Даҳ гуфтор – XY
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши понздаҳум
Фаризаи илм
قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ
(Сураи Зумар, ояти 9) (“Бигӯ: оё доноён бо нодонон мусовиянд? Ҷуз ин нест, ки танҳо хирадмандон ёдовар мешаванд.”)
Мавзӯъи сухан, фаризаи илм аст. Шояд худатон ҳадс бизанед, ки ин унвон бо ин таъбир, аз ҳадиси маъруфе аз Расули Акрам (с), ки ҳама онро шунидаед ва лоақал дар тоблуи баъзе мадорис дидаед, иқтибос шуда. Он ҳадис, ки ҳама онро ба хотир дорем ин аст:
طلب العلم فريضة علی كل مسلم
(Усули Кофӣ, ҷ.1 с.30) Яъне ҷустуҷӯ ва таҳсили илм бар ҳар мусалмоне фарз ва воҷиб аст. Ин ҳадис аз ҷумлаи аҳодиси исломие аст, ки шиъа ва суннӣ ҳар як ба туруқ ва санадҳои худ онро аз Расули Акрам нақл кардаанд. Агар чанд ҳадиси мусаллам дошта бошем, ки фариқайн онро аз Расули Акрам (с) нақл карда бошанд, яке ҳамин ҳадис аст.
Фариза яъне воҷиб, аз моддаи “фарз” аст, ки ба маънии қатъ ва ҳатм ва вуҷуб аст. Он чиро мо алъон ба воҷиб ва мустаҳаб таъбир мекунем, дар садри аввал ба мафруз ва маснун таъбир мекардаанд. Албатта калимаи вуҷуб ва воҷиб дар садри аввал ҳам истеъмол дошта, вале бештар бо калимаи фариза ва мафруз ва фарз таъбир мешуда. Аммо калимаи мустаҳаб ба маъние, ки имрӯз истеъмол мешавад, зоҳиран калимаи мустаҳдасе аст, ки фуқаҳо истилоҳ кардаанд. Калимаи мустаҳаб ба ин маънии хосс, гузашта аз ин ки дар худи Қуръон ба кор нарафта, дар ҳеч ҳадисе ҳам то он ҷо, ки ман ба ёд дорам, ба кор нарафта ва балки қудамои фуқаҳо ҳам ин истилоҳро надоштаанд, баъдҳо шойеъ шудааст. Дар қадим ба он чи мо имрӯз мустаҳаб мегӯем, маснун ё мандуб мегуфтаанд.
Маънии ҳадис ин аст: яке аз фароизи исломӣ ва воҷиботи исломӣ, дар радифи соири воҷибот ва фароиз, талаб ва таҳсили илм аст. Таҳсил ва талаби илм бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, ихтисос ба табақа ва дастае дуни табақа ва дастае надорад.
Дар таворих омада, ки қабл аз зуҳури ислом баъзе аз ҷомеаҳои мутамаддини он рӯз таҳсили илмро аз ҳуқуқ ва имтиёзоти баъзе аз табақот медонистаанд ва барои соирин чунин ҳаққе қоил набудаанд. Дар ислом на танҳо илм ба унвони “ҳақ” аз имтиёзоти касе нест, балки ба унвони ”таклиф” ва ”вазифа “бар ҳамаи афрод таҳсили он фарз ва воҷиб аст, монанди соири таколиф. Намоз яке аз фароиз аст. Рӯза яке аз фароиз аст. Закот яке аз фароиз аст. Ҳаҷ яке аз фароиз аст. Ҷиҳод яке аз фароиз аст. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз фароиз аст. Ҳамчунин олим шудан ва доно шудан ҳам (ба насси ин ҳадис), яке аз фароиз аст.
Дар ин ҷиҳат ба таври иҷмол ва сарбаста ихтилофе нест. Аз садри ислом то имрӯз ҳамаи фирақ ва ҳамаи уламои исломӣ ин матлабро қабул доштаанд. Дар китобҳои ҳадис ҳамеша як боби махсус ҳаст таҳти унвони:
باب وجوب طلب العلم
— ва ё унвоне назири ин унвон. Агар ихтилофи назаре ҳаст, дар тафсир ва тавзеҳи маънӣ ва мақсуди ин ҳадис ва дар миқдори умуму шумули он аст.
Вазъи милали мусалмон
Феълан намехоҳам таҳти унвони фаризаи илм дар атрофи ин матлаб сӯҳбат кунам, ки ислом чӣ қадр мардумро ба илм тарғиб карда ва дар ин боб оёте аз Қуръон ва аҳодисе аз пешвоёни дин ва қисматҳое аз таърихи ислом зикр кунам. Намехоҳам дар ин замина ба истилоҳ доди сухан бидиҳам ва ба нафъи ислом таблиғ ва “пропаганда” кунам ва бигӯям бибинед, ислом чӣ гуна аз илм тарафдорӣ карда ва чӣ гуна башарро ба илм даъват кардааст.
Зеро аз ин суханон зиёд гуфта шуда ва мешавад ва ман мӯътақидам, асар ва фоидае чандон бар ин ҳарфҳо мутараттиб нест. Мо ҳар андоза аз ин ҳарфҳо бизанем, вақте, ки тараф чашм боз мекунад ва милали исломиро дар асри ҳозир ҷоҳилтарин ва бесаводтарини милали ҷаҳон мебинад ва мебинад дар ҳеч ҷойи дунё ба қадри кишварҳои исломӣ бесавод вуҷуд надорад, асари ҳамаи ҳарфҳои мо аз байн меравад, лоақал як муаммо барояш пеш меояд, ки агар ин ҳарф рост аст ва ислом ин андоза аз илм ҳимоят карда ва онро фарзу воҷиб дониста, пас чаро дуртарини милали ҷаҳон аз илму дониш мусалмононанд?!
Ман мӯътақидам, ба ҷойи ин гуна таблиғот ва “пропаганда”-и беасар, ки ҳаддиаксар ин аст муваққатан дили худи моро хуш мекунад, мутаваҷҷеҳи айбҳои ҷомеаи исломии худ бишавем ва дар иллатҳо ва мӯҷиботи таъхири илмии ин ҷомеа фикр кунем ва роҳи чораро ба даст оварем.
Оқои Сайидмӯсо Садр (Салламаҳуллоҳ!) дар суханроние, ки дар ҳамин маҷмаъ карданд ва ёде аз фаъолиятҳои Аллома Шарафуддин намуданд, гуфтанд, марҳум Шарафуддин бо он ҳама китобҳои олӣ ва зиқимате, ки барои муаррифии шиъа ва аҳли байт навишт, вақте, ки вазъи шиъаро дар Лубнон мушоҳида кард ва дид, фақиртарин мардум ва ҷоҳилтарин мардум ва зердасттарин мардум, ҳамон шиъаҳои Лубнон ҳастанд ва дар миёни онҳо як устод ё як табиб ё як муҳандис пайдо намешавад ё камтар пайдо мешавад ва дар иваз ҳар чи ҳаммол ва ҳаммомӣ ва кисакаш ва каннос буд шиъа буд, бо худ фикр кард, ки бо ин вазъи мавҷуд китобҳои ман чӣ асаре метавонад дошта бошад, мардум хоҳанд гуфт, ки ташайюъ агар мактаб ва равиши хуб ва наҷотдиҳандае буд, бояд шиъаён вазъи беҳтаре дошта бошанд. Ин буд, ки дар фикри фаъолиятҳои илмӣ афтод ва ба таъсиси мадорис ва омӯзишгоҳҳо ва анҷуманҳои хайрия афтод, то билохира ҳаракате ва неҳзати муқаддас ба вуҷуд овард ва ҷомеаи шиъаро дар Лубнон боло овард.
Мусалмонон ба таври куллӣ нисбат ба соири мардуми ҷаҳон акнун ҳолати ҳамон шиъаёни Лубнонро нисбат ба соири мардуми Лубнон дар оғози кори Аллома Шарафуддин доранд. Мо ҳар андоза роҷеъ ба ислом, тарафдории ислом аз илм ва ташвиқи ислом ба илм баҳс кунем, дар муқобили вазъи муҷассами ҳозири милали исломӣ асаре надорад, ҳаддиаксар ин аст, ки барои тараф як муаммо пайдо шавад, ки агар ин ҳарфҳо рост аст, пас чаро мусалмонон ба ин рӯз гирифторанд?
Ин ҷо барои шумо ҳикояте нақл мекунам ва қабл аз нақли ин ҳикоят чаҳор ҳадис аз аҳодиси Расули Акрам (с) дар мавзӯъи илм барои шумо мехонам ва тавзеҳ медиҳам, зеро марбут ба ҳамин ҳикоят аст, баъд худи ҳикоятро нақл мекунам. Аммо чаҳор ҳадис:
Яке ҳамин ҳадис, ки аввал хондам:
طلب العلم فريضة علی كل مسلم
Мефармояд, ҷустуҷӯ ва талаби илм бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ҳеч истисное надорад, ҳатто аз лиҳози зану мард ҳам истисное надорад, чун муслим яъне мусалмон, хоҳ мард бошад ва хоҳ зан, ба илова ин ки дар баъзе аз нақлҳои китобҳои шиъа, ки дар “Биҳорул-анвор” нақл мекунад, калимаи:
ومسلمة
— ҳам тасреҳ ва изофа шуда. Баъдан дар атрофи ин матлаб тавзеҳи бештар хоҳам дод.
Ин ҳадис мефармояд, фаризаи илм як фаризаи умумӣ аст, ихтисос ба табақае ё синфе ё ҷинсе надорад. Мумкин аст як чиз масалан бар ҷавонон фарз бошад, на бар пирон, бар ҳоким фарз бошад ва на бар раъият, ё бар раъият фарз бошад, на бар ҳоким, вазифаи мард бошад, на вазифаи зан, монанди ҷиҳод ва намози ҷумъа, ки фақат бар мардон фарз аст, бар занон фарз нест, аммо ин фариза, ки номаш фаризаи илм аст, бар ҳар мусалмоне фарз аст ва ҳеч гуна ихтисосе надорад.
Ҳадиси дигар ин ки:
اطلبوا العلم من المهد الی اللحد
Яъне дар ҳамаи умр, аз гаҳвора то гӯр, дар ҷустуҷӯ ва талаби илм бошед, яъне илм фаслу замони муайян надорад, дар ҳар замоне бояд аз ин фурсат истифода кард. Фирдавсӣ ишора ба ҳамин ҳадис мекунад ва мегӯяд:
Чунин гуфт Пайғамбари ростгӯй,
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.
Ҳамон тавре, ки ҳадиси аввал аз лиҳози афрод ва аз лиҳози ҷинсу синфу табақа ихтисос ва маҳдудиятро бардошт ва ин фаризаро аз он назар таъмим дод, ин ҳадис аз лиҳози вақт ва замон тавсиа ва таъмим медиҳад.
Мумкин аст фариза ва таклифе аз лиҳози замон маҳдудият дошта бошад ва нашавад дар ҳар замоне ба ӯ пардохт. Масалан, рӯзаҳои воҷиб вақт ва замонаш муайян аст ва он моҳи мубораки Рамазон аст ва ҳатто намоз аз лиҳози соати шабонарӯз вақти муайяне дорад ва фақат дар соъоти муайян бояд анҷом гирад. Ҳаҷ воҷиб аст, аммо дар ҳама вақт намешавад онро баҷо овард, мавсими муайян дорад ва он моҳи Зилҳаҷҷа аст. Вале фаризаи илм маҳдуд ба ҳеч вақт, ҳеч замон ва ҳеч синну сол нест. Ва агар вақти рӯза, моҳи Рамазон ва вақти ҳаҷ, моҳи Зилҳаҷҷа ва вақти намози зуҳр масалан аз зуҳр то наздики ғуруб аст, вақти таҳсили илм аз гаҳвора то гӯр аст. Ин ҳам як ҳадис.
Ҳадиси севвум: фармуд:
اطلبوا العلم ولو بالصين
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.1 с.180) Яъне илмро ҷустуҷӯ ва таҳсил кунед ва ба даст оваред ҳарчанд дар Чин, ҳарчанд ин ки мусталзими ин бошад, ки ба дуртарин нуқоти ҷаҳон монанди Чин сафар кунед. Зоҳиран иллати ин ки номи Чин бурда шуда ин аст, ки дар он рӯз аз Чин ба унвони дуртарин нуқоти ҷаҳон, ки мардумм он рӯз метавонистанд ба он ҷоҳо бираванд, ном бурда мешуда ва ё иллат ин аст, ки дар он замон Чин ба унвони як маҳди илмӣ ва санъатӣ маъруф будааст.
Ин ҳадис мегӯяд, таҳсил илм, ҷо ва макони муайян надорад, ҳамон тавре, ки вақт ва замони муайян ҳам надорад.
Мумкин аст як таклиф ва фариза аз лиҳози ҷо ва макон маҳдудият дошта бошад, нашавад онро дар ҳама ҷо анҷом дод, масалан аъмоли ҳаҷ аз лиҳози маҳаллу макон ҳам муқайяд ва маҳдуд аст. Мусалмонон ҳатман бояд аъмоли ҳаҷро дар Макка, дар ҳамон сарзамине, ки тавҳид ва ислом аз он ҷо тулӯъ кард ва ба соири ҷаҳониён расид, дар атрофи хонае, ки ба дасти Иброҳим ва фарзанди покниҳодаш бино шуд, анҷом ёбад. Мусалмонон наметавонанд бо ҳам тавофуқ кунанд ва нуқтаи дигареро барои аъмоли ҳаҷ интихоб кунанд. Пас ин таклиф аз ин назар маҳдудият дорад. Аммо дар анҷоми фаризаи илм ҳеч нуқтаи муайян дар назар гирифта нашуда, ҳар ҷо, ки илм ҳаст, он ҷо ҷойи таҳсил ва ба даст овардан аст, мехоҳад Макка бошад ё Мадина, Миср бошад ё Шом ё Ироқ, ё дуртарин нуқоти ҷаҳон, мехоҳад дар Машриқ бошад ё Мағриб.
Як силсила аҳодис дорем дар боби фазли муҳоҷират ва мусофират барои илм ба нуқоти дурдаст ва ҳатто ояти каримаи:
وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ
(Сураи Нисо, ояти 100) (“Ва ҳар кас аз хонаи худ ба сӯйи Худо ва паёмбараш барои ҳиҷрат хориҷ шавад ва дар роҳ бимирад, аҷраш бо Худост.”), ба муҳоҷират ва мусофират дар талаби илм тафсир шудааст. Дар яке аз аҳодиси мӯътабари мо ворид шуда:
لو علمتم ما في طلب العلم لطلبتموه ولو بسفك المهج وخوض اللجج
(Биҳор, ҷ.2 с.177, бо каме ихтилоф дар таъбир) Яъне агар медонистед дар натиҷаи талаб ва таҳсили илм ба чӣ саодатҳое мерасид, ба дунболи он мерафтед ҳарчанд ба ин ки хуни шумо дар ин роҳ рехта шавад ва ё мусталзими ин бошад, ки ба дарёҳо ворид шавед ва уқёнусҳо бипаймоед.
Ҳадиси чаҳорум: ҷумлае аз Расули Акрам (с) ривоят шуда ба ин иборат:
الحكمة ضالة المؤمن يأخذها أينما وجدها
Ё ба ин таъбир:
كلمة الحكمة ضالة المؤمن فحيث وجدها فهو أحق بها
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.2 с.99) Яъне ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст ва ҳар кас, ки чизе гум карда онро дар ҳар нуқта, ки пайдо кунад, муаттал намешавад ва бармедорад. “Ҳикмат “яъне сухан ва матлаби муҳкам ва мутқан ва мантиқӣ ва дуруст, яъне дарёфти ҳақиқат. Ҳар қонун ва қоидае, ки бо ҳақиқат вифқ диҳад ва сохтаи ваҳм ва тахайюлот набошад, “ҳикмат” аст. Алӣ (а) мефармояд:
الحكمة ضالة المؤمن فاطلبوها ولو عند المشرك تكونوا أحق بها وأهله
Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, пас ӯро биҷӯед ва биёбед ҳарчанд дар наздики нафари мушрик бошад. Шумо, ки мӯъмин ҳастед, ба он илму ҳикмат сазовортаред ва шоистаи он мебошед. Ва ҳам он ҳазрат фармуда:
الحكمة ضالة المؤمن فخذ الحكمة ولو من أهل النفاق
(“Наҳҷулбалоға”, ҳикмати 80) (“Ҳикмат, гумшудаи мӯъмин аст. Онро бигир ҳарчанд аз аҳли нифоқ.”)
Боз ҳам аз ин таъбирот зиёд дорем. Хулоса, ҳамаи инҳо ин аст, ки дар фаро гирифтани илм, ягона шарт ин аст, ки он илм дуруст ва саҳеҳ ва мутобиқ бо воқеъ ва ҳақиқат бошад, шумо ба он касе, ки илму ҳикматро аз ӯ фаро мегиред, кор надошта бошед.
Бале як вақт ҳаст, ки одамӣ дар дуруст будан ва саҳеҳ будани матлаб тардид дорад. Дар ин гуна маворид касоне, ки аҳли ташхис нестанд, набояд ба сухани ҳар кас гӯш кунанд, бояд диққат кунанд, ки таҳти таъсир ва талқини чӣ касе ҳастанд. Агар дар ин ҷиҳат диққат накунанд, басо ҳаст, ки аз он роҳ гумроҳ шаванд. Вале як вақт ҳаст, ки маълум аст, ки ҳарфи тараф дуруст аст, масалан воқеан як кашфи илмӣ дар тиб, ё дар табиӣ, ё ғайри инҳо, мусаллам аст, ки дуруст аст. Мефармояд, дар ин сурат биравед ёд бигиред. Дар аҳодиси мо аз забони ҳазрати Масеҳ, Исо ибни Марям (а) нақл шуда, ки фармуд:
خذوا الحق من أهل الباطل ولا تأخذوا الباطل من أهل الحق، كونوا نقاد الكلام
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.2 с.96) Яъне ҳақро бигиред ва бипазиред ҳарчанд аз аҳли ботил, аммо ботилро ҳаргиз нагиред ва напазиред ҳарчанд аз аҳли ҳақ. Худатон саррофи сухан ва суханшинос бошед.
Ба ҳар ҳол, ин силсила аҳодис, қайд ва маҳдудиятро дар боби илм аз лиҳози сирфи иртибот, яъне аз лиҳози касоне, ки як нафар мусалмон илми худро аз онҳо фаро мегирад, бардоштааст. Зеро мумкин аст як вазифае аз ин назар маҳдуд бошад. Масалан намози ҷамоатро бояд ба як нафар иқтидо кард, аммо шарт дорад, шарташ ин аст, ки мусалмон бошад, мӯъмин бошад, одил бошад. Аммо дар таълим ва таъаллум ҳеч як аз ин шартҳо манзур нашуда.
Ин буд чаҳор ҳадисе, ки мехостам арз кунам. Ҳоло он ҳикоятеро, ки ваъда додам арз мекунам ва ин баёне ҳам, ки дар атрофи ин чаҳор ҳадис шуд, аз ҳамин ҳикоят иқтибос шудааст.
Дӯсти фозили мо оқои Оқо Сайидмуҳаммади Фарзон нақл мекарданд, ки дар собиқ, дар авоили машрутият, оқои Оқо Сайид Ҳибатуддини Шаҳристонӣ (Салламаҳуллоҳ!) маҷаллае ба арабӣ дар Ироқ мунташир мекарданд ба номи ”Алъилм”. Ва ду се соле мунташир шуд. (Ман худам ҳанӯз он маҷалларо надидаам). Дар пушти он маҷалла дар васати сафҳа, калимаи ”Алъилм“ ба хатти настаълиқ навишта шуда буд ва дар чаҳор гӯша ҳам ин чаҳор ҳадис, ки хондам зинатбахши пушти маҷалла буд. Як вақт дар худи он маҷалла навишта буд, ки як рӯз як нафар мусташриқи олмонӣ ба мулоқоти оқои Шаҳристонӣ дар дафтари маҷалла ё дар ҷойи дигар омад ва пушти ин маҷалларо бо ҳамин тартиб дид. Пурсид, инҳо чист, ки дар пушти ин маҷалла навишта шуда? Гуфта шуд, инҳо чаҳор дастур аст аз пайғамбари мо дар бораи илм. Баъд барояш тарҷума шуд, ки пайғамбари ислом фармуда: таҳсили илм бар ҳар мусалмоне аъамм аз зану мард ва аз ҳар синф фариза ва воҷиб аст ва фармуда: аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед ва фармуда илмро биҷӯед ҳарчанд ба ин ки бихоҳед то Чин ба дунболаш биравед ва фармуда ҳикмат ва илм гумшудаи мусалмон аст ва ҳар ҷо онро биёбад, бармедорад ва аҳаммият намедиҳад, ки гумшудаи худро аз дасти чӣ касе мегирад.
Он марди мусташриқ андаке фикр мекунад ва баъд мегӯяд: оҳ! Шумо як ҳамчу дастурҳо доштед, ки пайғамбари шумо илмро бар шумо фарз шумурда, на аз назари афрод ва ихтилофи ҷинсӣ, на аз лиҳози замон, на аз лиҳози макон ва на аз лиҳози муаллим қайде қарор надода ва боз ин қадр дар ҷаҳолат боқӣ ҳастед ва ин қадр бесавод дар миёни шумо вуҷуд дорад?!
Воқеан ин худ як муаммое аст, ки чаро ин фаризаи умумӣ матрук шуд ва фариза шинохта нашуд, чаро ин дастурҳо иҷро нашуд. Албатта намехоҳам бигӯям, ин дастурҳо ҳеч замон иҷро нашуд, зеро ислом як неҳзати илмӣ ва фарҳангии азими камназире дар ҷаҳон ба вуҷуд овард ва қарнҳо парчамдори илму фарҳанг ва тамаддуни башарият буд ва ин неҳзат мадюни фармоне буд, ки ислом дар бораи илм содир кард. Чӣ гуна мумкин аст дине, ки аввалин ояти нозил бар пайғамбараш бо хондан ва навиштан ва қалам ва илм ва таъаллум оғоз мегардад:
اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ عَلَقٍ. اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ. الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ. عَلَّمَ الْإِنْسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ
(Сураи Алақ, оятҳои 1 то 5) (“Бихон ба номи парвардигорат, ки офарид. Инсонро аз хуни басташуда офарид. Бихон, ки парвардигорат бузургвор аст. Ҳам-ӯ, ки ба василаи қалам омӯхт. Омӯхт ба инсон чизеро, ки намедонист.”) Дине, ки асли аввалаш тавҳид аст ва дар он асл, тақлид ва таъаббудро ба ҳеч ваҷҳ ҷоиз намедонад ва таҳқиқ ва таҷассусро лозим мешуморад, чунин дине тамаддун ва фарҳанг ва неҳзати илмӣ ба вуҷуд наоварад?! Вале дар айни ҳол вақте, ки инсон ба он дастурҳо ва фармонҳо менигарад, мебинад махсусан дар қуруни ахира хеле матрук монда, ки натиҷааш ҳамин аст, ки мебинем. Пас бояд дид, иллати ин амр чӣ буда?
Идома дорад…
Қаламонлайн