Тарозу

Адаб

Тарозу

Азиз Сангин

Ман ба ростии гуфтори оне, ки ҳамзамон бо изҳори дилбастагӣ ба ватанаш, ватани дигаронро таҳқир мекунад, шакк дорам. Дурӯғ мегӯяд.

Ман ба ростии имони оне, ки бо нописандӣ ва кам дидани боварҳои дигарон мехоҳад шоистагӣ ва бартарии дину мазҳаби худро ба намоиш гузорад, шакк дорам. Дурӯғ мегӯяд.

Ман ба инсоният ва инсофи оне, ки фоҷиа ва бадбахтии як миллатро бо баҳонаи “дар фикри мардуми худ бошем”, ба масхара мекашад, шакк дорам. Дурӯғ мегӯяд, ҳаргиз дар фикри мардуми худ нест.

Чаро ба ин ҳама шакк дорам? Зеро инҳо бо асли табиат ва сиришти ИНСОН БУДАН носозгоранд, дар тазоданд. ХАЙР, ИНСОФ, АДОЛАТ, РОСТӢ ВА МЕҲР дар сиришти инсон ниҳодина шудаанд. Ва ҳар гоҳ, ин бофти табиӣ зери фишори омилҳое берунӣ осеб дид, дигардесие ба андозаи он осеби ворида, дар матоъи дарунмояи инсон рақам мехурад, мувозинаи зотӣ ва оғозини тарозуи ботини ӯро халалдор месозад ва ба самти хилофи арзишҳои азалию сириштӣ майл медиҳад.

Ед доред, достони “Ҳилол пиндоштани он пир мӯи худро дар мукобили чашм” аз дафтари дувуми “Маснавӣ”-и Мавлавӣ? Як мӯи каж боиси каждоварӣ дар низоми коинот шуд. Агар ҳама аҷзои мо инсонҳо каж шуд, метавонед он ҳачму андозаи каждовариҳоро тасаввур кунед?

Мӯи каж чун пардаи гардун бувад,

Гар ҳама аҷзо-т каж шуд, чун бувад?

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хокиёнро баҳр нагзорад дарун
Ҳизбуллоҳ шаҳодати Сайид Ҳошим Сафиюддинро таъйид кард

Матолиби пурбоздид