Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон

Таҳлили хабарӣ

Таҳлили Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм, дар бораи ҳамлаи имрӯзи Исроил ба Эрон

Абдулборӣ Атвон аз ҳамлаи субҳи имрӯз (шанбе)-и Исроил ба Эрон ба “намоиши масхара” таъбир кард ва гуфт: “Натонёҳу мегуфт, ки таъсисоти ҳастаӣ ва чоҳҳои нафти Эронро нобуд мекунад ва Эронро ба асри ҳаҷар бозмегардонад, аммо пас аз ҳамла, ин кӯҳ об шуд ва як муши кучак аз он сар баровард.”

Атвон бо ишора ба ин ки Натонёҳу муддаъӣ шуд, ки “бо истифода аз 100 паҳподи родоргурез ба Эрон ҳамла кардем ва бисёре аз корхонаҳои тавлиди мушак ва паҳподро нобуд кардем”, изҳор кард: “Натонёҳу дурӯғгӯст, ӯ фикр мекунад, эрониҳо, мардуми Ғазза, яманиҳо ва лубнониҳо монанди арабҳое ҳастанд, ки равобити худро бо Исроил оддӣ кардаанд. Онҳо медонанд бо Натонёҳу чӣ тавр рафтор кунанд.”

Вай идома дод: “Оё ин сухани Натонёҳу, ки мегӯяд, 100 ҷангандаи родоргурез барои бомбборони Эрон ирсол кард, маъқул аст, дар ҳоле, ки ҳама чиз дар Эрон оддӣ буд? Ҳатто эрониҳо рӯйи пушти бомҳо рафтанд, то ҷангандаҳоро бибинанд. Ҳама ҳарфҳои исроилиҳо дар ин хусус ҳарфҳои тухолӣ аст. Ин як намоиши масхараи Исроил буд ва боздорандагии Исроил ба пойинтарин сатҳи худ расидааст.”

Сардабири Раъюл-явм хотирнишон кард: “Мо бо дурӯғе ба номи Исроил ва қудрати он рӯбарӯ ҳастем. Мо бо дурӯғе зиндагӣ мекунем, ки арабҳое ҳастанд, ки равобити худро бо Исроил оддӣ кардаанд. Инҳо арабҳое ҳастанд, ки ҳеч ғурур ва иззати нафсе надоранд. Ин артишҳои бекори араб ҳастанд, ки коре намекунанд ва далели он ҳам Исроил аст.”

Вай идома дод: “Ин ҳамон Исроиле аст, ки мебинем. Алъон мухолифони Исроил ва ҳатто вафодорони исроилӣ доранд Натонёҳуро масхара мекунанд. Исроил ва Натонёҳу расво шудааст. Ӯ ҳатто ба тунеле дар зерзамин фирор кард.”

Атвон бо ишора ба ин ки бар фарз, ки 100 ҷангандам родоргурез саҳеҳ аст, тасреҳ кард: “Исроил акнун мехоҳад аз бунбасти бисёр хатарнок хориҷ шавад. На боздорандагӣ дорад, на амният дорад, на обрӯи байналмилалӣ дорад. На амнияти дохилӣ ва иқтисод дорад ва ҳеч чиз надорад ва мехоҳад аз ин муъзал хориҷ шавад. Руҳияи онҳо ба шиддат пойин омада ва ҳамаи сомонаҳои дифоъияшон шикаст хӯрдааст. Исроил акнун бидуни сомонаи дифоъӣ шудааст ва ҳамаи мушакҳо аз Яман ва Эрон ва Лубнон ва Ироқ бидуни ҳеч гуна раҳгирӣ ба аҳдофи худ мерасанд.”

Вай бо баёни ин ки аввалин бор аст, ки Исроил эътироф мекунад, ки барои ҳамла ба Эрон ҷангандаҳоеро эъзом кардааст, афзуд: “Эрон акнун ба марҳилаи дифоъ аз хештан расидааст ва ҳамаи қавонини машрӯъи заминӣ ва осмонии тавлиди силоҳ барои дифоъ аз худро ҷоиз медонанд. Чунин вазъияте акнун бар Эрон мунтабиқ аст ва баъид намедонем, ки баъд аз ин таҷовузи Исроил, фатвои расмии таҳияи силоҳи ҳастаӣ содир шавад. Ман ба онҳо мегӯям, ки ин як фурсати таърихӣ барои онҳост.”

Атвон хотирнишон кард: “Нуктаи дигаре, ки бояд ба он ишора кунам ин аст, ки Эрон таҳдид кардааст, ки ҳар гуна таҷовузи густардаи Исроилро бо ҳазор мушаки мофавқи савт посух хоҳад дод. Оё Исроил дар он сурат тоби ҳазор мушакро, ки дар чаҳордаҳ дақиқа ба он мерасад, дорад? Онҳо тоби 100 мушакро надоранд, чӣ бирасад ба ҳазор мушак! Исроил акнун дар як ҷанги фарсоишии густарда ва бузург ба сар мебарад ва наметавонад ҳамалоти мушакии густардаи Эронро таҳаммул кунад. Онҳо фақат метавонанд ба мардуми фақир дар Ғазза ҳамла кунанд. Акнун исроилиҳо ба дунболи таваққуфи ҷанг дар Лубнон ва Ғазза ҳастанд. Онҳо фикр мекарданд, таҷовуз ба Лубнон ва Ғазза бисёр осон аст ва ҳазинае барои онҳо надорад, дар ҳоле, ки мебинем нерӯҳои исроилӣ дар ҷабҳаи Ғазза ва Лубнон яке пас аз дигаре кушта ва захмӣ мешаванд ва тавассути болгардҳо ба бемористонҳо мунтақил мешаванд. На мардуми Фаластин ва на мардуми Лубнон сар фуруд наовардаанд ва таслим нашудаанд. Исроилиҳо 10 метр ҳам дар ҷануби Лубнон пешравӣ накарданд ва ҳар рӯз қурбонӣ медиҳанд ва акнун мехоҳанд аз ҷануби Лубнон фирор кунанд ва умедворанд, ки мақомоти омрикоӣ битавонанд онҳоро аз ин муъзал хориҷ кунанд. Исроил дар масири поён қарор дорад ва пирӯзӣ акнун барои арабҳо ва мусалмонон аст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иттилоияи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи ҳамлаи Исроил
Илтимоси Исроил барои посух надодани Эрон

Матолиби пурбоздид