Муҳаммад(с) аз забони душман

Таърих

Муҳаммад(с) аз забони душман

Ба муносибати милоди босаодати Паёмбари Акрам(с)

Шахсияти ҳазрати Паёмбар (с) қатъи назар аз дигар далелҳо, худаш далелу ҳуҷҷате бисёр қавӣ бар фиристодаи Худо будани ӯст.

Дар ин қисмат аз ёддошт, суханони яке аз сарсахттарин душманони он ҳазрат, ки баъдҳо мусалмон шуд яъне Абӯсуфён, дар бораи шахсияти он ҳазрат (с)-ро он замонҳо, ки Абӯсуфён ҳанӯз аз душманон ва мухолифони ӯ буд меоварам, албатта бо такя бар манобеи мӯътабари таърихӣ.

Гуфтанист, ки Абӯсуфён раҳбарии мушрикон ва сипоҳи ширку куфрро дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Аҳзоб ва ғайра бар ӯҳда дошт. Ин суханонро Абӯсуфён бо Ҳерақл, имперотури Рум гуфтааст. Имперотури Рум ба сарзамини Шом – ки таҳти тасарруфи ӯ буд – омад, то ба шукронаи пирӯзӣ бар шоҳи Эрон, Байтулмуқаддасро зиёрат кунад. Дар он вақт, Абӯсуфён бо чанд тан аз сарони Қурайш, барои тиҷорат ба Шом рафта буданд. Имперотур аз будани онҳо огоҳ шуд, ба суроғашон фиристод.

Абӯсуфён ва ҳамроҳонаш назди имперотури Рум ҳозир шуданд.

Ҳерақл аз Абӯсуфён пурсид:

– Ин пайғамбаре, ки дар Макка зуҳур карда ва даъвои пайғамбарӣ дорад, бо ту чӣ хешӣ дорад?

Абӯсуфён гуфт:

– Писарамуи ман аст.

Имперотур Абӯсуфёнро назди худ хонд ва рӯ ба рӯи худ нишонидаш ва ба ҳамроҳонаш дастур фармуд, то пушти сари Абӯсуфён биншинанд ва ба онҳо гуфт:

– Мехоҳам дар бораи ин пайғамбар аз ӯ пурсишҳое кунам, агар дурӯғ посух дод, шумо бигӯед, дурӯғ мегӯяд.

Сипас Ҳерақл аз Абӯсуфён пурсид:

– Насаб ва хонадони ин пайғамбар чӣ гуна аст?

– Бисёр хуб аст.

– Оё пеш аз ӯ касе аз ин хонадон даъвои пайғамбарӣ кардааст?

– На.

– Шумо пеш аз ин аз ӯ дурӯғе шунида будед?

– На.

– Оё дар миёни падаронаш подшоҳоне вуҷуд доштаанд?

– На.

– Гаравандагон ба ӯ бештар тавонгарон ҳастанд ё бенавоён?

– Бенавоён.

– Пайравонаш рӯ ба афзоиш ҳастанд ё рӯ ба коҳиш?

– Рӯ ба афзоиш.

– Оё дар миёни пайравонаш касе ба ӯ пушт кард ва муртад шудааст?

– На.

– Оё шумо бо ӯ ҷангидаед?

– Оре.

– Пирӯз будаед ва ё шикаст хӯрдаед?

– Гоҳ пирӯзӣ ва гоҳ шикаст.

Бино бар он чи дар “Риёзус-солеҳин” омада, Ҳерақл гуфт:

فماذا يأمركم – يعني: النبي – صلى الله عليه وسلم – قال أبو سفيان: قلت: يقول: اعبدوا الله وحده لا تشركوا به شيئا، واتركوا ما يقول آباؤكم، ويأمرنا بالصلاة، والصدق، والعفاف، والصلة

– Ин паёмбар шуморо ба чӣ чизе амр мекунад?

– Мегӯяд, Худованди якторо бипарастед, барои ӯ касе ё чизеро шарик масозед, он чи падаронатон мегӯянд (аз дину ойин), раҳо созед. Ҳамчунин, Муҳаммад моро ба барпоии намоз, ростгӯӣ, покдоман будан ва силаи раҳм (яъне пайванд бо хешовандон) мехонад.

Бар асоси баъзе ривоятҳо, сипас имперотур ба мутарҷимаш гуфт: ба ӯ бигӯ: аз пурсишҳое, ки ҷавоб додӣ, донистам, ки ӯ дурӯғгӯ нест ва ба Худо дурӯғ намебандад ва дар фиристода шуданаш аз сӯйи Худо ростгӯст… Агар метавонистам, назди ӯ мерафтам ва агар хидматаш мерасидам, қадамҳояшро мешустам.

* * *

Он чи ки Абӯсуфён дар баробари пурсишҳои имперотури Рум гуфта буд, на танҳо назари шахсии ӯ буд, ки назари ҳамроҳонаш низ буд. Чун Ҳерақл ба онҳо гуфта буд: агар Абӯсуфён ба ман дурӯғ гуфт, шумо такзибаш кунед.

Бале, назари умуми сарони Қурайш ҳамин буд, ки хатарноктарини душманони ҳазрати Паёмбар (с) буданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғарбиён чӣ гуна ба раҳбарии ҷаҳон расиданд?
Аввалин нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин

Матолиби пурбоздид