Тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ” – I

Таърих

Тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ”

Сайфулло Муллоҷон

Бахши аввал

Зикри тоҷикон дар «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳукмронии дудмони сомонӣ бар Хуросону Мовароуннаҳр асри заррини мардуми эронитабор буда, суннати давлатдории Оли Сомон сармашқи фаъолияти силсилаҳои ҳукуматгари ин хитта маҳсуб мешавад. Нахустин ворисони ҳукумат ва нигоҳдори марз ва сунани сомонӣ хонадонҳои Ғазнавиён ва Хониён (Қарахониён ё Оли Афросиёб) буданд. Агар Хониён аз муддатҳо бо Сомониён дар мухосама қарор дошта, чашми тамаъ ба мулки эшон дӯхта бошанд, ғазнавиҳо худ парвардаи даргоҳу девони сомонӣ буда, ному нони хеш ҳам аз ин дудмони бокарам бардоштанд. Аммо аз заъфи умарои охири сомонӣ бегонагон истифода карданд. Музофотҳои ин қаламрав доъияи истиқлол сар дода, муҷиби парешонии бештари Сомониён шуданд. Лашкариёни турки дарбор фурсатро ғанимат донистанд ва дар садади барандохтани валинеъматони хеш, яъне Сомониёни хушном гардиданд. Дар «Тарҷумаи Таърихи Яминӣ» омадааст, ки Илакхони қарахонӣ ба Сабуктегин нома навишта, пешниҳод кард, ки «миёни мо ухувати динӣ ҳосил аст ва Нуҳи сомонӣ дар воситаи мамлакат мураффаҳ гашта, иртифоъоти Хуросону Мовароуннаҳр бар маозифу малоҳӣ ва малозии шаҳавот сарф мекунад, лоиқтар он ки ин вилоят аз ӯ холӣ кунем».

Бо инқирози Оли Сомон қаламрави онон байни Маҳмуди Сабуктегин ва Илакхон тақсим шуд. Ҳамин тавр, бар асари бекифоятии амирону нухбагони давлат, коҳилии лашкариён, бетарафии умуми ҳамқавмон, хиёнати рӯҳониён ва хушнудии туркон давлати дудмони карим ва хонадони қадими сомонӣ ба поён омад. Бартолди ховаршинос фармудааст, ки гумон намекунам касе дар он замон моҳияти ин фоҷиъаро, ки барои ҳамеша ба ҳукумати мардуми бумии ориёиро хотима бахшид, дарк карда бошад.

Аз байн рафтаниҳукумати Сомониён барои мардуми эронинажод фоҷиаи бузург буд, зеро омадани туркҳо чанд мусибати дигаре пеш овард:

Нахуст давлати воҳиди қаламрави Хуросону Мовароуннаҳрро аз байн бурд, ки он дар навбати худ муҷиби мусибатҳои тоза гардид.

Дигар, ба марказҳои сиёсиву фарҳангӣ соҳиб шудани туркҳо боис шуд, ки иртиботи мустақими манотиқи тоҷикнишин гусаста шавад ва соҳибқудратҳо барои бақои ҳукумати худ дар эҷоди тафриқа миёни ноҳияҳои гуногун кутоҳӣ намекарданд. Байҳақии дабир аз ҷой доштани хусуматмиёни нишопуриёну тусиён ва хуросониёну розиён дар аҳди Ғазнавиён хабар медиҳад.

Савум, туркҳо ба ҳамқавмони хеш такя карда, мавқеъи табақаи деҳқонро, ки дар эҷоди рӯҳияи миллӣ ва ҳифзи ойини ислом нақши бориз дошта, тадриҷан танг намуданд. Инҳитоти ин табақа то ҷое расид, ки аз ҳамон давра номи деҳқон муродифи барзгари содаву безамин гардид. Қиёмҳои зидди аббосӣ ва зидди туркиро низ табақаи деҳқон парчамдорӣ карда, бо номҳои қарматӣ, зиндиқ ва муътазилӣ дар инзиво қарор гирифт.

Чорум, истиқлоли Хуросону Мувароуннаҳр аз хилофати аббосӣ, ки бо ҳиммати Яъқуби Лайс тарҳрезӣ гардид, ба дасти ворисони Сомонхудот таҳаққуқ пазируфтва дар аҳди Ғазнавиён ранг бохт. Маҳмуд дар эҳёи хутба ва зарби сикка ба исми халифаи аббосӣ талоши фаровон намуду дубора номи ин дудмони сияҳкорро дар ёдҳо зинда кард.

Муҳити Ғазнавиён, ки аз мурдарегиСомониён ба онон расида буд, ба истиснои баъзе оинҳои ҷузъӣ, тамоми сунану русумоти ононро низ ба ирс гирифт ва аз ҷониби ховаршиносоне чун Клиффорд Босворт барҳақ, он муҳит «эронӣ» номида шуд.

Бино бар натиҷагирии саҳеҳи муҳаққиқон дар даврони салтанати Оли Сомон ташаккулёбии халқи тоҷик ба анҷом расид. Аз нимаи якуми асри XI ин халқ бо номи тозик дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардида, минбаъд тамоми мардумони эрониюласли Хуросону Мовароуннаҳр бо ҳамин унвон ёдоварӣ мешаванд.

Абулфазли Байҳақӣ муаррихи номдори садаи ёздаҳуми милодӣ аз нахустин касонест, ки мардуми форсизабони Хуросонро тозик меномад. Дар шоҳасари безаволи хеш, ки бо номи «Таърихи Байҳақӣ» маъруф аст, дабири фарзонаи салотини Ғазна нуҳ бор истилоҳи «тозик»-ро ба кор бурда, ки дар зер чанд мавриди корбурди ин калима баррасӣ мегардад.

Бино бар навиштаи муҳаққиқон, баъди заволи давлати Сомониён суннати ҳукуматдории он хонадон дар дастгоҳи тамоми давлатҳои минбаъда бо саъю талоши зиёиёни тоҷик боқӣ монд. Забони расмии давлатҳои баъдӣ низ забони аксарияти мардуми он, яъне порсӣ баргузида шуд. Байҳақӣ аз порсигуии Масъуд хабар дода, менасивад, ки «надидам, ки касе порсӣ чунон хондиву набиштӣ ки вай». Дар ҷое дигар мефармояд: «чун ин подшоҳ дар сухан омадӣ, ҷаҳониён боястӣ, ки дар наззора будандӣ, ки дурр пошидиву шакар шикастӣ».

Дар тамоми умури давлатдорӣ аз вазорат то таббохӣ асосан тоҷикон машғули вазифа буданд. Навдавлатон бештар ба корҳои ҳарбу зарб иштиғол варзида, салоҳияти фарогирии вазифаҳои ақлониро ба аҳолии бумии Хуросон вомегузоштанд. Ин амр басо муҷиби рашку ҳасодати нотавонбинон мегашт. Дар китоби «Равзату-с-сафо» омада: «Туркон мушоҳида карданд, ки вазиру дабиру қозӣ ҳама мардуми тоҷиканд, … ноираи буғзу ҳасад дар хотири он ҷамоат иштиғол ёфт».

Байҳақӣ дар саросари асараш хеле боэҳтиёт аз зиддияти низомиён, ки ғолибан турк ва зиёиёну ашрофи даргоҳ, ки тоҷик буданд, ҳикоят мекунад. Баъди даргузашти Султон Маҳмуд (999-1005) дарбориёни тоҷик як андоза озодӣ эҳсос карда, ба муқобили якдигар ба душманӣ ва кинаҷӯиву нифоқ пардохтанд. Амир Муҳаммад, ки муддате баъд аз даргузашти Маҳмуд бар арикаи салтанат такя зад, саранҷом бо дасисаи дарбориён маъзулу зиндонӣ гашт. Ӯ бо нармхӯӣ ва ишратхоҳӣ мавсуф буда, дарҳои хазинаро кушод ва миқдоре ба лашкариёну дарбориён сила дод. Дарбори Ғазна, ки ба падариёну писариён тақсим гашта буд, ҳар кадоме бар алайҳи якдигар макру рев андешида, дар садади маъзуливу фиреби якдигар мебаромаданд. Яке аз инъому ҳадоёи бародари маъзулгаштааш Муҳаммад бахшидаро аз туркону тоҷикон бозпас гирад. Байҳақӣ ин воқеаи «кас накардаву нашуда дар ҳеч рӯзгор»-ро бо дард ба қалам дода, нафарони ба ин иқдом дастзадаро накуҳиш менамояд. Аммо бар асари иғвои дарбориёну ҳирси Масъуд «моле ба хазина боз расид аз лашкару тозикон», ки боиси норозигии аксарияти аҳли девону дарбор гардид. Байҳақӣ навиштааст, ки натиҷаи ин амал он шуд, ки «ҳама дилҳоро сард карданд бар ин подшоҳ».

Ҷойи зикр аст, ки чандин мавқеъ Абулфазли Байҳақӣ аз ноҷавонмардӣ ва дасисаҳои дарбориёни тоҷик сухан ронад ҳам, мансубияти худ ба ин қавмро таъкид мекунад. Он ҷо ки мефармояд: «ману монанди ман тозикон худ намедонистем, ки дар ҷаҳон куҷоем ва чун меравад». Сухан дар бораи воқеаи соли 1039 меравад, ки онҷо дабир иштирок карда, «нек битарсидааст». Ба навиштаи Байҳақӣ, ҷосусони дарбори Ғазнин ба ҷойи гузориши дуруст додан дар боби душманони давлати ғазнавӣ – туркмонон «бисёр дурўғ гуфта буданду зар ситада». Яъне дарбориён ба ҷойи гузориши саҳеҳ додану аз вазъи рақиб огоҳ кардани дарбор, пора гирифта, хиёнат карда буданд. Амир Масъуд таҳидиди ин душманро кам гирифта, пай дар пай ба шикаст мувоҷеҳ мегашт.

Дар як маврид Байҳақӣ калимаи «тозик»-ро ба намояндагони артиши марбут ба ин қавм мансуб медонад. Он ҷо омада, ки: «ҳоҷиби бузург Алӣ бозгашт ва ҳама бузургони сипоҳро аз тозику турк бо хештан бурд». Аз ин гузориш чунин бармеояд, ки назари танҳо аз туркон иборат будани лашкари Ғазнавиён саҳеҳ нест ва иддиъои Байҳақӣ, ки шоҳиди ҳаводиси рӯзгори ин силсила мебошад, онро низ ботил месозад. Дар замони Сомониён истихдоми ғуломони турк дар сипоҳ бештар ба хотири ҷилавгирӣ аз нақши деҳқонону заминдорони маҳаллӣ, ки бо ҳадафи тамаркузи қудрати Бухоро мухолиф буданд, ба вуҷуд омад. Дар дастгоҳи Ғазнавиён, ғайр аз ғуломони турк аз ғуломони ҳиндӣ ва хидматгузорони тоҷику дайлам ва курду араб ҳам истифода мешуд. Муаллифи «Одобу-л-ҳарбу ва-ш-шуҷоъа» низ ин ҳақиқатро собит карда мефармояд: «чун Султон (Маҳмуд – С.М.) он ҷо расида лашкари эшонро (хониёнро – С.М.) бидид, зиёдтар аз лашкари ӯ ҳама турк ва лашкари ӯ (Маҳмуд- С.М.) бештар тозику ҳинду».

Танаввуъи нажодии сипоҳи Маҳмуд, ки Низомулмулк онро меситояд, мабнӣ бар ин андеша буд, ки султон асири лашкари хеш набошад ва дар ҳолати зарурӣ тавонад онҳоро ба василаи якдигар ором нигаҳ дорад. Байҳақӣ дар чанд ҷойи асари хеш аз қавли Маҳмуд ва фарзандонаш оварда, ки онҳо Хониёнро турк меномиданд ва гоҳе ба дарбориёни турк низ бо лаҳни истеҳзоомез ин нисбат илқо шудааст. Дар мавриди дигар, халифаи Бағдод дар ҷавоби номаи Маҳмуд, ки аз додани лақабу унвон ба хони Мовароуннаҳр изҳори нигаронӣ карда буд, ӯро тасаллӣ дода менависад: «Хоқон камдониш аст ва турку нодон». Ҷойи дигар сухан аз иштироки дарбориёну сипоҳиён дар машварат меравад: «Вазир гуфт, агар ройи олӣ (яъне амир Масъуд – С.М.) бинад, ҳоҷиб Бактуғдӣ ва Бунасрро хонда ояд, …касе ки худованд бошад, аз аҳли силоҳу тозикон, то дар ин боб сухан гуфта ояд ва рой зада шавад».

Дар асари Байҳақӣ дар бораи тоҷиқӣ будани низоми давлатдории Ғазнавиён аз Туғрали Салҷуқӣ – муассиси давлати Салҷуқиён иқтибосе аҷиб оварда шудааст. Баъди тасарруфи Нишопур (дар тобистони соли 1038) туркманҳо, ки на мактаб дида буданду, на аз адабу фарҳанг баҳрае доштанд, дар шаҳрҳо берасмӣ карда, назму оромишро барҳам заданд. Авзоъи дарбори Салҷуқиёни тоза ба даврон расидаро Байҳақӣ чунин тасвир мекунад: «Ва надошт нуре боргоҳ ва муште авбош дар ҳам шуда буданду тартибе на; ва ҳар кас, ки мехост густохӣ мекарду бо Туғрал сухан мегуфт». Бо ин ҳол, тамоми ашрофи шаҳр ба пешвози амири нав мебароянд, магар бонуфузтарин руҳонии шаҳр Қозӣ Соъид, ки ба султон илтифоте намекунад. Бо исрори Туғрал, Қозӣ Соъид ба дидани ӯ омада, вайро насиҳат ва ба адлу дод даъват менамояд ва тариқи писандидаи ҳукмрониро пешниҳод карда, Салҷуқиёнро ба андеша дар бораи охират ва сазои амал ҳушдор медиҳад: «аз Эзид, азза зикруҳу, битарсу дод деҳ ва сухани ситамрасидагону дармондагон бишнаву яла макун. Лашкар ситам кунанд, ки бедодӣ шум бошад». Туғрал, ки намояндаи қавми чодарнишини салҷуқӣ буд, хислатҳои барбарии салҷуқиёнро пинҳон надошта, расму таомули аҳолии муқимнишини Хуросонро меписандад ва иброз медорад: «Бад-он чи гуфтӣ, кор кунам ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тозикон надонем».

Худкомагӣ ва истибдоди Масъуди ғазнавӣ боиси сар задани ихтилофи фаровони дарбориёни ӯ гардид. Ӯ бештари хислатҳои номатлуби падарро ба мерос дошт. Зиддияти «падариён» ва «писариён» (тарафдорони Маҳмуд ва Масъуд) авҷ гирифт ва боиси хуруҷи нафрату кинатӯзӣ гашт. Ҳар кас бештар мехост бо султон наздик шавад ва рақиби хешро гӯшмол диҳад. Дар ин самт тоҷикон хеле фаъол буданд ва тавре аз навиштаҳои Байҳақӣ мушоҳида мешавад, хушомаду чоплусӣ миёни ашрофи тоҷик авҷ мегирад. Дар бораи яке аз чунин ашхос Байҳақӣ ин тавр қисса мекунад: «Булҳасани Абдуҷалил хилвате кард бо амир (Масъуд – С.М.) ва гуфт: «Мо, тозикон аспу уштури зиёдатӣ дорем, бисёр ва амир ҷиҳати лашкари омада ба зиёдат ҳоҷатманд аст ва ҳама аз неъмату давлати вай сохтаем. Нусхате бояд кард ва бар номи ҳар касе чизе набишт. Ва ғараз дар ин на хидмат буд, балки хост бар номи устодам Бунаср чизе гӯяд … ва амир бар вай дилгаронтар кунад. Амирро ин сухан номувофиқ наёмад. Ва Булҳасан ба хати хеш нусхате набишт ва ҳама аъёни тозикро дар он даровард ва он арз карданд. Ва ҳар кас гуфт: фармонбурдорам» (2, ).

Чунин нобоварӣ ва ҳасодату интиқомҷӯӣ дар тӯли таърих дар нисбати тоҷикон борҳо такрор ва мӯҷиби нобудӣ ва сарсонии онон гардидааст. Ҳамчунин, бегонапарварӣ ва ихтилоф байни худи тоҷикон низ муҷиби дигар бадбахтиҳо, аз ҷумла шикасти давлати мутамаркази ин халқ будааст. Дар бисёр таълифоти ба дасти худиҳову бегонаҳо эҷод шуда ҳатто ин сухан омадааст, ки «дар байни эшон (тоҷикон-С.М.) умаро вуҷуд надоранд».

Дар китоби «Осор-ул-вузаро» баъзе аз қисматҳои нобудшудаи осори Байҳақӣ бар ҷой монда, ки баёнгари ҷойгоҳи ин асари нотакрор дар асрҳои баъдӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани он мебошад. Аз ҷумла як далели ҷолибро муаллифи китоб Сайфиддини Уқайлӣ аз Байҳақӣ оварда, ки аз дасисаву иғвогариҳои тоҷикони дарбори Султон Маҳмуд нақл мекунад. Маҳмуд аз ин рафтор ба сутуҳ омада фарёд мекунад, ки: «Абулҳусайни Уқайлиро бихонед, то мушриф бошад, ки ин тоҷикон ҳама як бошанд ва муҳобо кунанд дар пайғоме, ки диҳам эшонро» (9, 170).

Чун ин асар ба асри XY тааллуқ дорад, калимаи «тозик» ба шакли «тоҷик» омада, ки хосси ин замон буд.

Идома дорад…

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ масъулияти ҳамла ба манзили Натонёҳуро бар ӯҳда гирифт
Ҷойгоҳи зан дар сираи Паёмбари Акрам(с)

Матолиби пурбоздид