Агар режими Исроил суқут кунад
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Натиҷаи ҷанги кунунӣ, қатъан суқути режими Исроил аст, иншоаллоҳ! Агар ин режим суқут кунад, самараи он дар дараҷаи аввал, озодии худи яҳуд дар ҷаҳон аз дасти ин режими хуношом аст. Ва дар дараҷаи дуввум, раҳоӣ ва халоси тамоми афроди башар ва ҷаҳониён аз сайтараи ин шумори андаки саҳюнистҳост; саҳюнистҳое, ки бар иқтисоди ҷаҳон, расонаҳои ҷаҳон ва ҳатто бештари кишвардорон ва сиёсатмадорони олам бо камоли таассуф хусусан дар Омрико ва Урупо сайтара ва нуфуз доранд.
Хулоса, тамоми башарият халос гардида ва нафаси роҳат хоҳанд кашид. Ва он гоҳ хоҳед дид, ки ҳама дар олам бо ҳар ақида ва бовар ва гароише, ки дорад, бидуни тарс аз касе, ҳарфи дили худро хоҳад зад ва аҳаде дар ҷаҳон, касе дигарро водор ба коре ва ё ақидае нахоҳад кард.
Ҳамин алъон дар Урупо, бисёранд афроде, ки бандаҳои Худо ба хотири сайтараи саҳюнистҳо бар олам, наметавонанд ҳарфи дили худро озодона баён кунанд, чун ба ҷурми “яҳудиситезӣ” дар ҷо боздошт мешаванд ва агар муҳоҷир бошанд, фавран аз он кишвар ронда хоҳанд шуд. Дуруст шабеҳи раҳоии ҷаҳон ва ҷаҳониён аз дасти нозиҳои нажодпарасти олмонӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум. Дигар, ҳеч давлате ветое дар Созмони Милал нахоҳад дошт, ҳеч кишваре ба унвони абарқудрат зӯр нахоҳад гуфт, ҳеч кишваре даст ба истисмору истеъмору истеҳмори дигарон нахоҳад зад чунонки алъон ҳамин тавр аст, мунтаҳо ба номҳои дигар. Хулоса, ҳама аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор хоҳанд гашт.
Ва дар ҷаҳони ислом аммо, аввалин самараи суқути режими Исроил, бардошта шудани тафриқаҳо ва хусуматҳо ва душманиҳо байни мусалмонон аст. Шояд алъон боваратон нашавад, вале бидонед, ки бештари ин тафриқаҳо (на ҳамааш, зеро қисмате ношӣ аз ҷаҳолат ва ҳамоқат аст) кори дасти саҳюнист аст. Нагӯед, ки ин тавтиапиндорӣ аст, на абадан! Ин як воқеият мунтаҳо воқеияти пинҳон аст. Вақташ омад, ба тафсил хоҳам гуфт.
Хулоса, инсонҳо озод хоҳанд шуд, инро ба аён хоҳед дид ва адолат дар ҷаҳон ҳукмфармо хоҳад шуд.
Ба умеди суқути ҳар чи зудтари режими Исроил!
Саломат бошед
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн