириллик, ки пеш аз оне, ки бо зуриву ситам бар болои мо бор карданд, онҳо фикр накарданд, ки мо дар алифбои ниёгонамон се намуд ҳарфи “С”, чаҳор намуд ҳарфи “З”, ду намуд Ҳарфи “Ҳ” , ду намуд ҳарфи “Т”, ки дорем, охир чи гуна инҳоро ба ҳуруфи пирилик пайдо кунему бинависем, то маънои калима дигар нашавад. Ва комунистҳо бар мо фишор меоварданд, ки дар ҳуруфи пирилик ду намуд ҳарфи “Ш” бояд дошта бошем, зеро ба иддаои онҳо Хрущов бо намуди “щ”-и “щётка” навишта мешавад, дар ҳоле, ки забони мо ниёз ба ин гуна ҳарф надорад. Яъне тавҳин медонистанд, агар мо ин номро бо Ш навъи аввали пирилик бинависем.

Яъне то ин ҷо забони тоҷиконро мавридди фишору ҳуҷум қарор доданд. Дар Афғонистон ҳам ба гунаи дигар, дар даврони Довудхону Зоҳиршоҳ… Мунтаҳо дар Афғонистон забони пашту қодир рақобат ба порсӣ набуд, ду-сето калима ҷаъл карданд, пухантуну пупантун.

Аммо барои донишомузе, ки ба донишгоҳ мерафт, забони мавриди истифода порсӣ буд. Баъд он ҷо барои ин, ки ин пайванди қавмии байни Афғонистон ва Иронро коҳиш бидиҳанд, номи забони порсиро “дарӣ” унвон доданд. Ҳамчунон, ки комунистҳо барои ин пайвандро коҳиш бидиҳанд, номи забони порсиро дар Тоҷикистон “тоҷикӣ” гуфтанд. Хуб, боз ҳам бикунанд, вале дониста бошанд, ки ҳақиқатро бо ин номгузориҳо дигаргун карда ҳаргиз намешавад. Зеро комунистон ҳоло куҷоянд, нобуду нести ториханд, аммо ҳақикат ошкорост, зинда аст, сарбаланд аст. Ҳама медонад, ки забоне бо номи забони тоҷикӣ, афғонӣ ё эронӣ дар торих ва адабиёт ва ҳеҷ шоиру нависандае аз порсизабон ном набурдааст, ба ҷуз порсиву форсӣ.

Хушбахтона, имрӯз аз оилаҳои тоҷик дар Тоҷикистон аксарияташон озод хондаву навишта метавонанд, бо алифбои ниёгони худ. Зеро аксарияти падарон фарзандонашонро дар хона роҳ намедоданд, то замоне, ки хати ниёгони худро намеомухт. Аз ин ҷост, ки бисёре аз ҷавонон бо як иштиёқ хати ниёгони худро менависанду мехонанд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон камтарин қадами худро барои омӯзонидани алифбои ниёгони худ барнамедорад. Ва бо ин ғафлат рӯйи сиёҳ ва нанги бешумор дар тӯли торих барои худ хоҳад харид. Инҳо агар бо ишқи номи худашон ҳам кор мекунанд, бояд барои ин мардуми ташна шароите ба вуҷуд биоваранд, заминае фароҳам кунанд, ки мардум ба хати ниёгони худ бирасанд. Агар бозгаште ба хати порсӣ кунанд, он мероси куҳани аждодиашонро ба роҳатӣ хоҳанд фаҳмид, дигар ин алифбои чурукидаву пажмурдаи пирилик дар баробари он маъно муқовимат нахоҳад кард. Агар мехоҳад, Маснавӣ бихонад, мефаҳмад, ки ин маъно чист ё саборо дар шеъри Ҳофиз ба як маънои дигар намехонад, балки ба маънои худаш мехонад. Хати мавриди ниёзи тоҷикон бояд ба ҳамон хати порсии ниёгони худ баргардад. Ба гумони ғолиб як бедорӣ, як ҳушёрӣ дар мардуми тоҷик рух хоҳад дод ва аз сӯйи гумроҳиву гумноми ба сӯйи аслу решаву ниёгони хеш хоҳанд гашт.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳо пиромуни шохисаҳои фикрии Иқболи Лоҳурӣ
Шамъи маҳфили таҳқиқ…

Матолиби пурбоздид