Вил Дурон дар бораи Қуръон ва Ислом

Таърих

Вил Дурон дар бораи Қуръон ва Ислом

Вил Дурон (William Durant), файласуф ва таърихнигори номии омрикоӣ ва нависандаи китоби гаронмояи “Таърихи тамаддун” дар ҳамин китоб менависад:

“Дар Қуръон қонун ва ахлоқ якест. Рафтори динӣ дар Қуръон шомили рафтори дунявӣ ҳам мешавад ва ҳамаи умури он аз ҷониби Худованд ва ба тариқи ваҳй омадааст. Қуръон дар ҷонҳои содда ақоиде осон ва дур аз ибҳом падид меоварад, ки аз русум ва ташрифоти нораво ва аз қайди бутпарастӣ ва коҳинӣ озод аст.

Вил Дурон (William Durant), файласуф ва таърихнигори номии омрикоӣ ва нависандаи китоби гаронмояи “Таърихи тамаддун”

Қуръон усули назми ҷамъӣ ва ваҳдати иҷтимоиро дар байни мусалмонон устувор кардааст…

Қуръон шомили муқаррароте аст, ки дарбаргирандаи: адаб, тандурустӣ, издивоҷ, талоқ, рафтор бо фарзандон ва ҳайвонот ва бардагон, тиҷорат, сиёсат, рибо, дайн, ъуқуд, васоё, умури саноат, мол, ҷанг ва сулҳ ва … аст…

Ин китоби осмонӣ ахлоқ ва фарҳанги мусалмононро ба баракати хеш тараққӣ бахшид ва усули назми иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷамъиро дар миёни онҳо устувор кард….

Ба илова, ба пайравии муқаррароти беҳдошт тарғибашон кард. Ақлҳояшонро аз бисёре авҳомҳо ва хурофот ва аз зулму хушунат раҳоӣ дод. Мардуми забунро аз ҳурмат ва иззати нафс бархӯрдор кард. Ва дар ҷомеаи мусалмонон эътидол ва тақвое ба вуҷуд овард, ки дар ҳеч як аз манотиқи ҷаҳон, ки қаламрави инсони сафедпӯст буда, назир надоштааст…

Қуръон ба мардум таълим дод, ки бидуни шикоят ва малолат, бо мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ шаванд, маҳдудиятҳои онро таҳаммул кунанд. Дар айни ҳол, онҳоро ба тавсиъа ва пешрафте барангехт, ки аз аҷоиби таърих буд…”

(Таърихи тамаддун, Асри имон, с.78, тарҷумаи форсӣ)

* * *

Ва ҳам ӯ дар ҳамин бахш аз ин китоб (бахши “Асри имон”) мегӯяд, дар ҳоле ки мо (урупоиҳо) ғарқи дар хурофа ва ҷаҳолат ва торикӣ ба сар мебурдем, мусалмонон бо фароҳам сохтани фазое комилан озод дар ҷавомеи худ, “дарси озодӣ ва озод буданро барои башарият меомӯхтанд”.

Озодие, ки дар садри ислом дар ҷомеаҳои исломӣ ҳукмфармо буда, таърих назири онро ҳатто то ба имрӯз надида. Маъмун, халифаи аббосӣ, маҷолиси илмӣ бо ширкати уламо ва донишмандони адёни мухталиф баргузор мекард ва боризтарин донишмандони адён аз ислом, масеҳият, яҳудӣ, зартуштӣ, собеӣ ва ҳатто занодиқа (атеистҳо) дар он ҳузур меёфтанд, ва дар як фазои комилан озод ҳар як дидгоҳ ва назароти худро иброз медоштанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарвари занони аҳли биҳишт
Саргузашти босмачиҳо – XII

Матолиби пурбоздид