Андешаҳо пиромуни шохисаҳои фикрии Иқболи Лоҳурӣ – 2

Адаб

Андешаҳо пиромуни шохисаҳои фикрии Иқболи Лоҳурӣ – 2

Нигоҳе ба шохисаҳои фикрии шеъри Иқболи Лоҳурӣ

Ба қалами Муҳаммадкозими Козимӣ

Бахши дуввум

  1. Иттико ба хештан

Эътимод ба нафс ва такя бар сармояҳои маънавии хеш, яке дигар аз дастгираҳои фикрии Аллома Иқбол аст. Ӯ илова бар ин ки китобе бо номи «Асрори худӣ» дорад, дар ҷой-ҷойи шеърҳояш ба ин мавзӯъ мепардозад ва бар ин бовар аст, ки дар миёни милали Машриқзамин он қадр тавоноии маънавӣ вуҷуд дорад, ки агар бо дониш ва фанни имрӯз якҷо шавад, метавонад ҷаҳоне дигар биёфаринад.

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,

Дар дили шӯъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Ишқ аз ин гунбади дарбаста бурун тохтан аст,

Шишаи моҳ зи тоқи фалак андохтан аст.

Салтанат нақди дилу дин зи каф андохтан аст,

Ба яке дов ҷаҳон бурдану ҷон бохтан аст.

Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,

Теғи андеша ба рӯйи ду ҷаҳон охтан аст.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Ин ғазал як баёнияи фикрии Иқбол аст. Ӯ дар он бар чанд нуктаи асосӣ таъкид мекунад: яке, иттико бар доштаҳои хеш, яъне дар садафи хеш гуҳар сохтан. Дигаре, мубориза, талош ва истиқомат барои даст ёфтан ба як зиндагии беҳтар. Дигаре, рӯёрӯии фикрӣ ва фалсафӣ бо дунё. Ӯ дар ниҳоят ақида дорад, ки аз ҳамин хок, яъне Машриқзамин, метавон ҷаҳоне дигар сохт.

 

  1. Мазҳабгароӣ дар айни равшанфикрӣ

Дар ҳамин масир, таваҷҷӯҳ ба мазҳабро низ метавон яке дигар аз шохисаҳои фикрии Иқбол донист ва аз армуғонҳое, ки ӯ ба шеъри имрӯз ҳадия кардааст. Ӯ, бар хилофи бисёре дигар аз равшанфикрони асри хеш, алорағми ошноӣ бо тамаддуни ҷадид, фардест комилан мазҳабӣ ва бовараманд ба ҳаққонияти шариати муҳаммадӣ (с). Ба ҳамин лиҳоз, дар даврае, ки ғолиби равшанфикрони давраи машрута ва ҳатто бисёре аз пайравони Нимо Юшиҷ, ба сароҳат дам аз гаройишҳои зиддимазҳабӣ ё зиддиисломӣ мезананд, бо сароҳати тамом мегӯяд:

Дар дили муслим мақоми Мустафост,

Обрӯи мо зи номи Мустафост…

Ин мазҳабгароии Иқбол низ тавъам аст бо нигаришҳои навине, ки нисбат ба мазҳаб ва вақойеъи динӣ мисли Карбало вуҷуд дорад ва дар ин нигоҳи нав, ҷавониби торихи, сиёсӣ ва иҷтимоии қазоё низ мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ҳатто дурусттар ин аст, ки бигӯем, Иқболи Лоҳурӣ яке аз ашхоси муассир дар ин тағйири нигариш нисбат ба мазҳаб будааст.

 

  1. Нигоҳи воқеъбинона ба Ғарб

Яке дигар аз мабоҳисе, ки ба василаи Иқбол вориди шеъри форсӣ мешавад, ғарбситезӣ аст. Ин ғарбситезӣ дар даврае матраҳ мешавад, ки ҷараёнҳои равшанфикрӣ дар кишварҳои исломӣ ғолибан обишхӯри ғарбӣ доранд ва дар ниҳоят низ ба навъе ғарбгароии ифротӣ мунтаҳӣ мешаванд.

Шоирони давраи машрута дар Эрон ва Афғонистон камобеш саъй мекарданд худашонро бо таҳаввулоти хориҷ вифқ диҳанд, вале мутаассифона ин вифқ додан бисёр сатҳӣ ва сурӣ буд ва камтар нишонае аз як вокуниши амиқи фикрӣ дар баробари раҳёфтҳои Мағрибзмин дида мешуд. Ба ҳамин лиҳоз ононе, ки дағдағаи мазҳабӣ доштанд, ғолибан бо ҳар гуна тағйиру таҳаввуле мухолифат мекарданд ва ононе ҳам, ки аз ин дағдағаҳо тиҳӣ буданд, дарбаст таслими Ғарб ва ҳамаи ҷузъиёти фарҳанги он мешуданд.

Дар ин миён Иқболи Лоҳури танҳо касе буд, ки бо чашми боз ва аз рӯйи огоҳӣ ва ҳушёрӣ бо Ғарб ва таҳаввулоти дунёи навин бархӯрд кард ва дар айни ҳол, тавонист дар канори дониш ва фанни ғарбӣ маънавияти шарқиро низ ҳифз кунад. Шеъри Иқбол ҳосили чунин бархӯрдест.

Бархӯрди Иқбол бо Ғарб комилан ҳушмандона аст. Ӯ мекӯшад ҷавониби қувват ва заъфи тамаддуни ғарбиро аз ҳам тафкик кунад. Ба ҳамин лиҳоз ба дониш ва фанни ғарбӣ эҳтиром қоил аст ва мегӯяд:

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Вале ин эҳтиром ба дониш ва фан боис намешавад, ки шоири мо аз маънавияти шарқӣ ғофил шавад ва ҳамин, аз вуҷуҳи боризи тафаккури ӯст. Ӯ ишқ ва маънавиятро омили ҳаёти Машриқзамин медонад ва бар ин бовар аст, ки Ғарб аз ин маънавият дур шудааст. Ин ҳам сухани тозае аст, ки дар шеъри дигар шоирони он давра камтар дида мешавад.

Ӯ дар ҷое дигар ёдовар мешавад, ки ғарбиёнро зиракӣ зинда сохта ва шарқиёнро ишқу маънавият. Шоири мо бар ин бовар аст, ки ҷомеаи имрӯз ба ҳар ду ниёз дорад.

Ғарбиёнро зиракӣ сози ҳаёт,

Шарқиёнро ишқ рози коинот.

Зиракӣ аз ишқ гардад ҳақшинос,

Кори ишқ аз зиракӣ маҳкамасос.

Ишқ чун бо зиракӣ ҳамбар шавад,

Нақшбанди олами дигар шавад.

Хезу нақши олами дигар бинеҳ,

Ишқро бо зиракӣ омез деҳ.

Албатта, дар маҷмӯъ бо таваҷҷӯҳ ба мусибатҳое, ки милали Машриқзамин аз истеъмори Ғарб таҳаммул кардаанд, бархӯрди Иқбол бо Ғарб ва ғарбиён ғолибан интиқодомез аст.

Аз ҷонибе дигар, Иқбол дилбастаи арзишҳои машриқзаминӣ аст, аммо ин арзишҳоро пилласон бар гирди хеш наметанад, то рӯзе дигарон худашро бикушанд ва пиллаашро абрешим созанд. Ӯ ба арзёбии дақиқи раҳоварди ғарбиён менишинад ва мекӯшад бо инсофи тамом хубу бадшро аз ҳам ҷудо кунад.

Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,

Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб.

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хатти лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеъи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро эй ҷавони шӯхшанг,

Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.

Инро метавон муқоиса кард бо дидгоҳи шоирони машрута ба Ғарбу Шарқ ва тафовутро дид, ки то чӣ моя аст.

Имтиёзи муҳимми Иқбол вуқуфе аст, ки бар масъала ёфта ва дар воқеъ ӯ агар рӯёрӯие ҳам бо ғарбиён дорад, на аз сари ҷаҳолат, балки аз рӯйи шинохт аст. Ӯ мекӯшад ба шарқиён роҳи беруншуд аз тазодди Шарқу Ғарбро биёмӯзад ва дар ниҳоят ҳам роҳеро пешниҳод мекунад, ки то кунун ҳам андешамандони мусалмон чизе беҳтар аз он дарнаёфтаанд. Ин ғазал аз китоби «Забури Аҷам»-и ӯ намунае хуб аз роҳнамоиҳои Иқбол аст. Ӯ дар инҷо, часпидани мутаъассибона ба мурдареги шарқиро ҳам менакӯҳад:

Бигзар аз Ховару афсунии Афранг машав,

Ки наярзад ба ҷаве ин ҳама деринаву нав…

Зиндагӣ анҷуманорову нигаҳдори худ аст,

Эй, ки дар қофилаӣ, бе ҳама шав, бо ҳама рав!

Иқбол на танҳо дар чораандешӣ барои шарқиён мекӯшад, ки фаротар аз он, барои Ғарб низ пешниҳодҳо ва раҳнамудҳое дорад. Дар воқеъ ӯ на танҳо кунишпазир ва мунфаъил нест, ки кунишманд ва муассир аст. Ба ҳамин тартиб, на танҳо дар масоили фикрӣ, ки дар умури сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳам ҳарфҳое барои гуфтан дорад. Масалан, дар ҳоле ки бисёре аз ҷаҳониён ташкили Созмони Милали Муттаҳидро поёнбахши ҷанг ва ситеза ва беадолатӣ медонистанд, чунин нигоҳи интиқодӣ ва танзомезе ба он дорад:

Барфитад то равиши разм дар ин базми куҳан,

Дардмандони ҷаҳон тарҳи нав андохтаанд.

Ман аз ин беш надонам, ки кафандузде чанд,

Баҳри тақсими қубур анҷумане сохтаанд!

Дарки сухани Иқбол барои мо имрӯзиён, ки ин кафандуздиро ба вижа дар ин айём мебинем, бисёр роҳаттар аст.

 

  1. Андешаи ҷаҳонватании исломӣ

Шеъри форсӣ дар авохири қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ дар рукуд ва хамудагии комил ба сар мебурд ва ин хамудагӣ ҳам ба вазъияти иҷтимоии ҷавомеъи форсизабон вобаста буд. Бисёре аз мардум аз таҳаввулоти сареъи ҷаҳони хориҷ бехабар буданд ва касоне ҳам, ки чизҳое аз ин таҳаввулот медонистанд, ё чашмбаста таслими он мешуданд ва ё аз сари ъинод ва кӯр-кӯрона бо он мухолифат мекарданд. Бисёр кам буданд касоне, ки тавониста бошанд дар баробари ин дигаргуниҳо як вокуниши санҷида ва ҳушёрона нишон диҳанд.

Тағйири вазъияти иҷтимоӣ-сиёсии милали Машриқ дар авоили асри бистуми милодӣ, бисёре аз мутафаккиронро ба ифроту тафрит кашонд. Давраи машрута пур буд аз ин ифроту тафритҳо. Яке аз ин тундравиҳоро дар мафоҳими «ватан» ва «миллат» метавон дид. Дар фарҳанги мо пеш аз ин, ватан ва миллат ва амсоли ин, мафоҳими имрӯзаро надошт ва ба ҳамин эътибор дарёфти дигаре аз онҳо мешуд. Масалан, Шайхи Баҳоӣ ба сароҳат мегуфт:

Ин ватан Мисру Ироқу Шом нест,

Ин ватан шаҳрест, к-онро ном нест.

Аммо дар асри ҳозир барои бисёре аз шарқиён ватан ҳамин Мисру Ироқу Шом шуд ва ватандӯстӣ ба шакли миллигароӣ буруз кард. Ин ватандӯстӣ дар шакли ифротияш мубаддал ба навъе гаройиши тангназарона шуд, ки дигар ҳатто арабҳо ва туркони мусалмонро низ аҳриманӣ ва бадниҳод медонист. Авҷи ин гаройиш дар шеъри Ахавони Солис ва амсоли ӯ дида мешавад.

Вале Иқбол, ҳам дар ин мақула ва ҳам дар дигар мақулоте, ки мутаҳаввил шуданд, тавонист эътидол ва андешамандиро ҷойгузини ифротигарӣ ва таъассуб кунад. Ӯ бо он ҳама таъаллуқи хотире, ки ба сарзаминаш Покистон дошт ва худ аз муассисони ин кишвар ба шумор меояд, ба ҳеч ваҷҳ нишонае аз Покистондӯстӣ буруз надод ва ин дар ҳоле буд, ки шоирони машрута ҳамчун Баҳор ва Ориф ва насли пас аз онон ҳамчун Ахавон нуқтаи муҳимми таваҷҷӯҳи хешро ба Эрондӯстӣ, он ҳам Эрони куҳан ба мафҳуми ҷуғрофиёӣ ва маҳдуди он маътуф карда буданд. Кофӣ аст қасидаи «Ба ёди ватан» аз Баҳорро бихонем, ки иттифоқан аз шеърҳои даврони пухтагии ӯст, на аз осори эҳсосии давраи ҷавонӣ:

Шуд доғи дилам тоза, ки овард ба ёдам

Торикиву бадрӯзии Ирони куҳанро

Он рӯз чӣ шуд, к-Ирон зи анвори адолат

Чун хулди барин кард заминрову заманро…

Баҳор дар ин қасида зимни Эронситоӣ, дигар милал ва сарзаминҳои Машриқро хасм пиндошта ва кишваргушоии шоҳоне чун Куруш, Дориюш ва ҳатто Нодири Афшор дар сарзаминҳои ҳамсояро, валав бо қатлу ғорат буда бошад, меситояд ва масалан аз фатҳи Пешовар ва Деҳлӣ ва Лоҳур ва Дакан ва Бухоро ва Бадахшон бо шамшери мукофоти Нодир эҳсоси фахр мекунад:

Вонгаҳ ба каф овард ба шамшери мукофот

Пешовару Деҳливу Лаҳовуру Даканро

В-он мулк бибахшиду бишуд сӯйи Бухоро

В-аз бим биларзонд Бадахшону Пекинро

Ин фикр як фикри равшангарона ва одилона нест. Ин ҷост, ки андешаи Иқбол дурахшиш ва тамоюзи худро нишон медиҳад ва ин ҷост, ки мусаҷҷал мешавад Аллома то чӣ моя аз ин гаройишҳои роиҷи рӯзгори хеш ба дур будааст. Ӯ истиғроқ дар ин мафоҳимро дил бастан ба кулӯху сангу хишт медонад:

Лурди Мағриб, он саропо макру фан,

Аҳли динро дод таълими ватан.

Ӯ ба фикри марказу ту дар нифоқ,

Бигзар аз Шому Фаластину Ироқ.

Ту агар дорӣ тамизи хубу зишт,

Дил набандӣ бо кулӯху сангу хишт.

Боре, ватан дар чашми Иқбол бисёр васеътар аз Ҳинду Покистону Афғонистону Эрон аст, балки худ мегӯяд:

Аз Ҳиҷозу Чину Эронем мо,

Шабнами як субҳи хандонем мо.

Ва дар шеъри маъруфи «Аз хоби гарон хез!..» ҳам инсонҳои кишварҳои мухталифро мухотаб қарор медиҳад, на мардуми Ҳинду Покистони танҳоро:

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,

Як нолаи хомӯшу асарбохта оҳест,

Ҳар зарраи ин хок гиреҳхӯрда нигоҳест,

Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез!

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,

Аз хоби гарон хез!

Дар диди Иқбол, ҳамаи ҷаҳони ислом як кишвар ва як миллат ба шумор меояд ва ин сухан ҳарчанд дар афкори касоне чун Сайидҷамолуддин ва дигарон собиқа дошта, дар шеъри форсӣ ба ин шакл камтар матраҳ будааст. Дар муқобил низ ҳамаи ҷаҳони сармоядорӣ, «Ғарб» ё «Фаранг» дониста мешавад ва шакли бархӯрд бо ҷаҳони Ғарб, чунон ки гуфтем, яке аз дағдағаҳо ва яке аз навовариҳои ин шоир аст.

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳо пиромуни шохисаҳои фикрии Иқболи Лоҳурӣ

Матолиби пурбоздид