Сухане, ки ба Абӯтолиб нерӯ дод
Расули Акрам бидуни он ки аҳаммияте ба пешомадҳо бидиҳад, бо сарсахтии аҷибе дар муқобили Қурайш муқовимат мекард ва роҳи хешро ба сӯи ҳадафҳое, ки дошт тай мекард; аз кӯтоҳ хондани ақли бутпарастон ва нисбати гумроҳӣ ва залолат додан ба падарону аҷдоди онҳо дареғ намекард.
Бузургони Қурайш ба танг омаданд, матлабро бо Абӯтолиб дар миён гузоштанд ва аз ӯ хоҳиш карданд ё шахсан ҷилави бародарзодаашро бигирад ё он ки бигузорад Қурайш мустақиман аз ҷилави ӯ берун оянд. Абӯтолиб бо забони нарм ҳар тавр буд Қурайшро сокит кард. То кор тадриҷан боло гирифт ва барои қурашиён дигар қобили таҳаммул набуд. Дар ҳар хонае сухан аз Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд ва ҳар ду нафар, ки ба ҳам мерасиданд, бо нигаронӣ ва нороҳатӣ суханон ва рафтори ӯро ва ин ки аз гӯша ва канор яке-яке ва ё гурӯҳ-гурӯҳ ба пайравони ӯ мулҳақ мешаванд зикр мекарданд. Ҷои муъатталӣ набуд. Ҳама муттафиқулқавл шуданд, ки ҳар тавр ҳаст, бояд ин ғоила кӯтоҳ шавад. Тасмим гирифтанд бори дигар бо Абӯтолиб дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунанд ва ин мартиба ҷиддитар ва мусаммамтар бо ӯ сухан бигӯянд.
Руасо ва акобири Қурайш назди Абӯтолиб омаданд ва гуфтанд:
— Мо аз ту хоҳиш кардем, ки ҷилави бародарзодаатро бигирӣ ва нагирифтӣ. Мо ба хотири пирамардӣ ва эҳтироми ту қабл аз он ки матлабро бо ту дар миён бигузорем, мутаъарризи ӯ нашудем, вале дигар таҳаммул нахоҳем кард, ки ӯ бар худоёни мо айб бигирад ва бар ақлҳои мо бихандад ва ба падарони мо нисбати залолат ва гумроҳӣ бидиҳад. Ин дафъа барои итмоми ҳуҷҷат омадаем, агар ҷилави бародарзодаатро нагирӣ, мо дигар беш аз ин риояти эҳтиром ва пирамардии туро намекунем ва бо ту ва ӯ ҳар ду вориди ҷанг мешавем, то як тараф аз по дарояд.
Ин ҳушдори сареҳ Абӯтолибро басе нороҳат кард. Ҳеч вақт то он рӯз ҳамчу суханони дуруште аз Қурайш нашунида буд. Маълум буд, ки Абӯтолиб тоби муқовимат ва мубориза бо Қурайшро надорад ва агар бино шавад кор ба ҷои хатарнок бикашад, худаш ва бародарзодааш ва ҳамаи фомил ва бастагонаш табоҳ хоҳанд шуд.
Ин буд, ки касе назди Расули Акрам фиристод ва мавзӯъро бо ӯ дар миён гузошт ва гуфт:
— Ҳоло, ки кор ба ин ҷо кашида, сукут кун, ки ману ту ҳар ду дар хатар ҳастем.
Расули Акрам эҳсос кард ҳушдори Қурайш дар Абӯтолиб таъсир карда; дар ҷавоби Абӯтолиб ҷумлае гуфт, ки ҳамаи суханони Қурайшро аз ёди Абӯтолиб бурд, фармуд:
— Амуҷон! Ҳамин қадр бигӯям, ки агар хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд, ки даст аз даъват ва фаъолияти худ бардорам, ҳаргиз барнахоҳам дошт, то Худованд дини худро ошкор кунад ё он ки худам ҷон бар сари ин кор бигузорам.
Ин ҷумларо гуфт ва ашкҳояш рехт ва аз пеши Абӯтолиб ҳаракат кард. Чанд қадаме бештар нарафта буд, ки ба дастури Абӯтолиб баргашт. Абӯтолиб гуфт:
— Ҳоло, ки ин тавр аст, пас ҳар тавр ки худат медонӣ амал кун. Ба Худо қасам то охирин нафас аз ту дифоъ хоҳам кард.
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сираи Ибни Ҳишом”)
Қаламонлайн