Посух ба ду шубҳа
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар ин ёддошт, саъй мекунам ба ду шубҳае, ки имрӯзҳо сари забонҳост посух бидиҳам:
1) Бо дидани манзараҳои хушҳолии мусалмонон хусусан дар Фаластин ва Ғазза ва пойкӯбии онҳо пас аз ҳамалоти ахир ба Исроил, ин пиндор назди баъзеҳо пайдо шуда ва матраҳ мекунанд, ки оё одам, ба кушта шудан ва ё осеб дидани инсоне дигар, ҳар кӣ ҳаст вай, хушҳолӣ мекунад? Мерақсад? Пойкӯбӣ мекунад? Оё чунин нест, ки вуҷуди ин ҳолат дар инсон, нишон медиҳад, ки ӯ аз ноҳияи руҳу равон мушкил доштааст ва ба истилоҳ, садист будааст? Бинобар ин ӯ ниёз ба дармон дорад.
Хуб, ин ҳарф алъон ҳаст.
Ва аммо ҷавоб: ин дуруст аст, ки инсони нурмол ва мӯътадил, ҳаргиз ва абадан аз кушта шудани касе хушҳол намешавад магар ин ки руҳу равонаш хароб бошад. Мегӯянд, Ҳитлер мубтало ба ин мараз буда, Истолин ва Саддом ҳамчунин, Қаззофӣ ба ин беморӣ гирифтор буда ва хулоса, бештари худкомаҳо ва диктотурҳо ба якчунин бемории равонӣ мубтало будаанд. Ин дуруст аст.
Аммо оё ҳар изҳори хушҳолӣ аз кушта шудани одамеро метавон ҳамл кард ба ин ки соҳибаш аз ноҳияи равон мушкил доштааст ва ба истилоҳ, садист будааст?
Ҷавоб манфӣ аст. Зеро мо дар ин маврид ду навъ изҳори хушҳолӣ дорем, ки набояд ин дуро ба ҳам омехт: яке, ҳамин маврид, ки арз шуд, ки бештари диктотурҳо ба он гирифторанд. Ва ин ҳолат бешак як ҳолати манфӣ аст.
Ва навъи дигар, изҳори хушҳолӣ ва сурур ва пойкӯбӣ аз шикасти душман аст, хусусан вақте душмани шумо одами ситамкор ва ҷаллод ва дарандахӯ бошад. Ва ин ҳолат, як ҳолати нурмол аст, ки агар дар касе ин хислат набошад, бояд дар руҳу равони ӯ шак кард. Одами нурмол ва мӯътадил фитратан чунин офарида шудааст, ки вақте бар душман ва хасмаш ғалаба пайдо мекунад, хушҳол мешавад.
Оё изҳори хушҳолии ниме аз инсонҳои кураи заминро вақте дар ҷанги ҷаҳонии дуввум Олмони фошистӣ шикаст хӯрд – ки то ба имрӯз ҷашни пирӯзӣ бар нозизм баргузор мешавад – оё инро метавон ношӣ аз ин донист, ки пас ниме аз инсонҳои кураи хокӣ мубтало ба марази садизм будаанд?
Магар саҳюнистҳо фарқе бо фошистҳои олмонӣ доранд? Оё Натонёҳу фарқе бо Ҳитлер дорад? Ҳар ду аз як қумошанд, ҳар ду нажодпарастанд, ҳар ду мӯътақид ба бартарии нажоди худ ҳастанд, ҳар ду мӯътақиданд, ки инсонҳои дигар навкари онҳоянд ва аслан офарида шудаанд, то ба онҳо хидмат кунанд.
Бале, алъон чун саҳюнистҳо зоҳиран ғолибанд, дар бораи онҳо доварие, ки дар бораи Ҳитлер ва нозиҳо мешавад намекунанд, балки метарсанд, зеро саҳюнистҳои ҷонвар бар бештари расонаҳои ҷаҳонӣ сайтара доранд.
Бинобар ин, мо набояд фаромӯш кунем ва ин ҳақиқати равшантар аз хуршедро нодида бигирем, ки қиблаи якуним миллиард инсонҳои рӯйи замин аз тарафи саҳюнистҳо ишғол шуда, наздик ба 80 сол аст, ки фаластиниҳо аз хона ва кошонаи худ ронда шудаанд, кишварашон ишғол гардида, анвоъи зулму ситам бо онҳо мешавад, зиндонҳои Исроил пур аз онҳост, ситамҳое, ки ба онҳо мешавад, аз шиддат қобили тавсиф нестанд.
Нагӯед, онҳо арабанд ва мо форс ва аз ин рӯ рабте ба мо надоранд ва мо мушкилоти худамонро дорем. Зеро ин суханро як мусалмон ва як мӯъмин, ки имон ба рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) дорад намегӯяд. Назди як мусалмон арабу аҷам матраҳ нест, ҳамаи мусалмонҳо аз арабу аҷаму сиёҳу сафед бо ҳам бародару хоҳаранд, марзе миёни онҳо вуҷуд надорад, ин марзҳои ҷуғрофиёӣ, ки пас аз суқути хилофати усмонӣ пайдо шуда эътибор надоранд, мусалмон инҳоро намешиносад.
Хуб, вақте моҷаро чунин аст, оё замоне ки мебинем, саҳюнист осеб мебинад ва заминаи суқуташ ва шикасташ фароҳам мешавад, изҳори хушҳолӣ накунем?
Вагарна мусалмон садист ва бераҳм нест, ки аз кушта шудани инсоне дигар хушҳол шавад. Ба Худо чунин нест. Меҳрубонтар аз мусалмон – агар воқеан мусалмон бошад, на ба ном – вуҷуд надорад, кушта шудани як мӯрча то чӣ расад ба инсон, барои мусалмон сахт аст.
Хулоса, мо набояд масоилро бо ҳам халт кунем.
2) Масъалаи дигар, масъалаи меъёри шикасту пирӯзӣ аст, ки ин ҳам зоҳиран барои бисёриҳо халт шуда. Ман дар як ёддошт каме пеш ин матлабро тавзеҳ дода будам, ки ҳоло ночорам ҳамонро бо андаке ихтисор арз кунам.
Дар робита бо шикасту пирӯзӣ, мутаассифона ин гумон ва пиндори ғалат дар миёни аксари мо вуҷуд доштааст, ки: ту, ҳар миқдор бештар одам бикушӣ, пирӯз ҳастӣ; ва дар муқобил, агар одам накуштӣ, ту шикаст хӯрдаӣ.
Ин мантиқ, бо камоли таассуф, дар пиндори аксар будааст. Вақте мегӯянд, аз мушакборон оё аҳаде кушта шуд?
Дар ҷанги Омрико алайҳи Ветном (ё ҷанги Шӯравӣ алайҳи афғонҳо), ҳудуди 2 миллион ветномӣ кушта шуд ва Ветном ба хок яксон гардид, вале ҳамагон қоиланд, Ветном пирӯз гардида ва Омрико шикаст хӯрдааст. Ва ё дар ҷанги Алҷазоир алайҳи истеъмори Фаронса низ, миллионҳо одам ба дасти артиши мутаҷовизи Фаронса кушта шуд ва Алҷазоир ба вайрона табдил гардид, вале саранҷом алҷазоириҳо пирӯз шуданд.
Хуб, оё пирӯзии ветномиҳо ё алҷазоириҳо ба адади куштаҳои душман буд? Ҳаргиз! Балки на Омрико дар ин ҷанг ба аҳдофаш расид ва на Фаронса, аз ин рӯ ҳар ду ба эътирофи худашон, шикаст хӯрдаанд,
Оё касе ҳаст, ки бигӯяд, Ветном ё Алҷазоир шикаст хӯрда? На.
Ҳамин Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ҳаргиз нагуфтаанд, ки мо одам мекушем. Куштани одам ҳунар нест. Ҳар касе, ки фикр кунад, одам куштан пирӯзӣ аст, ӯ бемори уқдаӣ аст, содист аст ба истилоҳ, бояд ба равонпизишк муроҷеа кунад.
Ба ҳар ҳол, дар довариҳоямон бояд таҷдиди назар кунем.
Саломат бошед
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн