Reuters: Мақоми Омрикоӣ: “Аз Қатар хостем, ки раҳбарони Ҳамосро ихроҷ кунад”
Ахбори байналмилал
Як мақоми баландпояи омрикоӣ ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки пас аз ноком шудани музокирот бо Ҳамос барои озодии гаравгонҳои исроилӣ, ба давлати Қатар эълом кардем, ки дигар ҳузури раҳбарони Ҳамос дар Дуҳа қобили қабул нест.
Вай, дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ, бо такрори иддаои масъулони Иёлоти Муттаҳида дар терурист хондани ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос гуфт, ки дигар набояд раҳбарони Ҳамос дар маркази ҳеч як аз шарикони Вошингтун ҳузур дошта бошанд.
Вай дар идома афзуд, ки ин масъаларо ҳафтаҳо пеш ва пас аз он ки Ҳамос охирин пешниҳоди Омрикоро барои озодии гаравгонҳо қабул накард, ба Қатар гуфтем.
Қаламонлайн