Ошноӣ бо Мавлоно ба забони содда – II

Таърих

Ошноӣ бо Мавлоно ба забони содда – II

Решаи тафриқаҳо ва дудастагиҳо дар дин

Бахши дуввум

Ҳоло, достон ва ҳикояти зебои дигаре, ки Мавлоно барои як мавзӯи бисёр буғранҷи дигар меоварад.

2) Решаи баъзе аз тафриқаҳо ва дудастагиҳо дар дин:

Ба ин нукта шояд воқифед, ки решаи баъзе – ва балки бештари – тафриқаҳо ва дудастагиҳо дар дин миёни пайравонаш, ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Бо ин ҳама аммо дида мешавад ҳатто касоне ҳам, ки ба ин воқеият огоҳанд, мебинед худи ҳаминон гирифтори ин мараз мешаванд, гӯ ин ки намедонанд.

Мавлоно бо овардани як ҳикояти бисёр зебо, ин воқеиятро чунон пеши чашмони хонанда муҷассам месозад, ки беҳтар аз он қобили тасаввур нест; мегӯяд:

Чаҳор нафар, ки ҳар кадом забони хоссе доштанд, ба ҷойе омаданд. Шахсе як дирам пул ба онҳо дод, то чизе барои худ бихаранд. Он ки форсзабон буд гуфт: биравем бо ин пул ангур бихарем. Арабзабон гуфт: ангур дигар чист? Ман ъинаб мехоҳам. Он ки румӣ буд гуфт: ман на ангур мехоҳам ва на ъинаб, ман фақат истофил мехоҳам. Ва он ки туркзабон буд гуфт: ин ҳарфҳоро бигузоред канор, ман на ангур мехоҳам ва на ъинаб ва на истофил, бояд биравем узум бихарем ва бихӯрем. Саранҷом ҳакиме, ки ба чаҳор забон огоҳӣ дошт, ба онҳо фаҳмонд, ки ҳамаи шумо як чизро мехоҳед, мунтаҳо бо лафзҳои мухталиф, дар натиҷа ихтилофи онҳо рафъ шуд.

Чор касро дод марде як дирам,

Он яке гуфт: ин ба ангуре диҳам.

Он яке дигар араб буд, гуфт ло,

Ман ъинаб хоҳам на ангур, эй дағо!

Он яке турке буду гуфт: ин банум,

Ман намехоҳам ъинаб, хоҳам узум.

Он яке румӣ бигуфт: ин қилро

Тарк кун, хоҳем истофилро.

Дар танозӯъ он нафар ҷангӣ шуданд,

Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.

Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,

Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.

Соҳиби сирре азизи садзабон

Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси ҷумҳури Исроил: “Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ боиси овора шудани 100 ҳазор исроилӣ шудааст”
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Баҳри Араб, халиҷи Адан ва баҳри Сурх, манотиқи мамнӯа барои Омрико ва Исроил ва Англис аст”

Матолиби пурбоздид