Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ – III

Таҳлили хабарӣ

Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ

Бахши севвум

Таҳлил

Рӯшанфикрон ва демукросӣ

Фарҳод Каснов, таҳлилгари сиёсӣ, бар мушкилоти низоми сиёсӣ дар Қазоқистон таъкид кард. Ба гуфтаи вай, номи қавмии “қазоқ” метавонад ба чанд маъно табдил шавад, ки пас аз демукросисозии равобити иҷтимоӣ ва сиёсӣ, яко-яки шаҳрвандонро муттаҳид мекунад.

“Масъалаи низоми демукротик ва ихтиёри қудрат нақши муҳимме дар огоҳӣ аз масъулияти худ дар баробари ояндаи кишвар дорад. Чӣ теъдод аз шаҳрвандон аз намояндагоне, ки ҳофизи манофеи онҳо ҳастанд, мутталеъ ҳастанд? Оё метавонем бо намояндае, ки ба ӯ раъй додаем, тамос бигирем то аз бархе мушкилот шикоят кунем? Агар онро надошта бошем, сатҳи эътимод ба мақомот бисёр поин меояд. Демукросӣ ба огоҳии маданӣ кумак мекунад, огоҳии маданиро тавсиа медиҳад”.

Ҷомеашинос Ест Есангараев мегӯяд, метавон миллиардҳо доллар ба барномаҳои давлатии миллатсозӣ ихтисос дод ва роҳбурдҳои бисёреро метавон пешнавис кард, аммо ҳама чиз ба манобеъ марбут мешавад. Ва ин фақат ба нависандагони он барномаҳо нест.

“Ба унвони касоне, ки ҳисси моро месозанд, гурӯҳҳои рӯшанфикр ва нухбагони ҷомеа ҳатто наметавонанд эҳсосоти ҷадиде эҷод кунанд, ҳамаи барномаҳо яксон ва мисли ҳам (такрорӣ) ба поён хоҳанд расид. Ва ин саволро на барои мақомот, балки барои рӯшанфикрон ва нухбагони ҷомеаи мо эҷод мекунад, ки мутаассифона он қадар, ки лозим аст, барои тағйири ҷомеаи мо муваллид нестанд”.

Ба гуфтаи ин коршинос, рушди фикрӣ тарҷеҳе барои иқтидор нест. Қудрат мавзӯи нуфузи рӯшанфикрон аст. Аммо мушкил ин аст, ки тафаккури иҷтимоӣ-инсонӣ дар Қазоқистон тавсиа наёфтааст. Ин мавзӯъ аз модернизатсияи комили ҷомеа пешгирӣ мекунад. Ба гуфтаи Есангараев дархости мақомот барои тағйир ба шаҳрвандон кумак намекунад, ки барои паспорт ва кишвари худ арзиш қоил шаванд.

Ба гуфтаи Есангараев “Ба лутфи ин воқеият, ки кишварҳои болтик дар ҳошия воқеъ шудаанд, дар айни ҳол ҷузъе аз Аврупо шуданд ва афроде, ки мехоҳанд забони литвонӣ, эстонӣ ё латвияиро ёд бигиранд, бештар аз соири ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳастанд. Русзабонҳо аз ҷумла русҳои қавмӣ, агар бихоҳанд дар кишварҳои балтик зиндагӣ кунанд, барои ёдгирии забонҳои кишварҳояшон нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар Қазоқистон ё Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, ангезаи бештаре доранд. Бинобар ин, ин савол дар мавриди этибори фарҳангии ҳар забоне вуҷуд дорад, ки миҳанпарастон аз ҷумла рӯшанфикрони қазоқ чӣ қадар метавонанд дар афзоиши ин потенсиал мушорикат дошта бошанд. Бештари вақтҳо маълум мешавад, ки онҳо чандон тавоно нестанд”.

Ба гуфтаи вай, аз ворид намудани фишори беш аз ҳад бар бахши маданӣ ва низ корофаринон бояд даст нигаҳ дошт.  Ҷомеаи мадании қавӣ аз назари миллатсозӣ бисёр муҳимтар аст.

Ин коршинос мегӯяд: “Набояд зиндагиро барои машоғил печида кунем, набояд касонеро, ки родикол ва тундрав нестанд, сокит кунем (ва маҳдуд кунем)”. Мо бояд заминаи иҷтимоӣ дошта бошем, ки на танҳо аз тариқи хиёбон, балки аз тариқи қудрати нарм бар қудрат таъсир мегузорад”.

Боризтарин намунаи рушди огоҳии маданӣ, ки мавриди ғибтаи Қазоқистон аст, Украина аст. Аммо қимати ин натиҷа барои ҳар кишваре бисёр болост. Раиси ҷумҳур Тоқаев гузориши таҳлилӣ дар мавриди раванди феълии миллатсозиро то поёни соли ҷорӣ дарёфт хоҳад кард. Интизор меравад, стротежии ҷадид бар асоси тавсияҳои ироашуда тавассути ҷомеаи мутахассис бошад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикони зиндонӣ дар Русияро ба ҷанги Украина мебаранд
Чанд нукта аз Луқмони Ҳаким

Матолиби пурбоздид