“Ба ҷавонмардӣ кӯш”

Адаб

“Ба ҷавонмардӣ кӯш”

Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ

Якеро аз мулуки аҷам ҳикоят кунанд, ки дасти татовул ба моли раият дароз карда буду ҷавру азият оғоз карда то ба ҷое, ки халқ аз макоиди феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои вилоят нуқсон пазируфт ва хазона туҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.

Ҳар ки фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад

Гӯ дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш

Бандаи ҳалқабагӯш ар нанавозӣ биравад

Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш.

Боре ба маҷлиси ӯ, дар китоби Шоҳнома ҳамехонданд, “Дар заволи мамлакати Заҳҳоку аҳди Фаридун”.

Вазир маликро пурсид: Ҳеч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?

Гуфт: Он чунон ки шунидӣ, халқе бар ӯ, ба таассуб гирд омаданду тақвият карданд ва подшоҳӣ ёфт.

Гуфт: Эй малик, чу гирд омадани халқе муҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ; магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ

Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ.

Малик гуфт: Муҷиби гирд омадани сипоҳу раият чӣ бошад?

Гуфт: Подшаҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳарду нест.

Накунад ҷаврпеша султонӣ

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд

Пойдевори мулки хеш биканд.

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дарҳам кашиду ба зиндонаш фиристод. Басе барнаёмад, ки банӣ амми султон ба мунозиат хостанд ва мулки падар хостанд, қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданду парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафту бар онон муқаррар шуд.

Пошоҳе к-ӯ раво дорад, ситам бар зердаст

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровараст

Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкараст.

***   ***   ***

Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Киев ва чанд шаҳри дигар зери мушакборони Русия
Тоҷикистон ба дигар кишварҳо таҷҳизоти низомӣ ирсол намекунад

Матолиби пурбоздид